Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

Хӯҷа - башардӯст


15.02.2021 10:27

: 70

Аз тарки Қувваҳои ҳарбии маҳдуди Иттиҳоди Шӯравӣ аз Афғонистон 32 сол сипарӣ шуд. Ҳеҷ чиз ва ҳеҷ каси ин ҷанги пурасрор аз ёдҳо зудуда намешавад. Имрӯз ҷанговарони интренатсионалист дар тарбияи ҳарбӣ, ватандӯстии насли наврас саҳмгузор ҳастанд.

Лавҳа оид ба яке аз родмардони ин ҷабҳа пешкаши хонандагон мегардад.

Кумитаи кор бо ҷанговарони интернатсионалисти ноҳияи Фирдавии шаҳри Душанбе бо адои рисолати асливу муқаддаси хеш- гиромидошту зинда нигоҳ доштани ёди сарбозони башардӯсту ғӯрамарги ҷанги Афғонистони садаи гузашта, дастгирии маъюбону наздикони қурбоншудагон ва инчунин дигар башардӯстони низомию мулкӣ имрӯз тибқи тақозои замон ва авзои ҷаҳони тағйирёбанда фаъолияти густурда анҷом медиҳад.

Собиқадорони ҷанг новобаста аз вазъи саломатӣ ва сатҳи иҷтимоию зиндагӣ корномаи неки падарону бобоёни хешро бо дарки қарзи фарзандӣ ва эҳсоси амиқи масъулияти шаҳрвандӣ давом медиҳанд.

Дар Тоҷикистони азизи мо, ки батадриҷ рӯ ба инкишоф ниҳодааст ва истиқлолияти он чун азизтарин сарвату дастоварди миллист, созандагӣ ва бунёдкории содиқонаву беғараз мақсаду мароми аосии аҳли ҷомеа ба шумор меравад ва ҷанговарони интернатсионалист, ки аз миёни оташи ҷанг гузашта, сабақҳои вазнине бардоштаанд, ба набардҳои нави созандагӣ ҳамеша омодаанд.

Пайи амалӣ намудани ин ҳадафи созандагӣ Кумита таҳти роҳбарии Кумитаи кор бо ҷанговарони интернатсионалисти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастуру роҳнамоиҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ, хусусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе амал намуда, нақшаву чорабиниҳои муҳимми саривақтӣ ва зарурӣ тартиб медиҳад ва пайи иҷрои самарабахши онҳо кӯшиш менамояд.

Масъалаи тарбияи судбахши насли наврас ва таҳкими ҳувияти миллӣ, ки асоси ояндаи саодатбори сарзамини зебову аҷдодӣ ба шумор меравад, аз ҷумлаи мавзӯъҳоест, ки ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа ва бахусус ҷанговарони интернатсионалист қарор дорад. Ҷанговарони интернатсионалист дар ҳолатҳои гуногун бо ҷавонону наврасон ва падару модарони онҳо доир ба мавзӯъҳои ватандорӣ, худшиносӣ, эҳтироми фарҳанг ва ҳувияти миллӣ суҳбатҳо гузаронида, аз корномаи насли калонсолу миёнасоли муборизу башардӯст намунаҳо оварда, ҷавонону наврасонро ба бунёдкорӣ ва азиз доштани марзу буми Ватан даъват мекунанд.

Ҳамзамон бояд афзуд, ки масоили дигаре монанди гароишҳо ба майлҳои номатлуби бегонапарастӣ, ифротгароӣ ва тахрибгарӣ мо ҷанговарони интернатсионалистро низ ба ташвиш овардаанд ва пайдо намудани роҳҳои раҳоӣ аз онҳо дар фаъолияти ҳаррӯзаи аъзои Кумита мавқеи муҳим ва асосиро иғол менамояд. Дар ин робита, аъзои Кумита дар миёни ҷавонону наврасон ва калонсолон фаъолияти густурдаи тарбиявӣ роҳандозӣ намуда, таъкид мекунанд, ки миллати тоҷик ҳеҷ гоҳ ба фарҳанги бегона муҳтоҷ набудааст, баръакс қавму миллатҳои дигар аз сарчашмаи беолоишу сероби фарҳанги мо об хӯрдаанду мехӯранд.

Дар миёни аъзои Кумита Хӯҷа Мирзоев бо хоксорӣ, меҳрубонӣ, зарофату нармӣ ва масъулияти кордорӣ кайҳост, ки шинохта шудааст ва дӯстону ҳамхизматон ба ӯ боэҳтироми хос акаи Хӯҷа гуфта, муроҷиат мекунанд.

Аз зиндагиномаи акаи Хӯҷа:

Ӯ 03.01.1963 дар деҳаи Чормағзакони поёни ноҳияи Варзоб таваллуд шудааст. Пас аз хатми мактаби миёна дар курси ронандагӣ таҳсил намудааст. Моҳи апрели соли 1981 ӯро ба хизмати сарбозӣ даъват мекунанд ва то соли 1983 дар Республикаи Демократии Афғонистон қарзи башардӯстонаи худро адо менамояд. Пас аз адои хизмати аскарӣ ба зодгоҳаш баргашта, муддате ба ронандагӣ машғул мешавад ва сипас, ҳуҷҷатҳояшро ба шуъбаи ғоибонаи факултаи таърихи УДТ ба номи В. И. Ленин супорида, донишҷӯй мегардад. Ӯ аз ин хеле ифтихор мекунад, вале афсӯс мехӯрад, ки саломатӣ нагузошт, ки дар ягон ҷой дуруст кор кунам. Ӯ маъюби гурӯҳи сеюм аст, вале ҳеҷ гоҳе аз саломатиаш мисли баъзеҳо шикоят накардааст ва ҳамеша кӯшиш менамояд, ки худро бардаму бақувват, ба истилоҳ “строевой” нишон диҳад. Мутаассифона дар ташкили оила муваффақ нашудааст. Хеле зарофатгӯст ва ҳамсуҳбатро зиқ шудан намемонад. Таърифу ситоишро хуш надорад ва гумон мекунам, ки дурӯғгӯ низ нест ва агар гӯяд ҳам шояд хеле кам гӯяд. Акаи Хӯҷа муовини раиси Кумита аст ва ҳамеша дар пайи тараддуду корест. Ба қали худаш вақти сархорӣ надорад. Вай одатан ҳар рӯз пештар аз дигарон ба кор омада, дарро мекушояд. Сипас, чангу ғубори рӯйи мизу компютерро тоза карда, чой мемонад ва касе, ки дарояд ҳатман бояд як пиёла аз чойи акаи Хӯҷаро бинӯшад вагарна акаи Хӯҷа хафа мешавад.

Акаи Хӯҷа вазифаи коргузорро низ ба уҳда дорад ва ба қавли маъруф хатту чакдориро хуб медонад, ҷузвдонҳоро мураттаб намуда, кӯшиш мекунад, ки ягон мактуб ё дархост бетаваҷҷуҳ намонад. Як пой дар мактаб асту як пой дар комиссариати ҳарбӣ, гоҳ дар фасли сармо барои бачаҳо ангишт мекобаду гоҳ ба аёдати дӯстон меравад…

Ман, ки аслан кунҷковиро дӯст медорам, борҳо хоҳиш намудаам, ки аз хотироти замони ҷанг дар Афонистон ягон чиз ҳикоят кунад, вале хоксорӣ мекунаду мегӯяд, ки дигарон нақл кунанд, ман куҷову хотира куҷо. Охир ман ду маротиба куфтагӣ (контузия) гирифтаам ва бисёр лаҳзаҳоро дар хотир надорам. Пурсидам, ки дар кадом вазъият куфтагӣ гирифтааст. Ҳикоят кард, ки 09.05 соли 1982 дар вилояти Қундуз ҳангоми амалиёт ман ронандаи автомашинаи махсуси ёрии техникии ҷангӣ будам. – Ман,– мегӯяд ӯ, - дар қатор будам ва мошине, ки пеш аз ман ҳаракат мекард, ба мина бархӯрд. Қувваи таркиш чунон бузург буд, ки ду мошин якбора ба ҳаво бархост ва ман пас аз бист рӯз ба ҳуш омадам. Пас аз каме беҳтар шудан ба ман рухсатӣ тоданд, то омада дар хона дам гирам. Пас аз дамгирӣ ва баргаштан ба қисми ҳарбӣ взводи моро дар дидбонгоҳи муҳофизати ҷангӣ ҷойгир карданд. Берунтар аз ҳудуди қароргоҳи ҷангӣ гузаргоҳҳое буданд, ки душманон метавонистанд аз онҳо истифода намуда, ба мо ҳуҷум оваранд ва аз ин рӯ, мо дар чунин ҷойҳо шинак мегирифтему назорат менамудем. Боре шабона ҳангоми чунин навбатдорӣ аз ҷониби деҳаи наздик тахминан 10-12 аспсавор ба сӯйи мо метохтанд. Мо пас аз огоҳ кардану иҷрои амрҳои зарурӣ маҷбур шудем, ки оташ кушоем. Онҳо низ оташ кушоданд. Хушбазтона аз се нафари мо касе захмӣ нашуд, вале онҳо захмӣ шуданду як нафарашон аз болои асп ба зер афтид. Онҳо он афтидаро намедонам, зинда буд ё мурда аз замин бардошта, пешин зин гирифта, гурехтанд, вале аспи он афтида дар майдон шиҳа мекашиду чаҳор тараф метохт. Шаб гузашту субҳ дамид. Ҳама командирону афсарони баландрутба ва генералҳо омаданду тафсилоти ҳодисаро хостанд. Мо гуфтему навиштем, баёнот додему ҳикоят кардем. Хулоса худро қаҳрамон медонистем. Аҷибаш он буд, ки асп ҳамоно дар майдон буду диққати генералро ба худ ҷалб кард. Пурсид, ки ин чӣ асп аст? Гуфтам, аспи босмачӣ, соҳибаша паррондам, худаш монд. Гуфт, ки аспи хуб будааст, илоҷ ёбӣ тарафи деҳа биронаш, шояд равад. Воқеан, аспи саманди ҷавону зебое буд. Ман, ки худ аспҳоро дӯст медорам, ният кардам, ки то даромадгоҳи деҳа мебараму раҳояш мекунам, дигар таваккалаш ба Худо. Пас аз рафтани ҳама ва ором шудани авзо оҳиста-оҳиста ба асп, ки мечарид, наздик шудам. Вай намегурехт, балки маро дида, наздик омад ва тарафам шиҳаи нарме кашид. Ман аз лаҷомаш гирифтаму хостам по ба рикоб ниҳаму савор шавам, аммо ҳама зину афзораш пур аз хун буд. Дилам ғаш карду аз ҷилаваш гирифта, аслан каме тарсида, вале устувор қадам зада, то наздки кулбаи аввал деҳа расидам ва таваккалат ба Худо гуфтаму ҷилавро раҳо кардам. Асп боз шиҳаи нарме кашиду тарафи тангкӯча рафт. Ман ба ақибам нигоҳ накарда, баргаштам. Ман силоҳамро бо худ нагирифта будам ва ҳар замон ҳодисае метавонист рух диҳад, вале хушбахтона сиҳату саломат ба назди бачаҳо расидаму оҳи сабуке кашидам. –Пас аз ин ҳодиса ана ҳамин медали “Барои шуҷоат ва мардонагӣ” - ро ба ман доданд,– гуфт.

Воқеан, сари синаашро ордену медалҳои зиёде оро медиҳанд, ки худ баёнгари корномаи ҷангии ӯст.

Боре пурсидамаш, ки акаи Хӯҷа синнатон аз панҷоҳ боло рафтаасту чаро боре дар фикри зану оила ва фарзанд нашудед? Каму абрӯ ба ҳам кашиду гуфт:

– Муаллим, пеш аз зану фарзанд аввал фикри хонаву дару шароити зиндагиро кардан лозим. О, ман фақат нафақаи маъюбӣ мегирам ва боз хона надорам, зана куҷоба мефарорам.

Гуфтамаш:

– Навмед набояд шудан аз гардиши айём,

Ҳар шом, ки ояд, зи пайи он саҳаре ҳаст.


Салоҳиддин Амонӣ

узви Кумитаи кор бо

ҷанговарони

интернатсионалисти

ноҳияи Фирдавсӣ


Комментарии для сайта Cackle