Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

Дар маҳсулоти баҳрии Русия COVID-19 пайдо кардаанд


24.09.2020 11:35

: 188

Мақомоти Чин хабар доданд, ки дар маҳсулоти баҳрии аз Русия воридшуда COVID-19 пайдо карданд.

Дар ин бора Маркази назорат ва пешгирии бемориҳо дар музофоти Тсилин дар шимолу шарқи Чин хабар дод. Ба маълумоти Марказ, коронавирус дар бастаи маҳсулоти баҳрии яхкардашуда, ки аз Русия ворид карда шудааст, ошкор гардид.

Бино ба хабари агентии “Синхуа”, бастае, ки дар он коронавирус ёфт шуд, ҳангоми санҷиши маъмулӣ охири ҳафтаи гузашта дар Чанчун, маркази вилоят, муайян карда шуд.

Рӯзи шанбе Маркази маҳаллии назорат ва пешгирии бемориҳо натиҷаи пешакиро тасдиқ кард.

Пас аз ошкор шудани коронавирус мақомоти тиббии Чанчун ҳамаи одамонеро, ки бо бастаи дорои COVID-19 тамос гирифтаанд, пайгирӣ карда ва онҳоро таҳти назорати табибон гузоштаанд.

Ҳамзамон, хабар дода мешавад, ки 10 кило маҳсулоти баҳрии интиқолёфта ба шаҳри Фуюи ҳамон музофот паҳн шудааст. Мақомоти маҳаллии тандурустӣ рӯзи якшанбе аз сокиноне, ки эҳтимолан бо ин маҳсулот тамос гирифтаанд, хостаанд, ки ба мақомот хабар диҳанд ва аз ташхиси COVID-19 гузаранд.

Қабл аз ин, дар моҳҳои июл ва август гумруки Чин дар бастаҳои яхкардашудаи харчангҳои баҳрӣ, ки аз Эквадор ворид карда шуданд, нишонаҳои COVID-19-ро пайдо карда буд.


Комментарии для сайта Cackle