Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

Рушди деҳот ва ҷомеаи осоишта


02.03.2021 09:13

: 49

Ҷаласаи навбатии Маҷлиси идоракунии лоиҳаи “Беҳсозии ҳамҷояи ҳифзулсиҳат ва макони зист дар минтақаи Рашт”, ки дар ҳамдастии Дафтари Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ (SDC) ва хадамоти Ташкилоти Оғохон оид ба рушд (AKDN) дастгирӣ карда мешавад, дар бинои меҳмонхонаи Serena бо иштироки Раиси Кумитаи Рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосим Роҳбар, муовинони вазорату кумитаҳои давлатӣ, намояндагони Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон, Раисони мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллии водии Рашт ва Намояндаи Доимии Ташкилоти Оғохон оид ба рушд (AKDN) дар Тоҷикистон Қозидавлат Қоимдодов, намояндагони Дафтари Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ, Директори Иҷроияи Фонди Тоҷикистонии Оғохон ва масъулони дигар аз хадамотҳои AKDN баргузор гардид.

Маҷлисро бо сухани муқаддимавӣ муовини якуми Раиси Кумитаи Рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Бег Хол ҳусни оғоз бахшида, ташкили чунин ҷамъомад миёни намояндагони ҳукумат ва шарикони рушдро баҳри таҳкиму тақвият бахшидани ҳамкориҳои минбаъда бо мақсади беҳтарсозии фазои пешрафту инкишофи созандаи давомдор барои мардуми кишвар хеле зарур зикр намуд.

Раиси Кумитаи Рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосим Роҳбар ба шарикони рушд - Ҳукумати Швейтсария (SDC) ва Ташкилоти Оғохон оид ба рушд (AKDN) барои дастгирии пайваста ва ҳамкориҳои судманд бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори миннатдории хешро баён намуд. Номбурда аҳамияти барномаи мазкурро барои минтақаи Рашт зарурӣ ва бамаврид шумурда, амалӣ шудани онро дар таъсиси ҷойҳои нави корӣ барои мардуми маҳал, баланд намудани сатҳи касбиятнокӣ ва некуаҳволии он мусбат арзёбӣ намуд:

“Мо ҳамеша барои ҳамкории мутақобилан судманд бо шарикони рушд дар самтҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа омода ҳастем ва баҳри таҳияву татбиқи лоиҳаҳову барномаҳо ҳаматарафа мусоидат хоҳем кард”, - афзуд ӯ.

Намояндаи доимии AKDN, Сафир Қозидавлат Қоимдодов ва Ташкилоти Оғохон ва хадамоти онро ҳамчун шарики боэътимоди ҳукумат номида, ҳамкориҳои дарозмуддат бо онро қаноатбахш арзёбӣ намуд. Вай афзуд, ки дар Тоҷикистон AKDN беш аз даҳ хадамот дошта, онҳо дар самтҳои гуногун, аз ҷумла бахши маориф, тандурустӣ, рушди деҳот ва аграрӣ, телекомуникатсия, энергетика, рушди сайёҳӣ ва соҳибкорӣ, макони зист, низоми бонкӣ ва дигар бахшҳо фаъолият намуда истодаанд:

“Барои беҳтару ба таври шаффоф татбиқсозии лоиҳаҳо мо тасмим гирифтем, ки Гуруҳи Роҳбарикунанда дар сатҳи намояндагони давлатӣ ва шарикони рушд таъсис диҳем. Мақсади ташкил намудани гуруҳи мазкур аз он иборат аст, ки ҳамкориҳо миёни бахши хусусӣ, донорҳо ва ҳукумат дар сатҳи беҳтару бештар идома ёфта, аз натиҷаи онҳо лоиҳаҳо ба шумораи зиёдтари мардум ва барои солҳои дарозтар хизмат намоянд. Тамоми барномаҳои муштараки шарикони рушд ва ҳукумат бояд вобаста ба хоҳиш ва ниёзи мардум муайян, мувофиқа ва роҳандозӣ карда шаванд. Лоиҳаи беҳсозии ҳамҷояи ҳифзулсифат ва макони зист, ки аз ҷониби SDC ва хадамотҳои AKDN пиёда шуда истодааст, ҷиҳати баланд бардоштани сифати зиндагии мардум, эҷоди фазои амн ва ҷойҳои корӣ заминаҳои назарас хоҳад гузошт”, - гуфт Қоимдодов.

Намояндаи Дафтари Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ (SDC) дар Тоҷикистон хонум Светлана Ҷумаева эҳсоси хушҳолии Роҳбарияти SDC-ро ҷиҳати ҳамкориҳои самаранок бо хадамотҳои AKDN - Фонди Тоҷикистонии Оғохон (AKF), Хадамоти Оғохон оид ба макони зист (АКАН), Барномаи Ҷонибдории Инкишофи Иҷтимоии Куҳистон (MSDSP), Хадамоти Оғохон оид ба Тандурустӣ (AKHS) ва дигар шарикон ва сохторҳои ҳукуматӣ изҳор намуд. Ӯ қайд намуд, ки барои роҳандозӣ намудани марҳилаи дуввуми лоиҳа SDC 46%-и онро маблағгузорӣ намуда, боқимондаи онро AKF, AKAH ва дигар шарикон ҷалб менамоянд.

Лоиҳаи мазкур бисёр махсус аст, зеро он ба самти беҳтарсозии таъмини хатти оби нушокӣ ва шароити санитарӣ, ҳифзулсиҳат, коҳиши офатҳо ва идоракунии захираҳои табиӣ равона гардидааст ва ҳамаи ин бахшҳо дар якҷоягӣ мафҳуми ҳамҷоя будани барномаро инъикос менамоянд, гуфта шуд дар ҳамоиш.

Хонум Светлана афзуд, роҳбарияти SDC умедвор аст, ки ҳангоми татбиқи ин лоиҳа кулли мардуми водии Рашт аз он баҳрабардории тӯлонӣ хоҳанд кард.

Дирекори Иҷроияи Фонди Тоҷикистонии Оғохон (AKF) Кишвар Абдулалишоев ва Ҳамоҳангсози лоиҳаи “Беҳсозии ҳамҷояи ҳифзулсиҳат ва макони зист” дар минтақаи Рашт Саидалӣ Қодиров оид ба пешрафту фаъолиятҳо дар доираи барнома маълумот доданд. Аз ҷумла, қайд гардид, ки буҷаи умумии лоиҳа 10.518.912 франки швейтсариро ташкил дода, мӯҳлати татбиқсозии он аз моҳи январи соли 2018 то декабри соли 2021 буда, ноҳияҳои Файзобод, Нуробод, Рашт, Тоҷикобод, Лахш, Сангвор ва шаҳраки Роғунро фаро мегирад. Амаликунандагони лоиҳаи мазкур Фонди тоҷикистонии Оғохон, Барномаи Ҷонибдории Инкишофи Иҷтимоии Манотиқи Кӯҳистон, Хадамоти Оғохон оид ба тандурустӣ, Хадамоти Оғохон оид ба макони зист мебошанд.

Гуфта шуд, ҳадафи лоиҳа аз он иборат аст, ки аҳолӣ аз хизматрасониҳои асосӣ дар ҷомеаи осоишта баҳра бурда, сифати зиндагии худро беҳтар менамоянд. Натиҷаҳои ниҳоии лоиҳа аз он иборатанд, ки занон ва ҷавонон дар рушди маҳал фаъолона иштирок мекунанд, аҳолӣ ба хизматрасонии асосӣ дастрасӣ дошта, аз онҳо истифода намуда, муносибаташро нисбат ба солимии ҳаёт, муҳити зисти устувор ва эмин будан аз офатҳои табиӣ беҳтар менамояд. Лоиҳа дар тамоми ноҳияҳои минтақаи Рашт фаъолият намуда, 147 деҳа, 20816 хонавода, 139.429, яъне 32%-и аҳолиро фаро мегирад.

Намояндагони Фонди тоҷикистонии Оғохон илова намуданд, ки ғайр аз ин, дар доираи лоиҳа фаъолиятҳо ҷиҳати мубориза ва пешгирӣ аз бемории сироятии COVID-19 як қатор кумакҳоро ба аҳолии минтақаи Рашт пешкаш намуданд. Аз ҷумла, таъмини маводи муҳофизатӣ (дастпӯшак, ниқобҳо, хлор, спирт, термометр, ва ғ.) ба 7 ноҳия, таъмини 50 кати хоб ва мавоҳои лозимӣ барои беморхонаи сироятии ноҳияи Рашт, дастрасии 70 пулсоксиметр барои ташхиси бемории сироятӣ. Буҷаи умумии ба зидди COVID-19 равонашуда зиёда аз 76,000 доллари амрикоиро ташкил намуд. Дар самти паст кардани таҳдиди хатари паҳншавии он бо 26.175 хоҷагӣ, 174.188 нафар (85,694 зан) корҳои фаҳмонидадиҳӣ гузаронда шуда, ба онҳо 43 794 варақаи иттилоотӣ тақсим карда шуд. Гурӯҳҳо 19.959 ниқоб дӯхта, 997 адад ба оилаҳои осеппазир ройгон дасрас карда шудааст.

Дар анҷом муовинони вазорату кумитаҳои дахлдор ва роҳбарони ноҳияҳо таклифу пешниҳодҳои худро ҷиҳати боз ҳам бештару беҳтар густариш додани ҳамкориҳо ва таҳияву татбиқкунонии лоиҳаҳои муштарак бо шарикони рушд иброз намуда, баҳри густариши муносибатҳои мутақобилан судманд изҳори умед карданд.


Комрон Қудратов


Комментарии для сайта Cackle