Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

“Мо илоҷи дигар надорем”


28.09.2020 09:49

: 124

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерриш гуфт, вируси COVID-19 барои он аз назорат берун шуд, ки ҷаҳон барои нишон додани ҳамбастагӣ ва ҳамкорӣ омода набуд. Вай дар ҷаласаи Шӯрои Амният таъкид кард, ки имрӯз ба равишҳои навоварона дар мудирияти ҷаҳонӣ ва дипломатияи бисёрсамта беш аз пеш ниёз ба вуҷуд омадааст. Ба гуфтаи ӯ, бояд ба мудирияти ҷаҳон намояндагони бахши хусусӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҷавонон ва занон ҷалб карда шаванд:

“Вируси микроскопӣ ҳоло барои тамоми ҷаҳон таҳдиди рақами як шудааст. Пандемияи COVID-19, ки худ як буҳрони саросар аст, танишҳои ҷиддии геополитикӣ ва дигар таҳдидҳои ҷаҳониро ба думбол дорад, ки оқибатҳои пешгӯинашаванда ва хатарнок доранд”, - гуфт Гутерриш дар нишасти Шӯрои Амният оид ба идоракунии ҷаҳон дар давраи баъд аз COVID-19.

“Пандемия як санҷиши самаранокии ҳамкориҳои байналмилалӣ - озмоише гардид, ки мо онро нагузаштаем. Дар саросари ҷаҳон, он қариб як миллион нафарро куштааст ва зиёда аз 30 миллион нафарро сироят кардааст. Вирус аз назорат берун аст. Ин аз он сабаб рух дод, ки ҷаҳон ба нишон додани ҳамкорӣ, ваҳдат ва ҳамбастагӣ омода набуд”, - хулоса кардааст Гутерриш.

Ба гуфтаи ӯ, пандемия нишон дод, ки механизмҳои байналмилалӣ ба таври бояду шояд кор намекунанд ва дар сурати таконҳои фалокатовари бештар чунин парокандагӣ оқибатҳои боз ҳам ҷиддитар хоҳад овард.

“Пандемия беэътиноӣ дар системаи бисёрҷонибаи моро нишон дод: кишварҳо дар самтҳои гуногун амал мекунанд ва вирус ба ҳама самтҳо паҳн мешавад”, - гуфт Дабири кулли СММ. Вай даъват кард, ки дар оянда ба чунин хатоҳо роҳ надиҳем ва дар таҳия ва паҳн кардани ваксина, ки ба қавли ӯ, бояд “моли ҷамъиятии ҷаҳон ва ба ҳама дастрас бошад”, муносибати оқилона ва баробарҳуқуқ намоем.

Гутерриш қайд кард, ки имрӯз ҷаҳон биополярӣ ё якқутбӣ шуданро қатъ кардааст, аммо он ҳанӯз бисёрқутба нашудааст. COVID-19, ба гуфтаи ӯ, нишон дод, ки чунин номуайянӣ боиси нобоварӣ ба муассисаҳои идоракунӣ, аз ҷумла муассисаҳои байналмилалӣ мегардад:

“Мо илоҷи дигар надорем. Ё мо дар муассисаҳои ҷаҳоние, ки ба ҳадафҳои гузошташуда мувофиқат мекунанд, муттаҳид хоҳем шуд, ё ба ихтилофот ва бетартибӣ дучор хоҳем гардид”, - ҳушдор дод Гутерриш.

Ин изҳороти Дабири кулли СММ дар ҳоле садо дод, ки ба гуфтаи мутахассисони тиб, дар ин шабу рӯз кишварҳои ҷаҳон мавҷи дуввуми пандемияи COVID-19-ро мегузаронанд. Суръатафзоии сироятёбӣ боиси бозгашт ба маҳдудиятҳои сахт шудааст. Вобаста ба ин Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ҳам ҳушдор дод, ки ҳукуматҳои тамоми ҷаҳон бояд ба ҷорӣ кардани карантини шадид омода бошанд, то аз афзоиши шумори фавти одамон аз коронавирус ҷилавгирӣ кунанд.

Охиир ҳафтаи сипаришуда роҳбари барномаи фавқулодаи соҳаи тандурустии СҶТ Майк Райан гуфт, агар чораҳои фаврӣ андешида нашаванд, эҳтимолан шумораи қурбониёни ин беморӣ ба зудӣ ба ду миллион нафар мерасад.

Ба гуфтаи ӯ, агар ваксинаи муассир пайдо шавад ҳам, он  пеши роҳи фавти барзиёди одамон аз коронавирусро гирифта наметавонад.


Комментарии для сайта Cackle