Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

Истеҳсоли сабзавот дар гармхонаҳо: ҳосилнокиро чӣ гуна бояд баланд бардошт?


11.12.2020 13:36

: 61

11 декабр дар доираи лоиҳаи амалишавандаи ФАО оид ба мустаҳкамгардонии иқтидори кишоварзон ва аҳолии деҳот оид ба истеҳсоли сабзавот дар гармхонаҳо бо дастгирии Вазорати кишоварзии Исроил онлайн-омӯзиши серӯза оид ба чораҳои ҳифзи растаниҳо ба анҷом расид.

Ин барномаи ҳамкорӣ баҳри баланд бардоштани донишу малакаҳои техникии мутахассисони миллӣ оид ба истифодаи чораҳои устувори ҳифзи растанӣ барои истеҳсоли помидор, бодиринг ва дигар зироатҳо дар гармхонаҳо равона карда шудааст. Омӯзиши онлайнӣ дар доираи ҳамкории ФАО бо Исроил, ки яке аз кишварҳои пешрафта дар истеҳсоли маҳсулот дар гармхона ва татбиқи ҳимояи растаниҳо ба шумор меравад, амалӣ карда шуд. Ҳамин тариқ, лектори асосӣ, мутахассис оид ба паҳнкунии донишҳои кишоварзӣ аз Вазорати кишоварзии Исроил Светлана Добринина буд.

Дар чорабинии мазкур тақрибан 20 нафар намояндагон ва мутахассисони Вазорати кишоварзӣ, Кумитаи бехатарии озуқаворӣ, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Институти зироаткорӣ, Институти боғдорӣ ва сабзавот, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Ассотсиатсияи тухмипарварони Тоҷикистон ва дигар шарикони дахлдори миллӣ ҷамъ омаданд.

Ғайр аз ин, дар омӯзиши онлайн беш аз 40 нафар иштирокчиён аз дигар кишварҳои минтақа низ ширкат варзиданд.

Чораҳои устувори ҳифзи растаниҳо барои зироатҳои гармхона муносибати ҳамаҷонибаро тақозо мекунанд, аммо ҳар як мушкилоти марбут ба истеҳсолот бо доираи васеи ҳалли эҳтимолӣ ҳамроҳӣ карда мешавад.

Иштирокчиён аз дониш ва таҷрибаи бойи баромадкунандагон оид ба чораҳои устувори ҳифзи растаниҳо барои зироатҳо дар гармхона баҳрабардорӣ намуданд. Онҳо инчунин таҷрибаҳои марбут ба ҳашароти зараррасон ва бемориҳои маъмул дар Тоҷикистонро муҳокима ва мубодилаи афкор намуданд, ки ин ба афзоиши ҳосил дар гармхонаҳо ва амнияти озуқаворӣ дар шароити тезутундшавии ҳолати экологӣ мусоидат хоҳад кард.

Қайд карда шуд, ки истеҳсоли сабзавот дар гармхонаҳо аксар вақт истифодаи пеститсидҳоро барои мубориза бо ҳашароти зараррасон ва касалиҳо талаб мекунад. Чораҳои устувори ҳифзи растаниҳо усулҳои гуногуни ҳифзи растанӣ ва мубориза бо ҳашароти зараррасонро дар бар мегирад ва имкон медиҳад, инчунин имкон медиҳад, ки таъсири манфии пеститсидҳоро ба зироатҳои кишоварзӣ ва саломатии одамон коҳиш диҳад.

“Чораҳои устувори ҳифзи растаниҳо барои парвариши зироатҳо дар гармхона баҳри кӯмак расонидан ба кишоварзон дар истеҳсоли зироатҳои кишоварзӣ бо истифодаи минималии пеститсидҳо равона шудааст. Азбаски Тоҷикистон истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро дар гармхонаҳо васеъ карда истодааст, чораҳои устувори ҳифзи растаниҳо маҷмӯи муҳими воситаҳои таъмини бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ ва ҷанбаҳои экологии истеҳсолот мегардад”, - қайд кард Олег Гучгелдиев, Намояндаи ФАО дар Тоҷикистон.

“Омӯзиши мазкур хеле муҳим мебошад, зеро мо дониши худро дар робита бо истифодаи усулҳои бехатар барои ҳимояи растаниҳо аз бемориҳо ва ҳашароти зараррасон дар гармхонаҳо тавассути усулҳои ҳамгиро васеъ менамоем, - гуфт Ҳафиз Муминҷонов, корманди техникии ФАО. ФАО афзоиши истеҳсоли маҳсулоти озуқавориро ба ҳар қимат дастгирӣ намекунад. Вазифаи асосии мо тақвияти амнияти озуқаворӣ, вале ҳамзамон ғамхорӣ нисбати саломатии инсон ва ҳифзи муҳити зист мебошад”.

Ҳашароти зараррасон ва касалиҳо мушкилоти асосӣ дар истеҳсоли маҳсулот дар гармхонаҳо ба шумор мераванд. Чораҳои устувори ҳифзи растаниҳо воситаи арзишманд дар мубориза бо ҳашароти зараррасон ва бемориҳо мебошанд. Ҳадафи асосии ин равиш тақвияти мубориза бо ҳашароти зараррасон бо назардошти ҷанбаҳои иқтисодӣ ва экологӣ мебошад. Ин як воситаи оддӣ, амалӣ ва мутобиқшаванда барои мубориза бо ҳашароти зараррасон, касалиҳо, алафҳои бегона ва мувофиқ барои ҳамагуна зироатҳое, ки дар гармхонаҳо парвариш меёбанд, мебошад.


Комментарии для сайта Cackle