Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

Эҳтиёт кунед, сардиҳои аввал. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳушдор медиҳад


05.10.2020 09:37

Количество просмотров: 148

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандии Тоҷикистон бо истинод ба Агентии ҳавошиносии ҷумҳурӣ хабар дод, ки аз фардо, 6-уми октябр, дар ноҳияҳои наздикӯҳии кишвар сардиҳои аввалини сол мушоҳида шуда, сардии ҳаво дар болои хок аз  – 0 до - 4°С мешавад.

Вобаста ба ин КҲФ ба аҳолии ин ноҳияҳо муроҷиат кардааст, ки сардиҳои аввалин ба ҳосили саҳро таъсири манфӣ метавонад расонад:

“Тавсия мешавад, ки сари вақт ҳосили расидаи кишоварзиро ҷамъоварӣ кунанд ва зироати норасидаро тибқи қоидаҳои агротехникӣ бо пардаи плимерӣ, пахол ва ё маводи бетору пуд бипӯшонанд.

Ҳамзамон ба сектори ҳайвонпарварӣ бештар бояд диққат дод. Ҳангоми чорвочаронӣ дар чарогоҳ хеле бояд эҳтиёткору ҳушёр буд”, - таъкид кардааст Кумита.

КҲФ ҳамчунин ба ронандагон дар бораи хатари роҳҳо дар чунин боду ҳаво ёдовар шудааст. Боришот ва яхбандиҳо ва сармо метавонад ба ҳаракати нақлиёт дар роҳҳои кӯҳӣ халал расонад:

“Ба соҳибони мошинҳо ва пиёдаравон маслиҳат медиҳем, ки хеле эҳтиёткор ва ботаваҷҷуҳ бошанд”, - таъкид шудааст дар ин муроҷиат.