Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

Эмомалӣ Раҳмон ғолиби интихобот эълон шуд


12.10.2020 10:09

Количество просмотров: 163

Эмомалӣ Раҳмон, номзад аз Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касаба ва иттифоқи ҷавонон, бо касби 90,92 дарсади овозҳо дар интихоботи президентии рӯзи 11 октябр баранда эълон шуд.

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон имрӯз, 12 октябр, эълон кард, ки дар маҷмӯъ, ба Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи рӯзи якшанбе беш аз 3,8 млн нафар овоз додаанд:

“Номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо гирифтани 90,92% овоз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид”, - гуфт раиси Комиcсияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода зимни эълони натиҷаҳои пешакии интихобот.

Ба гуфтаи ӯ, ҷиҳати баргузории интихобот дар ҷумҳурӣ 68 ҳавзаи интихоботӣ ва 3375 участкаи интихоботӣ дар дохил ва 39 участкаи интихоботӣ дар хориҷи кишвар ташкил карда шуда буд. Шумораи интихобкунандагон 4 943 289 нафар ва шумораи онҳое, ки бори аввал овоз медиҳанд, 105 399 нафарро ташкил медод.

Бино ба маълумоти КМИР Тоҷикистон, тибқи натиҷаҳои пешакии ҳисоби овозҳо, дар интихоботи рӯзи 11 октябр 4 миллиону 221 ҳазору 76 нафар, ки 85,39% интихобкунандагонро ташкил медиҳад, иштирок карданд.

Тибқи натиҷаҳои пешакии ҳисоби овозҳо, ки КМИР эълон кард, ба тарафдории номзад аз Ҳизби аграрии Тоҷикистон Латифзода Рустам - 127 ҳазору 746 нафар (3,03%), ба тарафдории номзад аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон Раҳматзода Рустам - 90 ҳазору 587 нафар (2,15%), ба тарафдории номзад аз Ҳизби коммунистии Тоҷикистон Абдуллоев Мироҷ - 49 ҳазору 212 нафар (1,17%), ба тарафдории номзад аз Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон Абдуҳалим Fаффорзода - 62 ҳазору 853 нафар (1,49%), ба тарафдории номзад аз Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон - 3 миллиону 837 ҳазору 927 нафар (90,92%) овоз додаанд.

Дар ҳамин ҳол, Раиси КМИР гуфт, ки доир ба қонуншиканиҳои ҷиддӣ дар интихобот ягон шикоят ворид нашудааст.

Аз ин қабл нозирони Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ ҳам, ки раванди интихоботро назорат мекарданд, гуфтанд, ягон эрод ё шикоят ба қайд нагирифтаанд.


Шарҳи ҳоли Президенти Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон 5 октябри соли 1952 дар ноҳияи Данғараи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст.

Фаъолияти меҳнатиашро соли 1969, баъд аз хатми Омӯзишгоҳи касбию техникии № 40-и шаҳри Калининобод (ҳоло Сарбанд), ба ҳайси устои барқ дар Корхонаи равғанкашии шаҳри Қӯрғонтеппа шурӯъ намудааст.

Солҳои 1971-1974 дар Флоти уқёнуси Ором дар хизмати ҳарбӣ буд. Пас аз хизмати ҳарбӣ ба зодгоҳи худ баргашта, дар совхози ба номи Ленини ноҳияи Данғара кор кардааст.

Соли 1982 факултети иқтисоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намуд.

Солҳои 1976-1987 дар вазифаҳои котиби раёсат, раиси Кумитаи иттифоқҳои касабаи совхози ба номи Ленини ноҳияи Данғара буд. Сипас дар мақомоти ҳизбӣ фаъолият дошт.

Аз соли 1987 то соли 1992 директори совхози ба номи Ленини ноҳияи Данғара буд.

Соли 1990 Эмомалӣ Раҳмон вакили мардумӣ дар Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ХII интихоб шуд. Тирамоҳи соли 1992 Раиси Кумитаи иҷроияи Шӯрои намояндагони халқи вилояти Кӯлоб интихоб гардид.

19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд.

6 ноябри соли 1994 Эмомалӣ Раҳмон бо роҳи овоздиҳии умумихалқӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд.

6 ноябри соли 1999 Эмомалӣ Раҳмон дар асоси алтернативӣ ва бо овоздиҳии умумихалқӣ бори дуюм ба мӯҳлати ҳафт сол Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.

6 ноябри соли 2006 Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи озоду шаффофи демократӣ дар асоси алтернативӣ бори сеюм ба мӯҳлати ҳафт сол Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд.

6 ноябри соли 2013 Эмомалӣ Раҳмон бо 84,23% овози интихобкунандагон дар интихоботи навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пирӯз гардид.

Мувофиқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат”, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба сифати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат эътироф карда шудааст.

Қаҳрамони Тоҷикистон (аз 11 декабри соли 1999) мебошад.

Оиладор, падари нӯҳ фарзанд.