Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

Бесарусомонии сомонаҳо


17.07.2020 05:22

: 615

Ахиран маълум шуд, ки беш аз як миллион нафар шаҳрвандони бурунмарзӣ, муҳоҷирони меҳнатӣ ва сайёҳони хориҷӣ аз дастовардҳо ва пешрафти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо сабаби кори куллан ғайриқаноатбахши иттилооти электронӣ, бехабаранд. Ҳукумати электронии вазорату идораҳои Тоҷикистон алҳол дар “асри сангӣ” қарор дорад. Барои собит кардани ин далел сомонаҳоро боз мекунем.

Сархати “Навид” ҳам дар журналистикаи катбӣ ва ҳам электронӣ як маъно дорад. Дар ин сархат навидҳои фаврӣ аз фаъолияти ин ё он соҳа пахшу нашр мешаванд. Дар тӯли се ҳафта - аз 27 июн то ҳол - дар сомонаи Академияи миллии илмҳои ҶТ зери сархати навид ба ҷои хабарҳо лавҳаю гузоришҳои бе маълумоти фаврӣ дарҷ шудаанд. Дар сомона ҳатто номи расмии Академия ислоҳ намешавад: “Тайи солҳои охир аз тарафи муассисаҳои илмии Академияи илмҳои ҶТ барои ихтироот беш аз 200 патент ба даст оварда шуд”(08.07.2020).

Ҳоло он ки таи чанд ҳафта аз расонаҳои дигар мо хабарҳои ҷолиби илмиро дучор шудем. Дар сархати “тадқиқотҳои илмӣ” танҳо як “хабар” - “Саҳифа дар ҳоли сохта шудан аст” пайдо кардем. Олимони азиз! То Шумо саҳифаро месозед, ки лабораторияҳои илмии дунё дар Моҳу Муштарӣ ваксинаи зидди коронавирусро хоҳанд сохт. Агар сомонаи вазорати рушди иқтисод дар ин ҳолат мебуд, боиси таассуф намебуд. Лекин дар Академияи миллии илмҳои ҶТ журналистон, коршинсон ва олимони маъруф фаъолият доранд. Ин ҷои айбу таассуф аст.

Дар ду соли охир воқеаи хеле муҳим ва ибратбахш дар илми тоҷик, ин мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои милат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Симпозиуми байналмилалии илмии “Пажуҳиш дар фарҳанги бостон: аз дирӯз то имрӯз” бо олимони Акдемияи миллии Тоҷикистон буд. Мутаассифона, ин падидаи басо муҳими илмиро дар сархати тасвирҳо базӯр пайдо кардем. Ҳол он ки ин мулоқот ва тавсияҳои Пешвои миллат бояд дастурамали рӯимизии олимон бошад.

Сомонаи Вазорати кишоварзӣ низ танҳо аз санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, сохтори вазорат ва лоиҳа иборат аст. Хабари охирин дар бораи вазъи техникаи кишоварзӣ 3 июни соли сипаригардида дарҷ гардидааст. Бо вуҷуди он ки ҳар рӯз нашрияҳо садҳо хабару навидҳоро аз хусуси ҷамъоварии ҳосил, ифтитоҳи корхонаҳои нав, нашру пахш мекунад, магар мушкил аст, ки дар мавриди шиносоии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кишоварзони ноҳияҳои Бобоҷон Fафуров, Ҷаббор Расулов ва шаҳри Хуҷанд инъикос шавад?

Роҳбарияти сомона роҳи хеле осонро пайдо намудааст: дар сархати Пешвои миллат тугмаи “Сомонаи Президент” ишора мешавад.

Бояд бо таассуф зикр кард, ки инъикоси фаъолияти Президент дар ҳамаи сомонаҳо сатҳӣ аст. Дар мавриди сафари кории Пешвои миллат дар ягон сомона вокуниш ва чораҳои амалӣ намудани дастуру ҳидоятҳои Президент дучор нашудем. Ҳоло он ки ҳар дидори Пешвои миллат бо кишоварзон достони мукаммал аст. Дар ҳар суҳбати ӯ даҳҳо мушкилоти соҳа баррасӣ мешаванд.

Вазорати рушди иқтисод ва савдо аз 24 апрел боз навидҳояшро таҷдид накардааст. Дар ин сомона низ ҳамаи суханрониҳои Пешвои милат дар рафти сафари корияш ба вилояти Суғд аз АМИТ “Ховар” ё сомонаи Президент кӯчонида шудаасту гӯё ба ин вазорат ягон дастури Пешвои миллат дахл надорад. Дар таи як моҳ ягон тафсир, вокуниш ва хабарҳои ҷолиби иқтисодӣ нашр нашудаанд.

Калонтарин вазорат дар Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди рафти иҷрои барномаҳои стратегӣ, иншоотҳои бузурги стратегӣ, рафти амалишавии ҳадафи чоруми миллӣ, маводи ҷолиб пайдо накардем.

Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳлили татбиқи қонунгузорӣ тақвияти волоияти қонун тадбирҳои хеле муфидро амалӣ менамояд. Вале ин дастовардҳои марказро мо аз дигар ВАО пайдо кардем. Дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон охирин хабарҳо моҳи май интишор шудаанд. Дар ин сомона низ таҳлилу вокуниш, инъикоси саҳми Пешвои миллат дар таҳкими қонунгузорӣ маводҳо ба назар намерасанд.

Пас аз таъини яке аз менеҷерҳои болаёқати меъёри байналмилалӣ Шерализода Баҳодур ба вазифаи раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ташкилотҳои байналмилалӣ собиқаи хуб дорад ва моҳияти васоити электрониро хуб балад аст, робитаи Кумита бо омма беҳтар гардидааст. Вале сомонаи Кумита ҳанӯз ба дарвозаи робита ва минбари иттилоотӣ табдил наёфтааст. Сомона ҳатто дар мавриди даҳсолаи байналмиллалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” тақрибан хомӯш аст. Навидҳо, мақолаҳои таҳлилӣ ва вокунишҳо сатҳӣ инъикос мешаванд.

Мутаассифона, Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар се соли рушди сайёҳӣ фарсахҳо аз ҳадаф дур мондааст. Аз сомонаи Кумита оид ба рушди сайёҳии дохилӣ, рафти иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат оид ба рушди соҳа, мақолаҳои таҳлилӣ, тавсияу рушди сайёҳӣ дар маҳал, навидҳои соҳа хеле кам аст. Албатта, ороиши сомона рӯ ба беҳбудӣ ниҳодааст. Дар таҳияи гузоришҳо касбияти журналистикаи электронӣ мушоҳида намешавад.

Пас аз мутолиаи сомонаҳои якрангу сустмуҳтаво табъи моро сомонаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон болида гардонид. Ин сомона зери назари вазир Муҳаммадюсуф Имомзода қариб соат дар миён таҷдид гардида, дар мавриди мушкилот ва муаммоҳои соҳаи илму маориф, вокуниш ва андешарониҳои ҷолиб нашр мекунад. Сомона бо хонандагон низ робитаи қавӣ дошта, барои ниёзмандон дастурҳои методӣ медиҳад. Забони сомона низ суфта ва ба жанрҳои журналистикаи электронӣ ҷавобгӯ мебошад.

Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар се соли охир даричаи робита бо андозсупорандагонро васеътар кушод. Дар сомонаи Кумита андозсупорандагон маълумоти зарурӣ пайдо мекунанд. Хабару навидҳои фаврӣ пайваста чоп мешавад. Ҳукумати электронии Кумита алҳол беҳтарин лоиҳаи кишвар мебошад. Аммо сомона аз нигоҳи забону услуб бархӯрди ҷиддитарро тақозо мекунад. Сомона робитаи мутақобил ва ё акси садо надорад. Дар шароити кунунии буҳрони эпидемиологӣ ин ниҳоят зарур мебошад.

Сомонаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ-ро низ мешавад гуфт, бо меъёрҳои замонавии журналистикаи электронӣ таҳия шудааст. Ин сомона дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ фаъол буда, робитаи мутақобилаи хуб пайдо кардааст. Вале дар ин сомона низ маводи таҳлилӣ, вокунишу арзёбии вазъи сиёсӣ - иқтисодии вилоят кам аст.

Сомонаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон навидҳои фаровон дошта, забон ва услуби фасеҳ дорад. Аммо сомона аз таҳлили фаъолияти мақомот дида, ба тарғиби фаъолияти худи раиси вилоят бештар машғул аст.

Оҷонсиҳои иттилоотӣ ва сомонаҳои хабарии ҷаҳон бо иборае “анбор” -и моли тайёри иттилоот аст. Журналистикаи муосир имрӯз то 80 фоиз итилоотро тавассути ин шабакаҳо дастрас мекунад. Вале “мол” дар анбори сомона ва оҷонсиҳои хабарӣ пастсифат ва куҳна аст.

Ҳоло ягона сомона аз мақомоти давлатӣ, ки ба таври мунтазам таҷдид мешаваду итилооти дастрасро пешкаш мекунад, сомонаи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамин тавр, сомонаи РВКД дар шаҳри Душанбе мебошад. Дар як пажуҳиш омадааст, ки 78 фоиз итилооти самти ҷиноятиро хонандагон тавассути ин сомона дарёфт мекунанд. Имрӯз аз ин сомона ВАО хориҷи кишвар низ васеъ истифода мебарад. Ороиш ва мундариҷаи сомона низ хеле ҷолиб мебошад.

Ба ҳамин минвол сомонаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия низ торафт иттилооти бештар ва фаврӣ пахш мекунад.

Сомонаи ВКХ Тоҷикистон низ баъзан аз хабаргузориҳо қафо намемонад. Ҳолатҳое ҳастанд, ки рӯзона то 7-8 хабар дар ин сомона нашр шудаанд. Аммо боз ҳолатҳое ҳастанд, ки дар ду рӯз ҳатто як хабар гузошта намешавад.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикстон қариб дар сархати ҳамаи шабакаҳои иҷтимоӣ мебошад. Воқеан, роҳбари нав дар тими таблиғотии вазорат низ тағйироти мусбат ворид намуд. Сомонаи вазорат ва нашрияи “Паёми шифо” пули омма ва мансабдорони вазорат гардиданд. Дар сомона мақолаҳои ҷолиб, вокунишҳо аз атроф ва саволу ҷавобҳои зарурӣ ташкил шуда, иттилооти вазорат ба омма дастрас мегардад.

Боиси таассуф аст, ки аксари роҳбарони вазорату идораҳо, раисони вилоят, шаҳру навоҳии кишвар аз сомонаҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ҳазар мекунанд. Танҳо раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз ин имконоти технологияи итилоотӣ васеъ истифода мебарад. Барои санҷиш, мо таи се рӯз 5 номаро ба Раиси шаҳр ирсол намудем. Ба 4 нома фаврӣ посух омад. Сардори Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи раиси шаҳр, журналисти маъруф Абдумаҷид Ҳакимзода, ки таи 20 соли охир ба пахшу паҳни иттилооти расмӣ сару кор дорад, чунин ибрози андеша намуд:

- Ин кори моро хеле осон менамояд. Масалан, соҳиби 5 нома, яъне 5 нафар шаҳрванд аз минтақаҳои мухталифи шаҳр ба назди идораи мақомот меоянд. Номаҳоро сабт карда, барои ҷавоб мунтазир мешаванд. Мо кори 5 нафарро дар якуним соат ҳал намудем.

Сомонаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба талаботи журналистикаи электронӣ ҷавобгӯ мебошад.

Дар ин самт Раиси ВМКБ Ёдгор Файзов ҳам намунаи мисоли мусбат аст.

Чаро имрӯз сарвазири Британияи Кабир Борис Ҷонсон, президенти ИМА Доналд Трамп, муншии генералии СММ Антонио Гутериш тавассути “Твиттер”, ”Инстаграм” муошират менамоянду раисону шаҳру навоҳии Тоҷикистон ҳатто суроғаи электронӣ надоранд? Саволи рӯзмарра аст.

Иқтисодшиноси маъруф ва менеҷери болаёқат Шералӣ Кабир дар давраи пандемия тавассути алоқаи мобилии Фейсбук, шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар сомонаҳо робитаи иқтисодии калонтарин корхонаҳо ва ширкатҳои “Талко” - ро нигоҳ дошт. Ӯ ҳатто баъзе масъалаҳои муҳими истеҳсолиро аз тариқи алоқаи электронӣ самарабахш ҳаллу фасл менамояд.

Чун сухан аз Фейсбук рафт, ногуфта намонад, ки аксари кулли таблиғоти зидди Истиқлолияти давлатии мо дар ин шабака пахш мешавад. Яъне, ба таври оммафаҳм “бозӣ ба як дарвоза” авҷ гирифтааст. Пас бояд аққалан 10 ҳазор мансабдоре, ки аз давлат нон мехӯранд, дар ин майдон бозингар бошанд. Масалан, чаро раиси ноҳияи Масчоҳ пас аз пахши хабари ғалат дар Фейсбук ҷавоб намедиҳад?

Албатта, имрӯз паҳлуҳои мусбату манфии шабакаҳои иҷтимоӣ ба зеҳни мардум таъсир мегузоранд. Бояд далертар ба ин майдон ворид шуд. Ба ҳар таблиғоти душманони дарунию берунӣ бояд посухҳои амиқ дод. Шояд мансабдорони расмӣ латифаи “Астағфуруллоҳ, фейсбук”- ро хонда дур мегурезанд. Ҷек қиса мекунад, ки боре ба Шайтон дучор омада мегӯяд:

- Шайтоно, чаро 20 сол боз гум ҳастед?

- Инсоно, ман баръакс, имрӯз ҳар соат бо инсонҳо дар мубориза ҳастам. Фақат номамро иваз кардаам: Фейсбук гузоштам.

Дар шароити буҳрони эпидемологии ҷаҳон, моҳият ва зарурати робитаи электронӣ муҳим ва ҳатто мушкилкушои кор аст. Дар се моҳи охир ҳукуматҳои Федератсия Россия ва Қазоқистон мутаносибан 70-80 фоизи кори маъмурӣ-идориро тавассути алоқаи электронӣ анҷом медиҳанд.

Ман ба ҳайси муҳоҷири меҳнатӣ ва аз ғояти муҳаббат ба Ватан ҳар рӯз мехоҳам аз ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии кишварам бохабар бошам. Ба дигар манбаъҳо ва шабакаҳо эътимод надорам. Ҳайҳот дар васоити электронии Тоҷикистон “буҳрони касбӣ” ҳукмфармост.


Фарҳод Мирҷамолов

узви Иттифоқи

журналистони Тоҷикистон

Москва, Россия


Комментарии для сайта Cackle