Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

Се ҳолати қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ


30.09.2020 09:58

: 78

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз ошкор шудани се ҳолати қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ хабар дод. Вобаста ба ҳарсеи ин ҳолат парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.

Аз ҷумла, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 61-солаи сокини ҷамоати шаҳраки Шӯроби шаҳри Исфара бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир гардидааст. Боздоштшуда қаблан бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст:

“Номбурда санаи 25-уми сентябри соли 2020, тахминан соати 17:00, дар ҳолати мастӣ дар кӯчаи Авитсеннаи ҷамоати шаҳраки Шӯроб бо марди 42-солаи сокини шаҳри мазкур ҷангу ҷанҷол карда, бо корд 1-маротиба ба шикамаш зада, ҷароҳати ҷисмонӣ расонидааст”, - омадааст дар хабари ВКД.

Ташхиси судӣ-тиббӣ муайян кардааст, ки ҷароҳати бардоштаи ҷабрдида ҳамчун зарари вазнин ба саломатӣ мансуб мебошад.

Ҳамчунин, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 46-солаи сокини ҷамоати деҳоти К.Исмоилови шаҳри Ваҳдат бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шудааст:

“Номбурда санаи 16-уми сентябри соли 2020, тахминан соати 17:45-дақиқа, бо ҳамроҳии марди 54-солаи сокини шаҳри мазкур дар ҳолати мастӣ, дар дохили боғи марказии шаҳри Ваҳдат бо якдигар ҷангу ҷанҷол карда, гумонбаршаванда бо дасту пойҳояш ба сару рӯйи ҷабрдида якчанд маротиба зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Дар натиҷа ҷабрдида ба соломатиаш ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар шуъбаи эҳёгарии беморхона бистарӣ гардидааст”.

Ба ғайр аз ин, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 22-солаи сокини ҷамоати деҳоти F.Ортиқови шаҳри Конибодом бо гумони қасдан расонидани зарари миёна ба саломатӣ дастгир карда шудааст.

Номбурда санаи 27-уми сентябр дар кӯчаи И.Сомонии шаҳри Конибодом бо марди 30-солаи сокини шаҳри мазкур ҷангу ҷанҷол карда, ӯро лату кӯб карда, ҷароҳати ҷисмонӣ расонидааст:

“Мувофиқи хулосаи Ташхиси судӣ-тиббӣ, ҷароҳати бардоштаи ҷабрдида зарари миёна ба саломатӣ мансуб мебошад”, - омадааст дар хабар.

Ба маълумоти манбаъ, нисбат ба гумонбаршавандаҳо бо моддаҳои 110 қисми 1, 110 қисми 3  ва 111 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.


Комментарии для сайта Cackle