Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

Азонихудкунии беш аз 12 млн сомонӣ: ҳабси корманди гумрук


21.09.2020 09:46

: 221

Суди ноҳияи Фирдавсӣ як масъули гумруки шаҳри Душанберо барои азхудкунии маблағи махсусан зиёд ба муҳлати 20 сол равонаи зиндон кардааст. Ҳамчунин, бо ҳукми суд, маҳкумшуда беш аз 12 млн сомонӣ зарари расонидаашро барқарор кардааст.

Бино ба маълумоти Маркази матбуоти Прокуратураи генералии Тоҷикистон, Нуъмонзода Сомон Саидӣ дар вазифаи нозир-хазиначии шӯъбаи молиявию хоҷагии Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе фаъолият намуда, бо сӯиистифода аз ваколатҳои мансабӣ ва сохтакории хизматӣ ба қонуншиканӣ даст задааст. Вай дар асоси маслиҳати пешакӣ бо соҳибкор Ҳайдаров А.Н. ва декларант Сафаров Ш.Р. барои ба расмият даровардани молу маҳсулоти аз Чин вориднамудаи соҳибкор Ҳайдаров А.Н. ғайриқонунӣ маблағҳои хазинаро ба номи ширкатҳои тиҷоратии пешниҳоднамудаи охирин интиқол дода, оид ба қабули маблағ расидҳои қалбакӣ омода намуда, ба соҳибкор Ҳайдаров А.Н. пешниҳод кардааст:

“Минбаъд Ҳайдаров А.Н. ва Сафаров Ш.Р. дар асоси расидҳои пешниҳоднамудаи Нуъмонзода С.С. молу маҳсулоти вориднамударо ба расмияти гумрукӣ дароварда, бо ин роҳ маблағи 12 313 364, 47 сомониро тасарруф намудаанд”, - омадааст дар иттилоияи манбаъ.

Аз тарафи Прокуратураи генералӣ нисбат ба Нуъмонзода С.С. бо моддаҳои 245 қисми 4 банди “б” (азонихудкунӣ), 36 қисми 2, 289 қисми 4 бандҳои “а,б” (қочоқ), 314 қисми 1 ва 323 (сохтакории хизматӣ)-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва бо анҷоми тафтишоти пешакӣ ба суди ноҳияи Фирдавсӣ ирсол карда шудааст.

Бо ҳукми суди ин ноҳия, аз 10 сентябри соли 2020 Нуъмонзода С.С. дар содир намудани ҷиноятҳои ба ӯ эълонкардашуда пурра гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷазои 20 сол маҳрум сохтан аз озодӣ, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаб дар хидмати давлатӣ ва ҷавобгарии моддӣ дошта ба муҳлати 5 сол, бо адои ҷазо дар колонияи ислоҳии низомаш сахт таъин карда шудааст.


Комментарии для сайта Cackle