Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

Инқилобро киҳо ба вуҷуд меоранд?


13.07.2020 09:31

: 645

Яке аз масъалаҳои мураккаб ва баҳсноки иҷтимоӣ ин шеваи идоракунӣ ва нигоҳдошти рушди низоми иҷтимоӣ аст. Дар ин замина дар ҷомеашиносии охири саддаи 19 ва аввали саддаи 20 ду назарияи асосӣ: яке назарияи низоии рушди иҷтимоӣ ва дигаре назарияи функсионалии рушди ҷомеа ба миён омаданд.

Назарияи низоъӣ ҷомеаро муборизоти ҳамешагӣ медонад, ки ин муборизот ба хотири дастёбӣ ба сарват ва қудрат сурат мегиранд ва ҳолати ҳамешагӣ ва давомдори ҷомеаанд. Дар ин замина яке аз назарияҳои маъмул - назарияи инқилоби иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад, ки дидгоҳҳои марксистӣ низ аз он пайгирӣ мекунанд ва онро ба ҳайси як воқеияти бебаҳси иҷтимоӣ мавриди баррасӣ қарор медиҳанд. Онон ин равандро ҳатмӣ ва ногузир арзёбӣ менамоянд. Дар ин замина метавон аз инқилоби Октябри соли 1917-и Русия ва инқилобҳои дигаре, ки дар ҷаҳон ба вуқӯъ пайвастаанд, ном бурд.

Назарияи инқилобӣ дар баробари тарафдорон мухолифинро низ дорад. Аксари мухолифини ин назария онро мавриди интиқод ва мазаммати сахт қарор медиҳанд ва даъвояшон ин аст, ки инқилобҳо ба хунрезиҳои бардавом мунҷар мешаванд ва пойгоҳи иҷтимоиву иқтисодии кишварҳоро мешикананд ва боиси марги зиёди одамон мегарданд. Даҳсолаҳо кишварҳоро аз рушд бозмедоранд. Ба ин далелҳо ин назарияро хатарнок ва камсамар арзёбӣ менамоянд.

Пас аз ҷанги ҷаҳонии дуюм, ки инқилобҳо пайваста дар саросари кишварҳои ҷаҳон ба вуқӯъ пайваст, ба хотири пешгирӣ аз инқилоб ва нигоҳдошти таъодули иҷтимоӣ кишварҳои аврупоӣ усули нави иҷтимоӣ, яъне назарияи функсионалии рушди ҷомеаро пешниҳод намуданд. Ин назария барои аз байн бурдани низоъҳои иҷтимоӣ дар ҷомеаҳои аврупоӣ ва амрикоӣ шеваи консесиусро (ризоияти ҷомеа) пешниҳод кард, ки моҳияти он ризоияти иҷтимоӣ бартар аз бархурду низоъи иҷтимоӣ аст. Тибқи он бояд тағйироти иҷтимоӣ тадриҷӣ ва зина ба зина ба амал оянд, барои ба роҳ мондани чунин тағйирот дар ҷомеа аз усули функсионалӣ-структуралӣ кор гирифта мешуд. Моҳияти он аз ин хусусият аст, ки барои ҳалли ин ё он мушкилоти ба вуқӯъ омада сохтор ва ниҳодҳои нав ба вуҷуд оварда, ба онҳо функсия – вазифаҳое муайян кардан даркор аст, то мушкилоти ба вуқӯъпавастаро аз байн баранд ва барои ба вуҷуд омадани норизогии иҷтимоӣ, ки натиҷатан ба инқилобҳо мунҷар мешавад, имкону заминаҳои он рафъ карда шаванд ва пешгирии худро меёбанд.

Тибқи ин назария, ҷомеа мавриди таҳлил ва омӯзиши пайваста қарор гирифта, ҳамарӯза мушкил, монеа, сатҳи зиндагӣ ва муносибати гурӯҳҳо ва табақаҳои иҷтимоӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд ва роҳҳалҳои онҳо пешниҳод гардида, дурнамои вазъи иҷтимоӣ амсиласозӣ мешавад.

Имрӯз низ дар ҷомеаи мо гоҳо аз ҷониби баъзан ашхос назарияи инқилобӣ тарғиб мешавад. Ин нафарон оқибатҳои шуми инқилобҳоро ё мавриди баррасӣ қарор намедиҳанд, ё онҳоро дониста худро барои расидан ба ҳадафҳояшон ба нодонӣ мезананд. Мусаллам аст, дар расидан ба Сулҳу Ваҳдати миллӣ яке аз шеваҳои асосии ин шеваи консесиус ё ризоияти иҷтимоӣ буд, ки тавонист миллати моро ба мақсуд расонад. Ҷомеаи моро имрӯз низ зарур аст, ки аз шеваҳои консесиус истифода намоем ва ҳамеша дар рафъи мушкилоти иҷтимоӣ саҳим бошем ва вазифаи иҷтимоии хешро дуруст ва комил анҷом диҳем.

Вале, мутаассифона, роҳбарони баъзе аз ниҳодҳо камбудиҳоро рӯйпӯш мекунанд ва ба ҷои ҳал кардани мушкилӣ, баръакс, мушкилоти нави иҷтимоиро ба миён меоранд ва аз натиҷаю оқибатҳои он, ки боиси шикаста шудани фазо байни ҳокимияти сиёсӣ ва мардум мешавад, намеандешанд. Ин раванд оқибатҳои хуб надошта, ҳамбастагии иҷтимоиро аз байн мебарад ва дар зеҳнияти ҷомеа бовариро ба оянда тира месозаду ҳамоқатро ба миён меорад. Аксари чунин нафарон аз шеваҳои дурусти муосири муносибат бо зердастон истифода намебаранд ва аксаран меъёрҳои ахлоқӣ ва ҳуқуқиро вайрон намуда, аз шеваҳои дағалӣ, таҳқир, нописандӣ ва амсоли ин истифода мебаранд. Чунин тарзи рафтор ва муносибати баъзе аз роҳбарон муҷиби он мешавад, ки дар зеҳнияти ҳамаи зердастон чунин тасмиме ба вуҷуд ояд, ки на танҳо ҳамон шахсияти мушаххас, балки дар кул низоми роҳбарӣ ҳамин ҳолатро дорад, ки минбаъд чунин тарзи фаҳмиш обрӯи ҳокимияти сиёсӣ ва мақомоти роҳбарикунандаро хадшадор менамояд. Аксари чунин нафарон дар баробари истифода намудан аз чунин шеваҳои номақбул, гоҳо чунин даъворо пеш меоранд, ки гӯё барои татбиқи сиёсати Ҳукумати ҷумҳурӣ онҳо аз чунин шева кор мегиранд. Аксари чунин нафарон ба ҷои он ки сиёсати Ҳукумати ҷумҳуриро татбиқ намоянд ва аз механизми татбиқи дуруст истифода намоянд, баръакс, мухолифати иҷтимоиро дар баробари сиёсати мавҷуда ба миён меоранд, зеро мардум дар симои онҳо нафари аз ҷониби ҳукумат таъйиншуда ё аз ҷониби Сарвари Давлат таъйиншударо мебинанд. Гоҳо чунин нафарон ҳатто аз ваколатҳои мансабӣ сӯистифода намуда, барои шиор ва рӯпӯш намудани худ аз номи Роҳбари Давлат истифода мекунад, ки баръакс, ба сиёсати созанда ва мардумии Роҳбари Давлат иснод меоранд.

Тибқи назари консесус ё ризоияти иҷтимоӣ, бояд мушкилоти иҷтимоие, ки пеш меоянд, бо усули муайян намудан ва таҳлилу баррасии сабабу оқибатҳои онҳо ва дар ин асос андешидани чораҳои амалӣ ва муайян намудани роҳи дуруст ва илмии мушкилоти ҷойдошта бароварда карда мешавад, то нагузорад мухолифатҳо барои барҳам задани суботи иҷтимоӣ замина фароҳам оваранд. Баъзе аз шеваҳои бади идоракунӣ айни ҳол вуҷуд доранд, аз назари моҳиятӣ онҳоро шартан метавон чунин дастабандӣ намуд:

а) Шеваи дағалӣ ва фишор овардан. Ин шева агар натиҷа диҳад ҳам, вале зердастон худро таҳқиршуда меҳисобанд ва мухолифатҳоро дар оянда байни гурӯҳҳои мухталиф ва табақоти иҷтимоӣ ба миён меоранд:

б) Шеваи популизм. Ҳадафу амал на татбиқи дурусти сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурӣ, балки расидан ба ҳадафҳои молиявию таҳкими нуфузи сиёсии инфиродии хеш ва ин воқеиятро таҳриф карда нишон додан дар назди ҳокимияти иҷроия.

в) Бо ҳар роҳу восита нигоҳ доштани мақом ва мансаби худ. Гурӯҳи мазкур ҳадафашон на танҳо амалӣ намудани сиёсати ҳукумати ҷумҳурӣ балки баръакс ба ҳар қиммат, ки набошад худро “дилсӯзу ҷоннисори миллат” вонамуд карда, дар доираҳои тасмимгир воқеияти таҳрифшударо нишон додан аст.

г) Ҳисси масъулиятшиносӣ надоштан ва андеша накардани ин ки зери дастон ё кормандони ниҳод низ шаҳрвандон комилҳуқуқанд ва онҳо низ дорои ҳуқуқ ва вазифаҳои худ мебошанд. Ин вазъро метавон сӯистифода ё берун шудан аз ваколатҳои касбӣ унвон кард.

Шеваҳои мазкур ҳолати инфиолиро дар ҷомеа ба вуҷуд меоранд ва дар ҳар ниҳоде сарфи назар аз хурду бузург вақте чунин шеваҳо истифода мешаванд, ҳатман гурӯҳҳои норизо ва мухолифро ба вуҷуд меорад. Барои бозингарони геосиёсии минтақавию ҷаҳонӣ ҷалб кардани ҷунин гурӯҳҳои ранҷидахотир тез ва ба осонӣ даст медиҳад. Мо аксар маврид шиква мекунем, ки бегонагон суботи иҷтимоии моро намехоҳанд ва аз бехабарӣ ва нохудогоҳии мардуми мо сӯистифода мекунанд.

Бояд қайд кард, ки чунин тарзи шеваҳои бади мудирият боиси афзудани мухолифатҳои иҷтимоӣ шуда, гурӯҳҳои осебпазиреро ба вуҷуд меорад, ки онҳо вақте мушкили иҷтимоии худро ҳал карда наметавонанд, вақти худро таҳқиршуда ё беҳуқуқ эҳсос мекунанд, худро ба гурӯҳҳои мухталиф мансуб мекунанд ва сафи мухолифини сиёсиро афзуда, дар дурнамо субботи иҷтимоиро барҳам мезананд.

Аз тарафи дигар солиёни охир дар иддае аз кишварҳои шарқӣ бахусус, дар Шарқи наздику Миёна инқилобҳое ҳам сурат гирифтанд, ки натавонистанд ниёзҳои иҷтимоиро бароварда созанд.

Яке аз суолҳои матраҳе, ки дар зеҳн русух мекунад ин ки чаро дар кишварҳои шарқӣ инқилобҳое, ки ба амал меоянд, на танҳо вазъро беҳбуд намебахшанд, балки бо сарнагун шудани як қудрати худкома қудрати худкомаи дигареро рӯи кор меоваранд. Чунин навъи инқилобҳоро дар сад соли гузашта дар аксари кишварҳои Шарқи наздику миёна метавон ба осонӣ мушоҳида намуд. Иддае аз ин инқилобҳо пирӯз мешаванд, вале бо набуди роҳкорҳои дуруст ба шикаст мувоҷеҳ мешаванд ва хостаҳои мардумро бароварда карда наметавонанд.

Ба назар мерасад, ки набуди як барномарезии мушаххас ноогоҳӣ аз шароити мавҷудаи ҷомеа дар назар нагирифтани манофеи миллӣ эҳтиром нагузоштан ба ҳуқуқи ақаллиятҳо таҳаммул накардани дигарандешон аз омилҳои нокомии ин гуна раванд ва ҳаракатҳои сиёсӣ гардидаанд. Сарнагунӣ ва барандозии бидуни огоҳӣ шинохти шароит, истиқомат ва пойдорӣ ба натиҷаи матлубе нахоҳад расид ва мушкилотро ҳал нахоҳад кард. Зеро бо сарнагунии низоми худкома мушкилот ҳал намешаванд, костиҳо аз байн намераванд ва адолати иҷтимоӣ барқарор намегардад. Сарнагунии низом монанди мубориза ба нишонаҳои маризӣ аст, на бо худи маризӣ.

Бинобар ин, раҳоӣ дар мубориза ба худкомагӣ аст. Яъне он тарзи тафаккуре, ки худкомагиро ба миён меоварад на ба худи худкома.

“Агар сад бор ҳукуматҳоро аз беху бун иваз намоӣ, агар тамоми душманони фарзӣ ва ҳақиқиятро аз рӯи замин маҳв кунӣ, агар тамоми афлок ва самовотро ба хидмат дар оварӣ, то решаи мушкилро дар худамон хушк накунем, тамоми ин авомил эҳтимолан мусакинҳое хоҳанд буд ва дард баъд аз муддате ба наҳва ва шакли дигаре боз ҳам гиребонатро хоҳад гирифт” (Ҷомеашиносии худкомагӣ. Алии Ризоқулӣ. “Нашри най” 1373. 244 саҳ.).

“Тазмини ҳуқуқи сиёсӣ, иҷтимоӣ иқтисодии афрод, сохтори вижаеро металабад, ки заминаи он ҳаргиз дар ҷомеаҳои мо ба вуҷуд наомадааст ва мардумони мо тавқифи шинохтани онро надоштаанд. Аз ин рӯ куштан бо шамшер, табар ва арра кардан аз абзори аслии таҳмили иродаи қавитар барои ҷуброни таҷовуз ба ҳуқуқи афрод будааст. Ҳуқуқи сиёсӣ ба шакле, ки имрӯз дар ҷаҳон шинохта шуда, дар Эрон ҳаргиз вуҷуд надоштааст. Ҳуқуқ бояд дар равобити иҷтимоӣ ҷон бигирад ва тазмин пайдо кунад. Касоне, ки мехоҳанд дар ҷомеаи инсонӣ решаи арра карданҳоро бихушконанд, мебояд кинаи худро фақат мутаваҷҷеҳи арра ва арракашӣ накунанд, чаро ки арра ва арракаш ҳарду аз падидаҳои иҷтимоӣ ҳастанд” (Ҷомеашиносии худкомагӣ. Алии Ризоқулӣ. “Нашри най” 1373. 244 саҳ.).

Агар ба воқеъбинӣ ва хирадгароӣ мушкилотро решаёбӣ кунем, мебинем, ки инқилоби идеологӣ ва ё инқилоби сиёсӣ роҳи ҳал нестанд ва ё ҳадди ақал ба танҳоӣ роҳкушо ва раҳоянда намебошанд.

Барои роҳҳалҳои ин мушкил бояд хирадгароиро дар ҷомеа тавсеа дод ва пеш аз ҳама огоҳӣ ва дониши илмиро бар нодонию вопасгароӣ, воқеатгариро бар идеалгарӣ, ҳақиқатталабиро ба ҷои таваҳҳум ва кӯшишталабиро ба ҷои таваккал дар ҷомеа тавсеа дод. Яъне то замони ин ки мушкил дар равону мағзи як ҷомеа ё миллату халқияте ислоҳ нашавад, ҳеҷ як инқилобе наметавонад мушкилро ҳал кунад ва он ҷомеаро иваз намояд.

Дар тӯли таърих мардумони сарзаминҳои шарқӣ мусалмониро ҳукуматҳои худкома, ки худро машруияти илоҳӣ медонанд, бо зулму истибдод бартарии хешро бар қонун нишон додаанд ва сабаби аслии норасоиҳои иҷтимоӣ набуди имкони баробар барои ҳама тафовути зиёди табақотӣ ва фақри густурдаро ба миён овардаанд. Ҳамин аст, ки мардумони сарзаминҳоямон қонунситез шудаанд. Зеро дар низоми худосолорӣ қонун на барои барқарории адолат, балки ҷиҳати барқарории итоат аст. Нобаробарӣ ва беадолатии ҳукуматҳои истибдодӣ мардумони ин манотиқро табдил ба афроди якрав, худсар, худмеҳвар, масъулиятнопазир ва тамошочӣ гардонидааст, ки нуқтаи муқобилест бар шаҳрванд, пӯёӣ ва масъулиятпазирӣ.

Масъалаи дигар ин нақши абарқудратҳо (қудратҳои минтақавию ҷаҳонӣ) ва таъсири онҳо дар шаклгирии ҷомеаамон ба ҳисоб меравад. Гоҳо тибқи назарияи тавтеа фикр мекунем ҳама мушкилот ва нотавонии мо аз абарқудратҳо вобаста аст ва онҳо намегузоранд, ки мо рушд кунем ё вазъиятҳои инқилобиро ба вуҷуд меоваранд ва ҷомеаро вобаста аз манофеъашон ба изтироб меоваранд. Чунин андеша то андозае ғалат ва ғайри воқеӣ аст. Зеро омилро дар ҷомеа худи мо ба вуҷуд меоварем ва он аз дуруст ва воқеӣ иҷро нашудани вазоифи ниҳодҳои муайяни иҷтимоӣ сурат мегирад.

Чунин навъи муносибат заминаро барои бархӯрд ба вуҷуд меоварад. Яъне, вақте ниҳодҳои гуногуни иҷтимоӣ ниёзҳои мардумро бароварда карда наметавонанд ва мушкили иҷтимоӣ саривақт ҳалли худро намеёбад ором-ором мухолифатҳо то сарҳади бархурд омада мерасанд ва байни давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ фосилаи тӯлонӣ ва халои фазоӣ ба вуҷуд меояд. Бадтарин ҳолат он аст, ки вақте эътимоди мардум ба давлат ва ниҳодҳои иҷтимоӣ аз байн меравад ва ҳадди ноадолатӣ дар ҷомеа то он ҷо боло мегирад, ки дигар дар чеҳраи як (фард) давлати дигар ё идеологияи дигар, агарчи ҳеҷ решаи худӣ надошта, ба дасти бегонагон тарроҳӣ шуда бошад, мушкилкушои худро мебинад.

Дар ин росто низ бояд қайд кард, ки қудратҳои минтақавию ҷаҳонӣ бо ҳар кишвар вобаста аз тарзи тафаккур худшиносии мардуми ҷомеаи он муносибатҳои хешро матраҳ месозанд. Мусаллам аст, ки равобити абарқудратҳо ва муносибати онҳо на танҳо ба кишвари мо, балки ба ҳар кишваре, ки набошад аз диди бароварда кардани манфиатҳояшон муносибат мекунанд. Яъне ҳар кишваре, ки даъвои қудрати минтақавию ҷаҳонӣ дорад, бо кишварҳои дигар аз рӯи мақсадҳои хоси иқтисодию баҳрабардорӣ муносибат мекунад. Барои онҳо фарқе надорад, ки кишвари мавриди назар аврупоӣ аст, африқоӣ аст ё осиёӣ.

Аммо нуқтаи асосӣ ин аст, ки вобаста аз сатҳи дониш, ҷаҳонбинӣ ба онҳо муносибат хоҳад кард. Барои мисол Олмон ва Ҷопонро метавон мавриди таҳлил қарор дод, ки баъд аз ҷанги ҷаҳонии дувум ин кишварҳо шикастхӯрда ва ҳама чизро аз даст дода буданд. Махсусан, Олмон вазъи фалокатборе дошт: на танҳо корхона ва коргоҳҳои қобили мулоҳизае, ки солим монда ва тавлидоте дошта бошанд, надошт, балки аксари хонаҳои истиқоматии мардум зери бомбаборонҳо аз байн рафта буданд. Шаҳрҳояш ба харобазорҳо мубаддал гардида буданд. Амрикоиҳои сарватманд на танҳо ба хотири кӯмак ва инсондӯстӣ, балки ба хотири манфиатталабӣ ва нафъҷӯӣ барои олмониён ва ҷопониҳо сармогузорӣ карданд, то аз коргарон ва мутахассисони арзони ин кишварҳо истифода кунанд ва бозорҳои ин кишварҳоро барои маҳсулот ва маснуоти худ истифода намоянд.

Сарфи назар аз ҳар навъ ангезаҳое, ки амрикоиҳо барои ин кор доштанд, пас аз гузашти муддати ночизе дар баробари таърихи дигар миллатҳо Ҷопон ва Олмон худро аз банди вобастагии дигарон озод сохтанд ва ором-ором ба яке аз рақибони иқтисодии Амрико низ табдил ёфтанд. Ин пеш аз ҳама бозгӯкунандаи он аст, ки ин ду миллат чун миллати огоҳ буданд ва хирадгарову хирадпеша буданд, ба илм ва донишҳои илмӣ такя намуданд, аз сармоягузориҳои баҳраҷӯии қудратҳо истифода намуданд, худро ба ҳайси як қудрати минтақавӣ табдил доданд. Аз ин бармеояд, ки амалкарди абарқудратҳо ва муносибати онҳо низ вобаста аз чигунагии афкор, андеша ва фаҳму дарки миллатҳои дигар аст.

Яъне, мушкил дар абарқудратҳо нест, балки мушкил дар худи мо аст. Мушкил дар тарзи тафаккур, тарзи муносибат ва нодониву вопасгароии худи мо аст. Агарчӣ, сохторҳои иҷтимоиро ба сохторҳои муосири мардумсолор ва муосир монанд мекунем, вале аксаран тақлидҳои зоҳирӣ ва механикии фаннӣ ва низомии кишварҳои дигаранд. Онҳо моҳиятан вазифа ва функсияҳои хешро то охир иҷро намекунанд. Барои эҷоди як кишвари дар воқеъ, мардумсолор бояд заминаҳои фарҳангӣ ва тафаккуриву ҳуввиятӣ бо назардошти манфиатҳои миллӣ ба вуҷуд оварда шавад, ки тарзи тафаккури ҳар фарди ҷомеа мардумсолор бошад, он гоҳ метавонем ба мардумсолорӣ бирасем.

Суоли матраҳе, ки аз муносибати Ҷопону Олмон бо Амрико ба миён меояд, ин аст, ки чаро Амрико бо он ҳама сармоягузорӣ, ки дар Олмону Ҷопони шикастхӯрда кард, натавонист салтанаташро барои истисморашон барои ҳамеша ҳифз кунад ва онро идома диҳад. Вале дар кишварҳое бесармоягузории чандоне онҳоро дар ихтиёри хеш нигоҳ медорад. Пас иллат вуҷуди абарқудратҳо нест. Балки иллат дар зафъ ва нотавонии худи кишварҳост, ки он пеш аз ҳама, ба суннатгароӣ, таассубу хурофот, нодонӣ ва ҷаҳолати бошандагони ин кишварҳо марбут аст.


Исомиддин Шарифзода

номзади илмҳои фалсафа


Комментарии для сайта Cackle