Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

Рустами Эмомалӣ ба маъракаи ниҳолшинонӣ вусъат бахшид


15.12.2020 08:21

: 61

Раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ рӯзи 14 декабр дар маъракаи ниҳолшинонӣ дар кӯчаи Низомии Ганҷавии ноҳияи Сино иштирок карда, дар даромадгоҳи асосии Масҷиди марказии ҷомеи шаҳри Душанбе шахсан ду дарахт шинонидааст.

Бино ба гузориши дафтари матбуотии шаҳрдории Душанбе, дарахтони шинонидашуда  аз навъи Платан буда, умри беш аз 60 сола доранд ва бо нашъунамояшон, оянда ба ин иншооти нодири шаҳри Душанбе зебогии бештар зам менамояд.

Дар ин рӯз ҳамзамон дар ҳудуди “Боғи ҷавонон” ниҳоли дарахтони ликвидамбар, ки аз навъҳои нодир ва ба иқлими маҳал тобовар мебошад, шинонида шудааст.

Раиси шаҳр интихоби навъҳои дарахту буттаҳои ба иқлими пойтахт тобовар ва риояи қоидаҳои дурусти агротехникиро дар раванди ниҳолшинонӣ аз шартҳои асосӣ дар нашъунамои минбаъдаи дарахтон арзёбӣ карда, махсусан таъкид намудааст, ки дар рафти маъракаҳои ниҳолшинонӣ аз маслиҳатҳои мутахассисони соҳа ҷиддӣ истифода карда шавад.

Манбаъ мегӯяд, дар пайи тадбирандешиҳои роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар роҳи таъмини муҳити тозаи экологӣ тавассути шинонидану парвариш кардани гулу дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ, хусусан туфайли муроҷиати Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ  оид ба “Шаҳри сабз” табдил додани шаҳри Душанбе, ки  зимни баргузории иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе садо дод, дар пойтахти мамлакат дигаргуниҳои куллӣ ба миён омад.

Муроҷиати мазкур миёни аҳолии шаҳри Душанбе ҳамовозии гарму ҷӯшон пайдо намуда, ба маъракаи умумишаҳрӣ табдил ёфт. Ин аст, ки ҳоло  сокинони пойтахт ва кормандони касбу кори гуногун бо нишони ҷонибдорӣ аз ин иқдом, дар назди ҳавлӣ, атрофи биноҳои истиқоматӣ, корхонаву муассиса, ташкилоту идораҳо, мутташакилона  ба маъракаи ниҳолшинонӣ пайвастаанд.

Натиҷа ин аст, ки  ба иттилоъи манбаъ, ҳамагӣ давоми як моҳи оғози мавсими имсолаи ниҳолшинонӣ, дар миқёси шаҳри Душанбе зиёда аз 53 ҳазор дарахтони гуногуни ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуданд.

Дар маҷмӯъ, тибқи нақшаи пешбинишуда дар ҳудуди шаҳри Душанбе ин мавсим беш аз 100 ҳазор бех дарахтони сояафкану ороишӣ ва зиёда аз 10 миллион адад гулҳои мавсимиву бисёрсола, аз ҷумла 3,5 миллион дона  гулҳои лола шинонда ва парвариш меёбад.


Комментарии для сайта Cackle