Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

Трамп ва ҳамсараш мубталои коронавирус шуданд


02.10.2020 09:42

: 145

Президенти ИМА Доналд Трамп ва ҳамсари ӯ Мелания мубталои коронавирус шудаанд. Дар ин бора худи Трамп дар Твиттер навишт:

“Мо фавран ба карантин гузашта, раванди барқароршударо оғоз мекунем. Мо инро ҳамроҳ хоҳем гузашт”, - навишт ӯ.

Тибиби президент Шон Конли вазъи Трамп ва ҳамсарашро мӯътадил арзёбӣ кардааст.

Чанд соат қабл аз ин Трамп эълом дошт, ки ӯ ва ҳамсараш ба режими худинзиво мегузаранд, зеро ташхсиси мушовираш Ҳоуп Ҳикс ба коронавирус мусбат баромад.

Дар бораи мубталошавии Ҳикс ба COVID-19 қаблан Bloomberg бо истинод ба манбаъҳо аз Кохи сафед хабар дода буд. Ҳикс рӯзи сешанбе Трампро дар як мубоҳиса дар Кливленд ва рӯзи чаҳоршанбе дар як ҳамоише дар Миннесота ҳамроҳӣ дошт.


Комментарии для сайта Cackle