Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

Ӯзбекистон сарҳадҳояшро мекушояд


21.09.2020 09:56

: 131

Бо қарори Комиссияи махсуси ҷумҳуриявии Ӯзбекистон, аз 1 октябр вуруд ба он кишвар тавассути тамоми гузаргоҳҳои ҳавоӣ, роҳи оҳан ва мошингард иҷозат дода мешавад.

Бино ба хабари UzNews.uz, ба ҳукумати Ӯзбекистон супориш дода шудааст, ки бо давлатҳои хориҷӣ оид ба зиёд кардани шумораи ҳамаи намудҳои хатсайрҳои байналмилалӣ (ҳавоӣ, роҳи оҳан, автобусҳо) гуфтушунид анҷом диҳад.

Тибқи ин қарор, аз 1 октябр шахсоне, ки тавассути гузаргоҳҳо дар марзи Қазоқистон, Туркманистон, Тоҷикистон ва Афғонистон ба Ӯзбекистон ворид мешаванд, ҳангоми доштани маълумотнома бо ташхиси манфии ПТР барои коронавирус 14 рӯз дар хона карантин хоҳанд шуд. Дар сурати надоштани маълумотнома онҳо аз ҳисоби худ дар нуқтаи гузаргоҳӣ ташхис месупоранд.

Мусофироне, ки 14 рӯзи ахир дар кишварҳои ба истилоҳ “сабз” қарор доштанд, ба Ӯзбекистон бе маҳдудият ворид мешаванд. Ба рӯйхати ин кишварҳо Чин, Тайланд, Малайзия, Кореяи Ҷанубӣ, Гурҷистон, Маҷористон, Финляндия, Латвия, Австрия ва Ҷопон шомиланд.

Шаҳрвандони кишварҳои дигар, ки дар харитаи эпидемиологӣ бо хатти зард ишора шудаанд (Озарбойҷон, Белорус, Аморати Муттаҳидаи Араб ва кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба ҷуз аз Британия ва Испания) ва инчунин “кишварҳои сурх” (кишварҳои боқии ҷаҳон) танҳо дар асоси натиҷаи манфии озмоиши коронавирус, ки на дертар аз 72 соат гирифта шудааст, ба Ӯзбекистон роҳ дода мешаванд.

Агар чунин тест набошад, онҳоро ба ҳавопаймо роҳ намедиҳанд ва агар мусофир нишонаҳои коронавирус дошта бошад, дар фурудгоҳ аз ҳисоби худ аз санҷиш мегузарад.

Бино ба маълумоти мақомоти тандурустии Ӯзбекистон, то 20 сентябр дар ин кишвар 51 640 ҳолати сироятёбӣ ба коронавирус ва 433 ҳолати фавт аз ин вирус сабт шудааст.


Комментарии для сайта Cackle