Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

Аз саноатикунонии босуръат то омодагӣ ба ҷашнҳо


18.03.2021 08:27

Количество просмотров: 57

17 март таҳти раёсати Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум доир гардид.

Вакилони иҷлосия нахуст вазъи иҷрои нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва барномаи давлатӣ дар соҳаи саноатикунонии босуръати Тоҷикистонро барои солҳои 2020-2025 баррасӣ намуданд.

Иҷлосия қарор кард, ки дар ҳамкорӣ бо мутахассисон қарори Раиси шаҳри Душанбе ва нақшаи чорабиниҳои онро вобаста ба “Барномаи саноатикунонии босуръати кишвар барои солҳои 2020-2025” дар кӯтоҳтарин муҳлат таҳия намуда, ҷиҳати расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ - саноаткунонии босуръати кишвар, бобати бунёди коргоҳу корхонаҳои нави истеҳсолӣ ва бо ин васила зиёд намудани ҷойҳои нави корӣ ва солимгардонии онҳо, бахусус корхонаҳое, ки қаблан хусусӣ гардонидашуда, вале аз фаъолият бозмондаанд, инчунин бобати зиёд намудани иқтидори истеҳсолии онҳо чораҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба масъулини соҳа дастур додааст, ки баҳри ривоҷи ҳунарҳои мардумӣ ва ба кори доимӣ ҷалб намудани занону духтарони хонашин, ҷиҳати тақвияти рушди содирот ва ҷараёни диверсификатсияи истеҳсолоти ба содирот нигаронидашуда, фароҳам овардани шароитҳо барои ташкили фаъолияти соҳибкории хурду миёна ва бо ин васила то охири сол зиёд намудани ҷойҳои нави корӣ ва ба стандартҳои байналмилалии сифат мутобиқат намудани маҳсулотҳое, ки аз ҷониби корхонаҳои саноатии шаҳр истеҳсол мешаванд, тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намоянд. Ҳамчунин, бо ҷалби сармоя ва соҳибкорони ватанӣ бобати ташкил намудани корхонаҳои хурду миёнаи истеҳсоли маҳсулоти дӯзандагӣ, хокаи ҷомашӯӣ ва собун, либоси мактабӣ, назорати воридот ва истеҳсоли обҳои ташнашикан, шиша, коркарди гиёҳҳои шифобахш, корхонаҳои ҳасиббарорӣ ва консерваҳои гӯштӣ ва бо мақсади баланд бардоштани иқтидори истеҳсолии корхонаҳои саноатии шаҳри Душанбе ва зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти баландсифат ва рақобатпазир бо корхонаҳои саноатие, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро коҳиш додаанд, корбарӣ намоянд.

Муовинони соҳавӣ вазифадор карда шудаанд, ки якҷо бо раисони ноҳияҳо ва сохторҳои дахлдори шаҳрӣ бобати ба истифода додани корхонаҳои истеҳсолии минтақаи саноатӣ, воқеъ дар кӯчаи Зебуниссо 5 ва барқарор намудани иқтидори истеҳсолии корхонаҳои дар ҳудуди ноҳияҳо фаъолияткунанда чораандешӣ намоянд.

Рустами Эмомалӣ таваҷҷуҳи масъулони соҳаро ба масъалаи баланд бардоштани суръати рушди соҳаҳои иқтисодиёт, сатҳи некуаҳволии аҳолӣ ва коҳишёбии сатҳи бекорӣ ҷалб намуда, талаб кардааст, ки истифодаи технологияи нав ва истеҳсоли молҳои рақобатпазирро дар корхонаҳо ба роҳ монда, афзоиши содироти ҳаҷми маҳсулоти дохилӣ ва кам кардани воридоти ҳаҷми маҳсулоти беруниро таъмин намоянд.

Дар идома ниҳодҳои марбутаи шаҳрдорӣ вазифадор карда шудаанд, ки бо мақсади истифодаи самараноки моликияти коммуналӣ ва ба иҷора супоридани масоҳатҳои озоди моликияти коммуналӣ, пурра таъмин намудани ҷамъоварии маблағҳои амволи фурӯхташуда ва иҷораи объектҳои моликияти коммуналии шаҳр, таъмини бақайдгирии пурра ва дурусти амвол, инчунин ҷорӣ намудани тартиби ягонаи ҳисоби бино ва иншоотҳое, ки аз ҳисоби ҳудудҳои ноҳияи Рӯдакӣ ба шаҳри Душанбе ворид шудаанд, чораандешӣ намоянд.

Илова ба ин, барои баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии манзилию коммуналӣ, барқарорсозӣ ва азнавсозии инфраструктураи муҳандисии коммуналӣ, азнавтаҷҳизонии техникии корхонаҳои коммуналӣ, инчунин ҷиҳати солимгардонии иқтисодии корхонаҳои партовкашонӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ, таъсиси корхонаҳои коркарди партовҳои истеҳсолӣ, пурра ба системаи биллингӣ гузаштан ва бартараф намудани қарздориҳо, инчунин пурра фаро гирифтани муштариён бо шартномабандӣ чораҳои амалӣ андешанд.

Ҳамчунин, бобати иҷрои пурраи консепсия ва ташкили ширкатҳои соҳибмулкони манзил, ба ин васила нигоҳубини дурусти биноҳо, такмил додани сохтори соҳаи манзилию коммуналӣ, махсусан дар маҳаллаҳои аз ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ воридшаванда, коҳиш додани қарзҳои соҳа, таъмини тозагии манзилҳо, биноҳои истиқоматӣ ва ҷӯйборҳо, хурраму сабзгардонӣ инчунин вусъат бахшидани корҳои ободонию сабзкорӣ, шинонидани гулҳои мавсимӣ дастуру супоришҳо дода шудааст.

Вобаста ба тағйир ёфтани сарҳади маъмурии шаҳри иҷлосия қарор кардааст, ки молу амволи дар ҳудуди 7659,25 гектар қитъаи замини бо тартиби муқарраргардида ба ҳудуди шаҳри Душанбе воридгардида моликияти коммуналӣ эътироф ва қабул карда шуда, истифодаи самараноки он таъмин карда шавад.

Роҳбарони соҳаҳои дахлдор ва сохторҳои марбута уҳдадор шудаанд, ки ҷиҳати бақайдгирӣ ва истифодаи самараноки моликияти коммуналӣ дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, иншоотҳои иҷтимоӣ, таъминоти оби нӯшокӣ, барқ, алоқа, нақлиёт ва ғайра тадбирҳои зарурӣ андешида, зимни таҳияи буҷети шаҳри Душанбе барои солҳои минбаъда, маълумоти оморӣ ва ҳисоботи давлатӣ тағйироти марбутаро ба инобат гиранд.

Раиси шаҳри Душанбе вобаста ба таҷлили сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва баргузории чорабиниҳои сиёсӣ дар шаҳри Душанбе муовини якум, муовинони раис ва раисони ноҳияҳоро вазифадор кардааст, ки мунтазам дар тамоми шаҳраку маҳалла, корхонаву муассисаҳои давлативу ҷамъиятӣ шанбегиҳо ташкил намуда, ҷиҳати таъмини тозагиву ободӣ, сарсабзиву хуррамӣ, тақвияти корҳои созандагиву бунёдкорӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ва сари вақт ба истифода додани иншоотҳои ҷашнӣ чораҳои зарурӣ андешанд.

Рустами Эмомалӣ изҳори боварӣ кардааст, ки сокинони пойтахт ҷашни бузурги миллӣ, 30-солагии истиқлолияти давлатиро бо корҳои азими созандагиву бунёдкорӣ, нерӯи тоза ва азму иродаи қавӣ баҳри пешрафт ва ободии имрӯзу фардои пойтахти давлати соҳибистиқлоламон истиқбол мегиранд.

Раиси шаҳри Душанбе ҳамчунин сокинони пойтахтро ба фарорасии Наврӯзи байналмилалӣ табрику таҳният гуфта, изҳор доштааст, ки иди Наврӯзи байналмилалӣ барои мо, тоҷикон, ҷашни азизу муқаддас ба шумор рафта, ин ҷашн дар масири таърих бо фазилату суннатҳои некаш дар ҳаёти маънавӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва эҳёи миллати куҳанбунёди тоҷик нақши бузург бозидааст. Ӯ изҳори боварӣ намудааст, ки сокинони пойтахт иди байналмилалии Наврӯзро бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил намуда, корҳои хуррамгардонӣ, тозаю озода кардани маҳаллаю кӯчаҳои худро вусъат мебахшанд.