Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

Тоҷикистон – Муғулистон: 25 марти соли 2021


17.03.2021 08:26

: 32

Федератсияи футболи Тоҷикистон эълон кард, ки бозии даври ҳафтуми марҳилаи дуюми мусобиқаи интихобии Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол-2022 дар гурӯҳи “F” байни тимҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Муғулистон бо ҳузури мухлисон доир мегардад.

Бино ба хабари маркази матбуоти Федератсияи футболи ҷумҳурӣ, дар мувофиқа бо Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳои футбол (ФИФА), ин бозиро то 10 ҳазор нафар мухлис дар варзишгоҳ тамошо карда метавонанд.

Дидор байни тимҳои миллии футболи Тоҷикистону Муғулистон рӯзи панҷшанбе, 25 март соати 18:00 дар Варзишгоҳи марказии Душанбе оғоз мегардад.

Арзиши билет 20 сомонӣ муқаррар шудааст.

Омодагӣ ба бозии мусобиқаи интихобии Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол-2022-ро футболбозони тоҷик 19 март дар Душанбе оғоз мекунанд.

Аз моҳи апрели соли гузашта дар робита ба паҳншавии сирояти коронавирус, баргузории бозиҳои футбол бо ҳузури мухлисон манъ шуда буд.


Комментарии для сайта Cackle