Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

“Тиҷорат”-и заҳри мор


03.10.2020 07:50

: 72

Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ду сокини шаҳрҳои Ҳисор ва Душанберо барои харидуфурӯши ғайриқонунии заҳри мор ба муҳлати 5 солӣ аз озодӣ маҳрум кардааст.

Бино ба иттилоияе, ки сомонаи суд нашр кард, Ҳаитов Боймаҳмат Баротович ва Сафаров Сафар Наврӯзович дар содир намудани ҷинояти тибқи моддаи 206 қисми 2 банди “а” Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон гунаҳкор дониста шудаанд.

Бино ба маълумоти мақомоти тафтишоти пешакӣ, маълумот оиди ба муомилоти ғайриқонунии моддаҳои заҳролуд (заҳри мор) машғул шудани Ҳаитов Боймаҳмат моҳи майи соли равон дастрас шуд. Номбурда охирҳои моҳи май бо мақсади амалӣ намудани нақшааш дар назди тарабхонаи “Кишмиш”-и шаҳри Душанбе бо шиносаш, зодаи шаҳри Кӯлоб Сафаров Сафар вохӯрда, барои муомилоти ғайриқонунии заҳри мор бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан маслиҳати пешакӣ менамоянд.

Ёдрас мекунем, ки ки тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Тоҷикистон, муомилоти озоди моддаҳои заҳрдор манъ аст:

“Сафаров С.Н. худи ҳамон рӯз аз ҳаммаслакаш Ҳаитов Б.Б. барои анҷоми нияти ҷинояткоронааш 200 доллари ИМА гирифта, ба шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон равон мешавад. Ҳангоми дар он ҷо расиданаш чандин маротиба бо Раҳмонов Б.С. вохӯрда, дар натиҷа вайро барои ғайриқонунӣ фурӯхтани моддаҳои заҳролуд (заҳри мор) розӣ мекунад ва арзиши 1 граммро 200 доллари ИМА муқаррар мекунанд”, - муайян кардаанд мақомоти тафтишотӣ.

Рӯзи 28 май Раҳмонов Б.С. бо Сафаров С.Н. дар назди даромадгоҳи шаҳри Кӯлоб вохӯрда, дар дохили автомошина ба вай 10 ампула моддаҳои заҳролуд (заҳри мор) медиҳад ва ба самти даромадгоҳи шаҳри Кулоб меравад. Ҳаитов Б.Б., дуртар аз онҳо дар дохили автомошина қарор доштааст. Дар натиҷаи амалиёти кормандони мақомот, Ҳаитов Б.Б. ва Сафаров С.Н. ҳангоми ба шахси мусоидаткунанда додани ампулаҳо дастгир карда шудаанд.

Ба маълумоти суд, Ҳаитов ва Сафаров бо айби нисбаташон эълонкардаи мақомоти тафтишоти пешакӣ худро пурра гунаҳгор эътироф карданд.

Дар солҳои охир ин бори аввал нест, ки судҳои Тоҷикистон парвандаҳои марбут ба “харидуфурӯши заҳри мор”-ро баррасӣ мекунанд. Қаблан Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ аъзои як шабакаи фаромилиро бо иттиҳоми “Муомилоти ғайриқонунии моддаҳои сахттаъсир ё заҳролуд бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан” ба анҷом расонида, се нафарро бо ин айб ба муҳлатҳои аз 5 то 6 сол равонаи зиндон карда буд.

Бино ба маълумоти суд, Набиев Иброҳимҷон Эргашалиевич, Ҳотамов Аваз Раҳматуллоевич ва Қосимов Мансур Болтабоевич ба қочоқ, нигоҳдорӣ ва муомилоти ғайриқонунии миқдори бузурги заҳри мор айбдор дониста шуданд. Онҳо заҳри морро аз Ӯзбекистон дастрас кардаанд.

Мувофиқи хулосаи Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ-криминалистии ВА Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти №09/453, аз 12.02.2018 сол, маводи аз номбурдаҳо дарёфтшуда заҳри мор буда, вазни умумии он якҷоя бо ампулаҳояш 1 кг 60 граммро ташкил медиҳад.

Ҳамчунин, Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти як мард дар назди толори дилхушии “Хваканта”-и шаҳри Хуҷанд хабар дод, ки ба муомилоти ғайриқонунии заҳри мор гумонбар дониста мешуд. Зимни кофтуков аз номбурда ба миқдори умумии 400-адад ампулаҳои дорои маводи заҳролуди “Заҳри мор” гирифта шудааст.


Комментарии для сайта Cackle