Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

16 ҳодисаи лағзиши тарма дар як шабонарӯз


23.02.2021 11:31

: 50

Дар як шабонарӯзи гузашта дар роҳи мошингарди Хоруғ-Ишкошим 16 ҳодисаи лағзиши тарма ва дар қаламрави деҳаи Риҷисти ҷамоати Қурбоншоҳ Гадоеви ноҳияи Роштқалъа резиши санг ба қайд гирифта шудааст. Сангрезиш дар Роштқалъа як хонаи истиқоматиро қисман вайрон карда, дар айни замон роҳи Хоруғ-Ишкошим баста будааст.

Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон хабар дод.

Ба маълумоти манбаъ, офати табиӣ талафоти ҷонӣ надошта, барои тоза кардани барфтӯдаҳо хадамоти роҳи Вазорати нақлиёти Тоҷикистон техникаи махсус ҷудо кардааст, то паёмадҳои ин офат бартараф карда шавад:

“Ҳоло корҳои поксозии роҳ ба шиддат идома доранд”, – омадааст дар хабар.

Дар ҳамин ҳол, бино ба гузориши Агентии ҳавосанҷии Тоҷикистон, аз сабаби гармии ҳаво ва баъдан бориши барфу борон дар минтақаҳои кӯҳиву наздикӯҳӣ хатари лағзиши тарма, ярч ва резиши санг боқӣ мемонад. Вобаста ба ин КҲФ аз аҳолӣ хостааст, дар чунин рӯзҳо аз чорвочаронӣ, ғунучини ҳезум, сафар ба маҳалҳои кӯҳӣ, сайругаштҳо дар минтақаҳои тармахезу сангрез худдорӣ кунанд ва хеле эҳтиёткор бошанд:

“Ба ронандагон тавсия дода мешавад, ки ҳангоми тарҳрезии сафарҳои худ аввал дар бораи вазъи роҳҳо иттило пайдо кунанд, ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ фосилаи байни мошинҳоро риоя намоянд. 

Дар роҳҳои эҳтиёткор бошед, суръатро боло набаред! Ҷони худ ва ҳамсафарони худро дар хатар нагузоред!”, - муроҷиат кардааст КҲФ.


Комментарии для сайта Cackle