Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

Таҷлили Рӯзи матбуоти тоҷик. Ҷоизадорон маълум шуданд


11.03.2021 12:48

Количество просмотров: 30

11 март дар Тоҷикистон Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил гардид. Дар маросиме, ки бахшида ба ин сана баргузор гардид, Иттифоқи журналистони Тоҷикистон барандагони Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутиро эълон намуд.

Ҳамчунин сармуҳаррири сол, журналисти сол, маҷаллаи сол, радиои сол, телевизиони сол, нашрияи сол эълон шуданд.

Имсол Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ба шаш нафар намояндагони воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон дар бахшҳои радио, телевизион ва матбуот дода шуд. Ҳамин тариқ, дар бахши матбуоти даврӣ Ноилшоҳ Нуралиев – сармуҳаррири нашрияи “Омӯзгор”, Ҳақназар Каримзода - рӯзноманигори нашрияи “Мароми пойтахт” ва Абдулвоҳид Оев - публитсист, дар бахши радио Худоёри Валӣ – директори радиои “Имрӯз”, дар бахши телевизион Муҳаммадраҷаб Ҳанафия - журналисти телевизиони Тоҷикистон сазовори ин ҷоиза шуданд.

Ҷоизаи ҷумҳуриявии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ соли 1968 таъсис ёфта, ҳар сол барои беҳтарин дастоварди рӯзноманигорӣ дар Рӯзи матбуот тақдим мегардад. Ҳадафи таъсиси Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ рушди дурнамои журналистикаи тоҷик ва баланд бардоштани маҳорати публисистӣ ва касбии рӯзноманигорони кишвар мебошад.

Ҳамчунин, ба ифтихори Рӯзи матбуоти тоҷик қариб сад нафар кормандони воситаҳои ахбори омма ва табъу нашри Тоҷикистон бо нишонҳои “Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон” сарфароз гардиданд. Мукофоту ифтихорнома ва дигар ҷоизаҳоро мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Масрур Абдуллозода, Вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Зулфия Давлатзода ва Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатуллоҳ Исмоилзода супориданд.

Сармуҳаррири рӯзномаи парламентии “Садои мардум” Самариддин Асоев – “Сардабири сол”, хабарнигори телевизиони “Тоҷикистон” Фатҳиддин Замон –“Журналисти сол”, “Бонувони Тоҷикистон” — “Маҷаллаи сол”, телевизиони “Варзиш” — “Телевизиони сол”, радиои “Тоҷикистон” – “Радиои сол”, нашрияи Кумитаи ҳифзи муҳити зист “Инсон ва табиат” — “Нашрияи соҳавии сол”, маҷаллаи Вазорати молия “Молия ва ҳисобдорӣ” — “Маҷаллаи соҳавии сол”, нашрияи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон “Адабиёт ва санъат” — “Рӯзномаи сол” ва Роҳбари Пажӯҳишгоҳи байналмилалии саломатӣ ва омӯзиши Амрико дар шаҳри Ню-Йорк доктор Ораш Алоӣ “Коршиноси сол” эълон гардида, бо диплом ва туҳфаҳо қадрдонӣ шуданд.

Инчунин ҷоизаи нашрияи муваффақ, ки бори аввал аз ҷониби Иттифоқи журналистони Тоҷикистон таъсис дода шудааст, ба нашрияи “Хатлон”-и вилояти Хатлон ва “Нигоҳи халқ”-и ноҳияи Мастчоҳ сазовор дониста шуд.

Ҷоизаи ба номи Воҳид Асрорӣ ба донишҷўёни факултаҳои журналистӣ - Шоҳчаҳон Қурбонов, Мубораки Қосим, Шаҳзод Қаюмов супорида шуд.