Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

Дар арафаи интихобот чеҳраи душманро бишносем


01.10.2020 10:18

: 324

Тоҷикистон дар арафаи баргузории чорабинии муҳими сиёсӣ - интихоботи президентӣ қарор дорад. Мардуми кишвар бо руҳияи созандагию шукргузорӣ ва қаноатмандӣ аз ободию озодии Ватан 11-уми октябри соли ҷорӣ дар интихобот ширкат карда, барои ҳафт соли оянда Президенти кишварро интихоб мекунанд.

Албатта, интихобот дар фазои орому озод ва ба таври шаффоф хоҳад гузашт, зеро тамоми шароит барои он фароҳам оварда шудааст. Боварии комил дорем, ки мардуми кишвар дар интихобот ба арзандатарин номзад - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон овоз дода, бо ин амали неки худ идома ёфтани масири рушди босуботи кишварро барои ҳафт соли оянда таъмин мекунанд.

Тоҷикистон бо раҳбарии Сарвари давлат дар солҳои охир дар тамоми соҳаҳо ба дастовардҳои беназир ноил гардидааст. Хусусан, соҳаҳои саноату энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ, маорифу тандурустӣ рушд карда, ба болоравии сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат мекунад.

Президенти кишвар, бо вуҷуди мавҷудияти хатари пандемияи COVID-19, бо зоҳир кардани ҷасорату далерии ба худ хос ба минтақаҳои кишвар сафарҳои корӣ анҷом дода, бо зиндагии мардум аз наздик шинос мегарданд. Шоҳид ҳастем, ки Пешвои миллат дар минтақаҳои ҷумҳурӣ ба корхонаҳою заминҳои кишт ва манзилҳои сокинон рафта, аз наздик бо одамони касбу кори гуногун, аз ҷумла муаллимон, духтурон, коргарону деҳқонон ва соҳибкорон сӯҳбатҳои самимона мекунанд, аз фаъолияту ҳаёти онҳо огоҳ мешаванд. Албатта, ҳамаи ин аз самимию мардумӣ будани Президент шаҳодат медиҳад. Раҳбари давлат дар байни мардуми кишвар самимияту маҳбубияти беандоза доранд.

Аммо ҳамаи инро душманони миллат, яъне саркарда ва масъулини ташкилоти террористии Ҳизби наҳзати исломӣ, ки аз ҷавобгарӣ дар назди қонун фирор карда, дар Аврупо панаҳ бурдаанд, дида наметавонанд ва бо амалҳои тахрибкоронаи худ кӯшиш доранд, ки давлат ва Ҳукумати Тоҷикистонро бадном созанд ва худро ҳамчун бегуноҳу ҷабрдида ҷилва диҳанд. Онҳо бо ҳар амали тахрибкоронаи худ кушиш доранд, ки раванди ин маъракаи сиёсиро бадном ва таҳриф намоянд.

Идома ёфтани ҷиноятҳо, амалҳои тахрибкорона ва рафтори зиддимардумии наҳзатиҳо дар ҳолест, ки сокинони кишвар ва ҷомеаи ҷаҳонӣ аз мақсаду маром ва амалҳои нангини онҳо хуб огоҳанд ва чеҳраи аслиашонро кайҳо боз шинохтаанд. Новобаста ба ин, мехоҳем бори дигар таваҷҷуҳи ватандорони асилро ба ин ҳамватанони гумроҳ ҷалб намоем, то ин ки мардуми тоҷик зиракии сиёсиро, хусусан дар маъракаи пешазинтихоботӣ аз даст аз даст надиҳанд

Маълум аст, ки ҳанӯз панҷ сол пеш бо қарори Суди Олии Тоҷикистон собиқ Ҳизби наҳзати исломӣ мамнуъ ва террористӣ эълон карда шуд. Қарори мазкури Суди Олӣ танҳо баъд аз он баромад, ки ҷиноятҳои содиркардаи саркардагон ва аъзои ТТЭ ҲНИ, аз ҷумла кушторҳову гаравгонгириҳояшон бо далелҳои раднопазир исбот карда шуданд.

Мамнуъ ва террористӣ эълон гардидани ТТЭ ҲНИ амали саривақтӣ ва дуруст буд. Зеро дар моҳи сентябри ҳамон сол ТТЭ ҲНИ ҳатто ба ҷинояти мудҳиштарин, яъне кушиши табаддулоти низомӣ даст зада буд, ки як хиёнати нобахшиданист.

Раҳбарияти ТТЭ ҲНИ баъди фирор ба Аврупо бо мақсади раҳгум кардани мардум ва ҷомеаи ҷаҳонӣ тасмим гирифтанд, ки бо номи дигар фаъолият дошта бошанд. Ҳамин тавр, онҳо созмони ба ном Паймони миллиро (дар Тоҷикистон мамнуъ ва экстремистӣ эълон шудааст) таъсис доданд. Саркардаи ТТЭ ҲНИ маҳз ҳамчун раиси ПМТ баромад мекунад ва худро ҳамчун раҳбари мухолифони сиёсӣ нишон доданӣ мешавад. Лекин фаъолияти ин ташкилот танҳо аз дурӯғгӯӣ, воҳима, худсафедкунии наҳзатиҳо ва туҳмат кардани Ҳукумати кишвар иборат асту халос. Дар ду соли фаъолияташ ғайр аз шикасту шармандагӣ чизи дигаре насиби ин тӯдаи зиддимардумӣ нагардидааст. Зеро ин созмон аз аввал ба дурӯғу мардумфиребӣ асос ёфта, бар зидди манфиатҳои миллии Тоҷикистон таъсис дода шудааст.

Ташкил додани ба ном ПМТ як макру ҳиллаи навбатии саркардаи наҳзатиҳо буд, ки бо мақсади идома додани ҳузури худ ва ҳаммаслаконаш дар Аврупо ва ҷалби бештари муҳоҷирони тоҷикистонӣ анҷом додааст. Бо ин мақсад раҳбари террористони наҳзатӣ аввал чанд ташкилоти дурӯғин (“Анҷумани озодандешони тоҷик” бо роҳбарии Алим Шерзамонов, “Ҷунбиши ислоҳот ва рушд дар Тоҷикистон” бо роҳбарии Шарофиддин Гадоев ва “Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Аврупо” бо роҳбарии Илҳомҷон Ёқубов)-ро ташкил дода, сипас онҳоро ҳамроҳи ТТЭ ҲНИ дар ҳайати ПМТ шомил кард. Аммо “Паймони миллӣ”, дар асл, ҳамон ташкилоти террористии наҳзатӣ буда, дар мақсаду тарзи фаъолияташ ягон дигаргунӣ ба назар намерасад.

Исбот гардидааст, ки раҳбарону масъулони ин гуруҳи террористони зиддимиллӣ барои ба раҳгумӣ бурдани мардум ва расидан ба мақсадҳои ғаразнокашон, дар гузашта низ аз ин гуна усулҳо истифода кардаанд. Баъд аз барҳам хурдани Иттиҳоди Шуравӣ ҳам онҳо мақсадҳои аслии худро бо он рӯйпуш мекарданд, ки гуё барои арзишҳои миллӣ ва манфиати миллӣ мубориза мебурда бошанд. Айнан ҳамон амалҳое, ки айни замон анҷом медиҳанд. Дар солҳои навадум ифротгароию ихтилофҳо дар ҷомеъа зиёд гардида, мутаассифона, аксари созмону иттиҳодияҳои дигари навташкил зери таъсири собиқ ТТЭ ҲНИ қарор гирифта буданд. Зеро ТТЭ ҲНИ нисбат ба дигар созмонҳои дар он замон фаъолиятдошта иқтидори зиёд дошт, аз хориҷа дастгирии моддию маънавӣ меёфт ва маблағгузорӣ мешуд. Дар натиҷа роҳбарони созмонҳои миллӣ, сиёсӣ ва фарҳангии он замон, аз ҷумла Ҳизби демократии Тоҷикистон, Ҳаракати “Растохез”, “Лаъли Бадахшон” ва дигарон ба доми макри наҳзатиҳо афтоданд ва тобеи роҳбарияти онҳо гардида, дар муқобили манфиати давлату миллат қарор гирифтанд. Чун мардуми огоҳи кишвар наҳзатиҳоро қабул надошт, ба муборизаи зидди онҳо бархост.

Дар шароити ҳозира ташкил кардани созмони экстремистии ба ном “Паймони миллӣ”, ки соли 2018 дар Аврупо аз тарафи наҳзатиҳои террорист таъсис ёфт, айнан такрори ҳамон амалҳои охири соли 1992 мебошад, ки ҳангоми дар Афғонистон фирорӣ будан онҳо анҷом дода буданд. Дуруст аст, ки имрӯз шароит ба куллӣ фарқ дорад. Дар он замон наҳзатиҳо шумораи зиёди гурезаҳоро гумроҳ карда, дар Афғонистон зери назорат қарор медоданд ва онҳоро ҳамчун гаравгон барои татбиқи мақсадҳои сиёсии худ истифода мебурданд. Дар ихтиёри худ аслиҳа ва гуруҳҳои ҷангӣ доштанд. Ҳоло бошад, онҳо аз як тӯдаи ниҳоят каму заиф иборатанд ва ғайр аз паҳн кардани хабару мақолаҳои дурӯғу иғвоангезона дар воситаҳои ахбори умум ва туҳмат кардани Ҳукумату давлати Тоҷикистон кори дигар аз дасташон намеояд.

Пас аз мамнуъ ва террористӣ эълон шудан наҳзатиҳо тамоми фурсату имкониятро истифода бурда, худро ҳамчун неруи мухолифи сиёсӣ намоиш медиҳанд ва ба хотири раҳгум занондани мардум ҳамеша аз демократия, ҳуқуки инсон, озодӣ, манфиати миллат ва дигар арзишҳои воло ҳарф мезананд. Дар асл, онҳо ҳаргиз аз мақсади худ, яъне ғасби қудрати сиёсӣ ва барпо кардани давлати теократӣ даст накашидаанд.

Саркардаи наҳзат, ки ҳамеша аз пайи қудраталабист, бо дастури сарпарастонаш таҷрибаи соли 1992-и наҳзатиҳои собиқро бори дигар такрор карданӣ шуда, созмони экстремистии ба ном “Паймони миллӣ”-ро таъсис дод ва раҳбарии ин эътилофи зиддимиллиро ба даст гирифт. Лекин маълум аст, ки ҳамаи созмонҳои вориди ин эътилоф гардида, дар асл, сохтаи дасти наҳзатиҳоянд. Роҳбарони ҳар сеи ин созмонҳо, ки гӯё шомили эътилофи экстремистии “Паймони миллӣ” шудаанд, аз саркардаи наҳзат вобастагии молиявӣ доранд.

Вале ин амали раҳбарияти ТТЭ ҲНИ, яъне таъсис додани созмони ба ном “Паймони миллӣ” муваффақ нагардид ва вақти сипаришуда нишон дод, ки дар атрофи вай ғайр аз чанд нафар манфиатҷую фурсатталаб, ки ягон обрую эътибор надоранд, касе ҷамъ наомад. Мардум ва хусусан муҳоҷирони тоҷикистонии муқими Аврупо дарк карданд, ки ПМТ як паймони ҷинояткорона ва зиддимилист.

Ин созмони зиддимардумӣ, ки аслан ҳамон наҳзат аст, бо пуштибонии маънавию молиявии неруҳои манфиатдори хориҷӣ таъсис ёфтааст ва мақсад аз он бо чеҳраи дигар ҷилва додани собиқ ТТЭ ҲНИ мебошад. Саркардаи наҳзатӣ ба хотири ҷалби муҳоҷирон, хусусан зиёиён, ки дар Аврупо қарор доранд, бо таъсис додани ПМТ гӯё калимаи “ислом”-ро аз созмони сиёсии худ гирифтааст. Мехост бо чунин усули фиребгарона сафи худро аз ҳисоби муҳоҷирон афзоиш диҳад ва дар назари созмонҳои байналмилалӣ собиқ ТТЭ ҲНИ-ро ҳамчун неруи мардумию мухолифи сиёсӣ бо номи ПМТ нишон диҳад.

Хушбахтона, вай муваффақ нагардид, зеро мардум зуд аз макру ҳилла будани ин амали раҳбарияти наҳзатӣ огоҳ шуданд. Муҳоҷирони тоҷикистонии муқими Аврупо ба “Паймони миллӣ”, ки дар асл, зиддимилист, напайвастанд. Созмонҳои байналхалқӣ низ ба он таваҷҷуҳ накарданд. Баръакс, вақтҳои охир дар Аврупо, аз ҷумла, дар Олмону Лаҳистон якчанд аъзои собиқ ТТЭ ҲНИ бо гуноҳи даст доштан дар терроризм дастгир карда шудаанд. Тадриҷан аврупоиҳо то кадом дараҷа хавфнок будани ин тӯдаи ҷинояткорро дарк менамоянд.

Раҳбарияти ташкилоти террористии наҳзатӣ вақтҳои охир дар ҷаласаю ҳамоишҳои байналмилалӣ, аз ҷумла ҳамоишҳои САҲА бо мақсади ба иштибоҳ андохтани мардум ва ҷомеаи ҷаҳонӣ, маҳз аз номи созмони ба ном ПМТ баромад мекунанд. Аммо ин ҳиллаи онҳо низ ба кор нарафта, муваффақ нагардидаанд.

Масалан, наҳзатиҳо дар соли гузашта зимни аз номи ПМТ иштирок доштан дар ҳамоиши солонаи САҲА дар Варшава дар муқобили ҳайати Тоҷикистон шикаст хурданд. Онҳо барои туҳмат кардани низоми давлати Тоҷикистон саъю кӯшиши зиёд намуданд, аммо худашон ба шикаст мувоҷеҳ гардида, миёни ҷомеаи мадании аврупоӣ шармсор шуданд.

Чун анъана моҳи сентябри ҳар сол дар Варшава ҳамоиши солонаи САҲА баргузор мегардад, ки дар он гуруҳҳои гуногуни сиёсӣ ва институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ширкат карда, масоили марбут ба ҳуқуқу озодиҳои инсонро муҳокима мекунанд. Дар соли гузашта маҳз дар рафти ин ҳамоиши САҲА ширкаткунандагони он симои зиддимиллии ба ном ПМТ (дар асл, наҳзати террористӣ)-ро дуруст шинохтанд. Мардумфиребии ин ташкилот ошкор шуда, аъзои он шармсору сархам гардиданд.

Мардуми Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ ба раҳбарияту масъулини собиқ ТТЭ ҲНИ бовар намекард ва айни замон низ бовар надоранд. Дигар ҳама огоҳанд ва аниқ медонанд, ки созмони экстремистии ба ном “Паймони миллӣ”, аслан паймони наҳзатиҳост ва зидди миллату Ватан мебошад. Зеро ТТЭ ҲНИ дар тамоми давраи фаъолияташ ҳамеша зидди манфиати миллат амал кардааст.

Ин ташкилоти террористию экстремистӣ новобаста ба он, ки бо кадом ном баромад мекунад, аз бунёдаш ба арзишҳои миллӣ мухолифат дорад. Ақидаҳои раҳбарияту масъулони ин ташкилот, ки дар асоси ифротгароӣ бунёд ёфтаанд, ба ҳувияти миллӣ комилан бегона ва мухолиф мебошанд. Бо иваз кардани номи наҳзатиҳо ба “Паймони миллӣ”, идеология ва мақсадҳои зиддимиллии онҳо, инчунин вобастаи неруи хориҷӣ буданашон тағйир нахоҳад ёфт.

Аз ҷониби доираҳои манфиатдори хориҷӣ дастгирӣ ёфтани наҳзатиҳо ва “Паймон”-и онҳо низ аниқ аст. Агар пуштибонии молиявии хориҷӣ намебуд, наҳзатиҳо дар Аврупо чӣ гуна метавонистанд фаъолият дошта бошанд? Ин гуна ташкилотҳо, ки ҳуввияти миллӣ надоранд ва барои дарёфти фоида аз ягон амал худдорӣ намекунанд, ҳамеша мавриди пуштибонии ягон неруи хориҷии манфиатдор қарор мегиранд ва аз суи он истифода мегарданд.

Fайр аз ин, созмони ба ном “Паймони миллӣ” сохтаю сунъӣ аст ва замина надорад, ифодагари руҳияи миллӣ, манфиати миллӣ, арзишҳои миллӣ, нест ва буда ҳам наметавонад.

Изҳороту муроҷиатномаҳо ва суханрониҳои раҳбарияти ин созмони сохта, ки дар воситаҳои ахбори умум паҳн мегарданд, ҳамагӣ аз дуруғу туҳмат иборат буда, бар зидди манфиатҳои миллии Тоҷикистон равона карда шудаанд. Хусусан, дар арафаи интихоботи президентӣ ин гуруҳи амалҳои нангини худро вусъат медиҳанд.

Аз ин рӯ, барои мардуми кишвар дуруст шинохтани ТТЭ ҲНИ, ки имрӯз чеҳраи худро дигар карда, бо номи ПМТ баромад дорад ва огоҳ будан аз мақсадҳои зиддимиллии онҳо ниҳоят муҳим мебошад.


Муним Оламов

Директори генералии

ҶДММ “ИмрӯзNews”,

узви Иттифоқи

журналистони Тоҷикистон


Комментарии для сайта Cackle