Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

Ҳушдори СҶТ аз хуруҷи бемориҳои нави хатарнок


24.09.2020 11:44

: 238

Роҳбари Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Гебрейесус аз эҳтимолияти хуруҷи бемориҳои хатарнок ҳушдор дод ва даъват кард, ки ба онҳо дар якҷоягӣ бояд омода шуд:

“Мо аниқ медонем, ки дар оянда вирусҳои нав ва ба ном бемории “X” пайдо хоҳанд шуд”, - гуфт ӯ охири ҳафтаи сипаришуда дар як нишасти матбуотӣ дар Женева.

Ба гуфтаи ӯ, ҳоло ҷомеаи ҷаҳонӣ воситаҳои зарурӣ барои пешгирӣ ва назорати хуруҷи нави бемориҳоро дорад.

Тедрос аз муваффақияти Тайланд ёдовар шуд, ки дар он ҷо мақомот ва ҷомеа бар асоси таҷрибаи мубориза бо вирусҳои SARS ва H5N1 тавонистанд, интиқоли COVID-19-ро зуд ва муассир пешгирӣ ва қатъ кунанд.

Ба гуфтаи роҳбари СҶТ, коронавирус ҷомеаи ҷаҳонро ба даҳшат овард, ҳарчанд ин аввалин хуруҷи бемории хатарнок дар ин аср нест. Вай ба бемориҳое чун Зика ва Эбола ишора кард:

“Ҳамин гуна ҳолат ҳар дафъа рӯй медиҳад - вақте ки хуруҷи беморӣ авҷ мегирад, барои мубориза бо он пули зиёд сарф мешавад, аммо баъдан барои омодагӣ ба хуруҷи навбатӣ маблағи захиравӣ боқӣ намемонад”, - гуфт доктор Тедрос.

Вай хотиррасон кард, ки бемориҳои хатарноктарин дар асри 21 ба категорияи бемориҳои зоонотикӣ мансубанд, яъне ба одамон аз ҳайвонот сироят мекунанд. Ба ин гуруҳ, эҳтимолан COVID-19 ҳам шомил аст. Тахмин зада мешавад, ки интиқолдиҳандагони асосии он кӯршапаракҳо мебошанд, ки метавонанд вирусро тавассути ҳайвони дигар ба одамон интиқол диҳанд. Дар байни “миёнаравҳо” эҳтимолан панголинҳо ҳастанд.


Комментарии для сайта Cackle