Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

Истирдоди се шаҳрванди Тоҷикистон аз Полша


29.09.2020 09:06

: 86

Се шаҳрванди Тоҷикистон аз Полша ба кишвари худашон ихроҷ карда шуданд, хабар дод Polskie Radio 24.

Тибқи маълумоти тафтишот, онҳо бо созмони террористии “Давлати исломӣ” иртибот доштанд ва шаҳрвандони Полша ва Украинаро барои ҳамлаҳои террористӣ дар Полша ҷалб мекарданд.

Хадамоти махсуси Полша чанд моҳ аст, ки бо ин гурӯҳи ҷиноятӣ кор мебарад. Аввалҳои моҳи майи соли равон дар бораи боздошти чаҳор шаҳрванди Тоҷикистон аз ҷониби кормандони Хадамоти марзбонӣ ва Агентии амнияти дохилӣ хабар дода шуд. Узви панҷуми ин гурӯҳ дар охири моҳи июн дар натиҷаи ҳамкориҳои байналмилалии хадамоти зиддитеррористӣ боздошт гардидааст.

Ба иттилоъи Агентии амнияти дохилӣ, панҷумин шаҳрванди боздоштшудаи Тоҷикистон қасд дошт, барои ширкат дар ҷиҳод ба Сурия равад. Ӯ бо ин мақсад бо як узви созмони террористии марбут ба “Ал-қоида” алоқа барқарор кардааст.

Вобаста ба ин Агентии амнияти дохилӣ ба Вазири корҳои дохилӣ бо дархости қабули қароре муроҷиат кардааст, ки ин панҷ маҳбусро барои бозгашт ба ватанашон вазифадор намуда, ҳамчунин вуруди дубораи онҳоро ба қаламрави Полша ва дигар кишварҳои Шенген ба муддати 5 сол манъ мекунад.

Бо қарори ВКД Полша, се нафари онҳо ба “рӯйхати шахсони номатлуб дар қаламрави Полша” шомил карда ва ба Тоҷикистон ихроҷ карда шудаанд. Дар робита бо ду нафари боқимонда қарор бо сабаби шикояти адвокати онҳо ба Суди Аврупо оид ба ҳуқуқи инсон боздошта шудааст. Онҳо ҳоло дар Полша боқӣ мондаанд.


Комментарии для сайта Cackle