Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

Бунёди боз як корхонаи муштараки соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон


03.10.2020 07:44

Количество просмотров: 100

Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар дод, ки соҳибкорони тоҷику ӯзбек дар Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” корхонаи коркарди метал бунёд мекунанд.

Ин маълумот зимни боздиди Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз МОИ “Суғд” дода шуд. Раиси вилоят дар ин сафари корӣ бо ҷараёни бунёди корхонаи коркарди металҳои дуюмдараҷа шинос гардидааст:

“Корхонаи мазкур дар доираи ҳамкориҳои самараноки соҳибкорони ватанӣ бо соҳибкорони Ҷумҳурии Ӯзбекистон бунёд гардида, масоҳати он 3 гектарро ташкил мекунад. Барои бунёд ва фаъол гардонидани корхона 10 миллион доллари ИМА сармоя ҷалб гардида, барои гӯдохтани метал аз печҳои замонавии истеҳсоли Туркия ва Чин истифода бурда мешавад”, - хабар дод манбаъ.

Раиси вилоят аснои шиносоӣ таъкид кардааст, ки бо сиёсати оқилонаи сарони давлатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон – Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев ҳамкориҳои гуногунҷанбаи кишварҳо густариш ёфта истодааст:

“Рушди муносибатҳои ду давлат ба манфиатҳои халқҳои тоҷику ӯзбек буда, тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ ба фоидаи ҷонибҳо мебошад”, - гуфтааст Аҳмадзода.

Зикр карда шудааст, ки барои рушди соҳибкорӣ дар Тоҷикистон шароити созгор фароҳам буда, доираҳои тиҷоратӣ дар шарикӣ бо сармоягузорони хориҷӣ ширкатҳои зиёди муштаракро фаъол сохтаанд, ки имрӯзҳо фаъолияти самаранок доранд.

Таъкид гардидааст, ки ташкили корхонаи нави коркарди металҳо низ ба манфиати соҳибкорони тоҷику ӯзбек буда, бо мавриди истифода қарор гирифтани он 100 нафар бо ҷойи корӣ таъмин мешаванд.

Маҳсулоти дар корхона истеҳсолшаванда ба содирот нигаронида шудааст.

Раиси вилоят ҳамчунин бо раванди истеҳсолот дар ҶСП “Ариана Металл Пласт” шинос гардидааст.

Корхонаи “Ариана Металл Пласт” моҳи октябри соли 2018 дар Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” бо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифта буд. Он аввалин корхонае ба ҳисоб меравад, ки тамоми қисмҳои бозичаҳо, дучархаҳои бачагона ва дигар таҷҳизоти маишӣ дар дохил истеҳсол карда мешавад.