Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

Конибодом дар дасти кист? Чаро Паёми Президент ба и.в. раиси шаҳр маъқул нест?


01.02.2021 15:43

: 743

Бино ба хабари дарёфтӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 2 феврал бо мақсади иштирок дар иди Садаи ниёгон, таъсиси боғҳои нав, мулоқоту суҳбат бо сокинони вилоят, ифтитоҳи як қатор иншооти ҷашнӣ ба ифтихори иди бузурги миллӣ – 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ба вилояти Суғд ташриф меоранд.

Ин сафари кории Сарвари давлат метавонад ба навъе натиҷагирӣ аз сафари моҳи октябрӣ ва иҷрои вазифаҳое арзёбӣ шавад, ки ду моҳ қабл пешорӯи чанде аз раисони навтаъини шаҳру ноҳияҳо гузошта шуд.

Аз ҷумлаи ҳамин гуна “навтаъинҳо” ва аниқтараш, “иҷрокунандаи вазифа” Абдусалом Тӯхтасунзода аст, ки баъди солиёни зиёди кор дар мақомоти заминсозӣ и.в. раиси шаҳри Конибодом таъин шуд. Касе, ки натавонист дар дуввуним моҳи иҷрокунандагӣ худро ба ҳайси як роҳбари кордон муаррифӣ кунад. Яке аз нахустин “нуқси стратегӣ”-и ӯ, ҳамчун роҳбари навтаъин, ба интернет роҳ ёфтани акси ҷанҷолии “3 коргар ва 500 раис” аст, ки баъдтар бардошта шуд. Бархе зердастони и.в. раиси шаҳр худро сафед карда, онро кадом як семинари кишоварзони вилоят номиданд.

Ана дар ҳамин ҳол, бо гузашти як ҳафта аз Паёми Президент ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ наметавонед ба ҷуз хабаре, ки гӯё Паёмро дастаҷамъона тамошо кардаанд, маълумоти дигареро аз сомонаи расмии ҳукумати шаҳри Конибодом дарёфт кунед. Ҳатто матни худи Паёмро, ки ҳуҷҷати тақдирсоз ва сафарбаркунанда барои имсолу солҳои дигар арзёбӣ мешавад, дар сомонаи расмӣ нагузоштаанд, то дастраси сокинони шаҳр бошад.

Паёми Президенти Тоҷикистонро сиёсатшиносону таҳлилгарони зиёд баррасӣ мекунанд, шарҳ медиҳанд. Ҳар рӯз аз ахбори ВАО мехонем, ки дар ин ё он минтақаи ҷумҳурӣ вобаста ба шарҳи Паёми Президент чорабиние баргузор шуда, аммо на дар шаҳри Конибодом. Аксаран Паёми Президент ва стратегияву барномаҳои давлатии ҷумҳуриро дастгирӣ мекунанд, таблиғ мекунанд, аммо чаро ин ба и.в. раиси шаҳри Конибодом маъқул нест?

Ба ғайр аз ин, дар ин муддат ягон хабару мақола на танҳо оид ба Паём, балки аз саҳми Пешвои миллат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ дар рушди шаҳри Конибодом мавҷуд нест. Ба ҳамин хотир ҳам шумораи истифодабарандагони сомона дар як моҳи охир ҳамагӣ 4195 нафар аст. Ин пасттарин омор дар қиёс ба дигар шаҳру ноҳияҳо аст, ки ҷойи нигаронӣ дорад.

Дар муқобили ин, беш аз 70 дарсади муҳтавои сомона ба тарғиб ва тавсифи худи и.в. раиси шаҳр равона шудааст. Боздидҳои тантанавии ӯ аз ин ё он мавзеъ бо аксҳои зиёд ҷо дода мешаванд. Ҳоло он ки ӯ вазифаи худро иҷро мекунаду ба тавсиф зарурат надорад. Ё шояд воқеан фикр мекунад, ки сокинону хонандагони шаҳри Конибодом ахбори марбут ба Ҳукумати ҷумҳурӣ, Пешвои миллат ва дигар роҳбарони давлатро аз дигар сарчашмаҳо дастрас кунанд?

Ҳатто дар ин рӯзҳо, ки аксар сокинон ва мақомоти шаҳру ноҳияҳои дигари вилоят ба сафари имрӯзаи Сарвари давлат омодагӣ мебинанд, на сомонаи расмӣ ва саҳифаҳои иҷтимоии марбут ба ҳукумати шаҳри Конибодом гӯё чизе набошад, ба даҳон гирифта нишастаанд. Ҳоло Абдусалом Тӯхтасунзода танҳо иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр аст, яъне дар давраи санҷишӣ қарор дорад. Дар ин дуввуним моҳ агар натавонист кореро анҷом диҳад, ки дархӯри сокинон, ё баёнгари барномаҳои давлатӣ бошад, баъди “раис” шудан чиро метавон интизор шуд?

Замоне ки ин сатрҳо навишта мешуданд, ба ёд расид, ки чанд сол қабл дар чанд деҳаи шаҳри Конибодом мавзӯъи замин барои қабристон доғ шуда буд. Он вақт Абдусалом Тӯхтасунзода раиси Кумитаи замини шаҳр буд. Ин мавзӯъи доғ замоне доғтар шуд, ё ба қавле, “ба оташ равған рехт”, ки номбурда ба мактуби Дастгоҳи иҷроияи Президент шарҳи нодуруст дода, вазъро комилан дигаргуна тасвир карда буд. Яъне, аз ҳамон вақт и.в. раиси шаҳри Конибодом ба асноди муҳими давлатӣ сарсарӣ бархӯрд мекарду мушкили мардум барояш бегона буд.

Маъмулан, ҳар нафаре, ки ба вазифаи баланди давлатӣ, ё ҳадди ақал, и.в. таъин мешавад, талош мекунад, ки дар кутоҳтарин фурсат нахуст сазовори эътимоди Давлату Ҳукумат ва ҷомеа гардад. На ҳама аз ин имтиҳон мегузаранд. Аммо касоне ҳастанд, ки сарфи назар аз ҷавонӣ ва таҷрибаи ками роҳбарӣ хеле талош меварзанд, садоқат нишон медиҳанд, ба маънои томаш кор мекунанд. Мешавад аз Маъмурзода Адҳам мисол овард, ки аз ҷумлаи ҷавонтарин роҳбарони шаҳру ноҳия дар ҷумҳурӣ буда, низ дуввуним моҳ қабл иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Истаравшан таъин шуд. Аммо дар қиёс, Абдусалом Тӯхтасунзода, ки ба қавли худаш, “зада-зада аз заминченкунӣ то и.в. раиси шаҳр расид”, чӣ фаъолияти чашмрасе дошта, ба ҷуз ин ки ба худтаблиғкунӣ ва тавсифу воҳимаи кори накардааш машғул аст?

Шаҳри Конибодом дар чорроҳаи воддии Фарғона қарор дорад. Дар минтақае, ки гуфта мешавад, аъзои гуруҳҳои ифротӣ кам нестанду ба ҳайси як минтақаи доғ муаррифӣ мешавад. Вале дар ин дуввуним моҳи и.в. раиси шаҳр будани Тӯхтасунзода боре набуда, ки кадом як чорабинии марбут ба ҷилавгирӣ аз ифротгароӣ баргузор шудаву аз оқибатҳои ин таҳдиди муосир ҳушдор дода бошанд. Ҳадди ақал, дар ин бора ҳеч хабаре мавҷуд нест. Охирин чорабинии марбут моҳи сентябри соли 2020, дар замони роҳбарии раиси собиқ буд. Шояд ман хабар надошта бошам, аммо ин ҳам, ки ҳамин гуна маълумот мавҷуд нест, бояд мавриди нигаронӣ бошад.

Пушти пой задани бовари Роҳбари Давлату Ҳукумат кори оқилон набуда, сазовор шудан ба эътимоди мардум ҳам саҳл нест. Инро вақт нишон дод.


Ворис Акбарзода

шореҳи сиёсӣ


Комментарии для сайта Cackle