Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

Муноқиша дар Қарабоғи Кӯҳӣ: даҳҳо нафар кушта шудаанд


28.09.2020 09:56

: 119

Дар муноқишаи мусаллаҳонаи неруҳои низомии Арманистон ва Озарбойҷон дар Қарабоғи Кӯҳӣ дар шаби 27 сентябр аз ду тараф даҳҳо нафар куштаву садҳои дигар сокинони осоишта ҷароҳат бардоштаанд. Мақомоти ҳарду кишвар ин маълумотро тасдиқ кардаанд.

“Тибқи маълумоти пешакӣ, аз ҷониби Арманистон 16 сарбоз кушта ва беш аз 100 нафар захмӣ шуданд”, - маълумот дод хадамоти матбуотии вазорати дифоъи Арманистон бо такя ба маълумоти муовини вазири дифоъи Қарабоғи эътирофнашуда Артур Саркисян.

Прокуратураи генералии Озарбойҷон аз 19 сокини осебдида дар натиҷаи тирборон кардани ҷониби Арманистон хабар дод:

“Теъдоди қурбониёни мулкӣ дар ҳоли ҳозир 19 нафарро ташкил медиҳад. Онҳо дар беморхонаҳо ҷойгир карда шуданд”, - гуфта шудааст дар хабар. Панҷ нафар кушта шудаанд.

Баъдтар вазорати мудофиаи Арманистон аз кушта шудани тақрибан 200 низомии Озарбойҷон хабар дод:

“Тибқи маълумоти мо, тақрибан 200 низомии Озарбойҷон кушта, 30 мошини зиреҳпӯш ва 20 ҳавопаймои бесарнишин нобуд карда шуданд”, - гуфт намояндаи Вазорати мудофиаи Арманистон Артрун Оганесян.

Дар сар задани ин муноқиша дар минтақаи баҳсии вилояти Қарабоғи Кӯҳӣ Арманистон ва Озарбойҷон ҳамдигарро гунаҳкор карданд. Сарвазири Арманистон Никол Пашиниян гуфт, Озарбойҷон ба Қарабоғи Кӯҳӣ, ба маҳалҳои аксаран арманнишин ҳамлаи ҳавоӣ анҷом додааст. Мақомоти Озарбойҷон гуфтанд, ки дар посух ба тирандозии нерӯҳои арманӣ дар “хатти тамос” амалиётро оғоз карданд.

Дар ҳамин ҳол, Дабири кулли СММ Антонио Гутерриш изҳор дошт, ки аз амалиёти ҷангӣ дар хатти тамос дар минтақаи низои Қарабоғи Кӯҳӣ шадидан нигарон аст. Вай истифодаи зӯровариро маҳкум ва аз кушта шудани одамон ва оқибатҳои ин рӯйдодҳо барои мардуми осоишта изҳори таассуф кард:

“Дабири кулли СММ ҷонибҳоро даъват мекунад, ки амалиёти ҷангиро фавран хотима диҳанд, танишҳоро коҳиш диҳанд ва фавран ба музокироти созанда баргарданд”, - гуфт сухангӯи СММ аз номи Гутерриш.

Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Шӯрои Аврупо ва НАТО низ ҷонибҳои муноқишаро даъват кардаанд, ки муноқишаро қатъ ва музокиротро оғоз кунанд. Дар ҳарду кишвар вазъи ҳарбӣ ҷорӣ карда шудааст.


Комментарии для сайта Cackle