Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

Аз ҷинояткории мансабдорон то ҳабсу боздоштҳои ғайриқонунӣ


01.02.2021 08:37

: 164

25 январ таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллӣ даъвати шашум баргузор гардид, ки дар он Прокурори генералии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф “Дар бораи назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020” ҳисобот дод.

Зимни ҳисоботи худ Прокурори генералӣ, аз ҷумла, муфассал дар бораи миллионҳо сомониро аз худ кардани шахсони мансабдор, харидуфурӯши ғайриқонунии замин, ҳабсу парвандаҳои ғайриқонунӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба ҷинояту ҷинояткорӣ дар ҷумҳурӣ дар соли сипаригардида маълумот дод.

Ин матни пурраи ҳамон ҳисобот аст:

- Муҳтарам Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳозирини гиромӣ!

Прокуратураи генералӣ соли 2020 фаъолиятро дар асоси Конститутсия, қонунҳо, дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ва қарорҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, ҷиҳати таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд корҳои муайянеро ба сомон расонид.

Баҳри иҷрои Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 марти соли 2020 “Оид ба ҳисоботи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон” нақшаи чорабиниҳои дахлдор қабул ва амалӣ карда шуданд.

Нақши муҳими Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқро дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ба инобат гирифта, дар давраи ҳисоботӣ 275 ҷаласаи шӯроҳо баргузор ва дар онҳо масъалаҳои мубориза бо ҷинояткорӣ, аз ҷумла мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи молу маҳсулот ва фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ баррасӣ гардида, қарорҳои дахлдор қабул ва амалӣ шуда истодаанд.

Ҳамчунин, 70 ҷаласаи васеи ҳайатҳои мушовараи прокуратура баргузор гардида, дар онҳо натиҷаҳои санҷиши масъалаҳои муҳими вазъи қонуният дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа мавриди баррасӣ ва чораҷӯӣ қарор дода шуд. Ҷиҳати пешгирии қонунвайронкуниҳо ва ҷинояткорӣ “Барномаи давлатии муқовимат бо ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030” таҳия ва барои тасдиқ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод гардид.

Дар давраи ҳисоботӣ прокуророн вобаста ба иҷрои дақиқ ва якхелаи қонунҳо 5764 (соли 2019-ум 5338) санҷиш гузаронида, баҳри бартараф намудани қонунвайронкуниҳои ошкоршуда 29805 (24106) (5 699 адад зиёдтар) санадҳои эътиноии прокурорӣ бароварда, аз натиҷаи баррасии онҳо нисбат ба 43 503 (36332) (7 171 нафар зиёдтар) қонунвайронкунанда ҷавобгарии интизомӣ, моддӣ ва маъмурӣ татбиқ намуда, 3 062 (2688) (374 адад зиёдтар) парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карданд. Бо дахолати прокуророн 701,3 млн. (597,9 млн.) сомонӣ зарар барқарор гардидааст, ки нисбат ба соли 2019 — ум 103,4 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Баҳри таъмини фазои ягонаи ҳуқуқӣ дар кишвар ба 35 санади қабулнамудаи роҳбарони вазорату идораҳо ва ба 1055 (842) қарори раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо эътироз оварда шудааст, ки 865 адад ва ё 82 фоизи онҳо вобаста ба қонунгузории замин мебошад.

Вобаста ба назорати риоя ва иҷрои Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ” ва қонунгузории истифодаи мақсадноки замин 6 291 (3995) (2 296 нафар бештар) шаҳрванд ва масъулини соҳа ба ҷавобгарии интизомию моддӣ ва маъмурӣ кашида шуда, 1 088 (984) парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва 9 069 (8196) гектар замин ба ҳолати аввала баргардонида шуд.

Соли 2020 аз тарафи мақомоти прокуратура 296 нафар шахсони мансабдор, аз ҷумла 22 нафар кормандони масъули мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, 27 нафар роҳбарон ва кормандони мақомоти идораи замин, 120 нафар раисон ва заминсозони ҷамоатҳо, 49 нафар кормандони мақомоти бақайдгирии амволи ғайриманқул ва бойгониҳо, инчунин 78 нафар роҳбарони хоҷагиҳо барои содир намудани ҷиноятҳои бо замин алоқаманд ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд.

Санҷиши Прокуратураи генералӣ дар шаҳру ноҳияҳои Конибодом, Кӯлоб, Турсунзода, Ҳисор, Мастчоҳ, Шаҳритус ва Восеъ ҳолати зиёди ғайриқонунӣ додан ва хариду фурӯши 135 гектар заминро ба маблағи 155 ҳазор доллари ИМА, 2,5 млн. сомонӣ, 150 ҳазор рубли Федератсияи Россия ошкор намуд.

Тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ муайян намуд, ки дар давраи солҳои 2017-2020 дар баъзе аз шаҳру ноҳияҳо бо мусоидати шахсони мансабдори давлатӣ бо мақсади ба даст овардани даромади муфт гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ дар ҳайати аз 3 то 8 — нафарӣ ташкил ёфта, ба тақсимот ва хариду фурӯши ғайриқонунии қитъаҳои замин машғул шудаанд. Чунончӣ:

1) Раиси шаҳри Кӯлоб Иноятзода Б. ва муовини ӯ Ҳафизов П. М. бо маслиҳати пешакӣ бо гурӯҳи ҷинояткорон 128 га қитъаҳои заминро ба 306 шаҳрванд фурӯхтанд (725 ҳазор сомонӣ).

2) Муовини директори Ҷамъияти лоиҳакашии “Шавкат” Назарзода Ш. бо гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ иборат аз 10 нафар шахсони мансабдори Мақомоти иҷроияи маҳаллии шаҳри Кӯлоб бо роҳи тартиб додани 200 адад қарори қалбакии раиси шаҳр 26 га замини таъиноти кишоварзиро ба 200 нафар бо маблағи 1,5 млн. сомонӣ фурӯхтанд.

3) Муовинони раиси ноҳияи Ёвон Набизода А. А. ва Саъдуллозода А. бо таъсиси гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ дар ҳайати 13 нафар шахсони мансабдори ноҳия 17 га заминро ба 100 нафар шаҳрвандон бо маблағи 10800 доллари ИМА ва 250000 сомонӣ фурӯхтанд.

4) Дар ноҳияи Шоҳмансур гурӯҳи муташаккили ҷиноятии қаллобон бо мусоидати собиқ муовини раиси ҳамин ноҳия Мирзозода А. Ҳ. бо роҳи тартиб додани ҳуҷҷатҳои қалбакӣ ба 37 нафар шаҳрвандон 1,3 га замини захираи шаҳрро (маҳаллаи Ховарон) бо маблағи 232 800 доллар ва 80 000 сомонӣ ҳамчун қитъаи замини наздиҳавлигӣ фурӯхтанд.

5) Корманди Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонов Х. бо 8 нафар шахсони мансабдори Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб бо роҳи сохтакорӣ 67 га замини таъиноти кишоварзиро дар харитаи заминистифодабарӣ ҳамчун замини маҳали аҳолинишин нишон дода, ба 500 нафар шаҳрвандон доданд.

6) Раиси Кумитаи идораи замини ноҳияи Варзоб Раҷабзода Қ. бо маслиҳати пешакӣ бо гурӯҳи ҷиноятӣ 8 га замини чарогоҳро ба 213 нафар шаҳрвандон бо маблағи 164000 сомонӣ ҳамчун қитъаи замини наздиҳавлигӣ фурӯхтанд.

7) Гурӯҳи муташаккили ҷиноятии муовини сардори Раёсати кишоварзии ноҳияи Восеъ Саидов С. бо миёнаравии қаллоб Ҳакимов Ҷ. 1,1 га замини таъиноти кишоварзиро ба 18 нафар шаҳрвандон бо маблағи 155000 сомонӣ фурӯхтааст.

8) Аъзои гурӯҳи муташаккили ҷиноятии Қурбонов Д. Р. ва дигарон 10 га замини корами обии хоҷагиҳои деҳқонии “Мурод”, “Сайёд”, “Муссо” ва “Кенҷа”-и ноҳияи Рӯдакиро бо маблағи 258 000 доллари ИМА фурӯхтанд.

9) Муҳандис-заминсози ҷамоати деҳоти “Ҳисор” Абдураҳмонов А., 2,3 га заминро ба 15 нафар бо маб­лағи 39300 доллари ИМА ва 60000 сомонӣ фурӯхтааст.

10) Директори ҶСШК “Улҷабой”-и ноҳияи Рӯдакӣ Холиқов Б., 0,3 га заминро ба 2 нафар шаҳрванд ҳамчун замини наздиҳавлигӣ додааст.

11) Сармутахасис-ҳуқуқшиноси дастгоҳи раиси шаҳри Панҷакент Маҳмудзода З. М. аз рӯи маслиҳати пешакӣ бо сардори фурудгоҳи шаҳр Музаффаров М. М. 0,5 га замини фурудгоҳро ба ивази 5 ҳазор доллар фурӯхтааст.

12) Мудири бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара Раҳимзода Ф. 0,6 га заминро ба маблағи 7 ҳазор доллари ИМА ба шаҳрвандон фурӯхтааст. Чунин мисолҳо хеле зиёданд.

Прокуратураи генералӣ ҷиҳати ба эътидол овардани қурби асъори миллӣ ва назорати асъор дар ҷумҳурӣ 377 қонунвайронкунӣ ошкор ва нисбат ба шахсони гунаҳгор 263 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, 114 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, аз муомилоти ғайриқонунӣ 2,5 млн. сомонӣ, 221 ҳазор доллари ИМА, 211 ҳазор рубли Федератсияи Россия ва 1,2 млн. сомонӣ молу маҳсулот дарёфт ва мусодира намудааст. Чунончӣ, муовини директори Департаменти хазинадории БДА-и Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” Исоев О. F. аз рӯи маслиҳати пешакӣ бо бародарон Fуломовҳо якчанд ширкат таъсис дода, ба хариду фурӯши ғайриқонунии асъори хориҷӣ ва интиқоли он ба хориҷи кишвар машғул гардидаанд.

Fуломовҳо ҳангоми аз соҳибкорон барои интиқол қабул кардани маблағ бо асъори миллӣ (151 млн. 766 ҳазор сомонӣ) бо дарназардошти аз қурби расмии муқарраркардаи Бонки миллӣ баланд нишон додани қурби доллари ИМА, аз ҳар 100 доллари ИМА аз 10 то 100 сомонӣ фоидаи муфт ба даст овардаанд, ки ин 5,5 млн. сомонӣ, 73 900 доллари ИМА ва 255 276 рубли Федератсияи Россияро ташкил медиҳад.

Бо мусоидати Исоев О. F. онҳо аз суратҳисобҳои ширкатҳояшон14 млн. 982 ҳазор доллари ИМА-ро ғайриқонунӣ ба хориҷи кишвар интиқол додаанд. Барои “хизматҳо” ба Исоев О. F. онҳо 3 млн. 280 ҳазор сомонӣ додаанд. Аз рӯи ин ҳолат нисбат ба номбурдагон парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва онҳо ба ҳабс гирифта шуданд.

Зимни санҷишҳо оид ба истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ 2 275 қонунвайронкунӣ ошкор карда, баҳри бартараф намудани онҳо 2 018 санади эътиноӣ татбиқ ва 1170 нафар шахсони масъул ба ҷавобгарии интизомӣ, моддию маъмурӣ кашида шуда, 135 парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва 301,5 (278,9) млн. сомонӣ маблағи зарар ба буҷет барқарор гардид.

Ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ диққати хосса дода шуда, бо натиҷаи санҷишҳои прокурорӣ 81 млн. сомонӣ маблағи истифодаи он барқарор карда шуд. Ҳолатҳои зиёди дуздӣ, исрофкорӣ ва истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ва маблағҳои аз фурӯши он бадастомада ошкор гардида, 12 нафар кормандони шабакаҳои барқӣ, бинобар даст доштан ба ин ҷиноятҳо, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд. Чунончӣ, нозири Шабакаҳои барқи ноҳияи А.Ҷомӣ 67,4 ҳазор сомонӣ пули нақди маблағҳои аз аҳолӣ ҷамъовардашударо бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳо тасарруф намудааст. Бо натиҷаи санҷишҳо дар ин самт баҳри бартараф намудани қонунвайронкуниҳо 1412 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, моддию маъмурӣ кашида шуда, 35 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.

Дар ин давра бо дахолати прокуророн 190 (142,8) млн. сомонӣ қарзи музди меҳнат пардохт гардида, барои сари вақт напардохтани он 1140 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, 490 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида, 63 парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуд.

Ба назорати риоя ва иҷрои талаботи Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақвият бахшида шуда, ҷиҳати пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ, алалхусус бемории коронавирус COVID-19, ҳодисаҳои паҳн намудани овозаҳои бардурӯғ, беасос баланд бардоштани нархи доруворӣ ва дигар маводи тиббӣ чораҷӯӣ карда шуд. Дар рафти яке аз санҷишҳо муайян шуд, ки сарпарасти Беморхонаи марказии ноҳияи Восеъ Наимов Ф. К. бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳои муҳосибӣ ба маблағи 74 582 сомонӣ маводи дорувории аз буҷети ҷумҳуриявӣ барои пешгирии паҳншавии бемории сироятии COVID-19 ҷудогардидаро фурӯхта, маблағи бадастомадаро ба манфиати шахсӣ харҷ намудааст.

Аз натиҷаи санҷишҳо вобаста ба ин 5 765 нафар қонунвайронкунандагон ба ҷавобгарии интизомӣ, моддию маъмурӣ кашида, 249 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҳти назорати доимии прокуророн қарор дошта, ҷиҳати бартараф намудани вайронкунии талаботи қонуни зикршуда 977 (899) нафар ба ҷавобгарии интизомию маъмурӣ кашида, 1 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардид.

Назорати риояи қонунгузории андоз ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои андозсупорандагон дар маркази диққати махсуси мақомоти прокуратура қарор дорад. 24 264 хоҷагии деҳқоние, ки берун аз қайди расмӣ фаъолият доштанд, муайян карда, 2 817 адади онҳо ба қайди давлатӣ гузошта шуданд.

Аз натиҷаи санҷишҳо дар ин самт баҳри бартараф намудани қонунвайронкуниҳо 3 309 (2753) нафар шахсони масъул ба ҷавобгарии интизомию маъмурӣ кашида, 71 (72) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Чунончӣ, директори ҶДММ “Рахшон 1” Набиев А. А. аз 1 октябри соли 2018 то 1 июли соли 2020 бо роҳи дар ҳисобот ва эъломияҳои андоз пурра нишон надодани амалиётҳои тиҷоратии корхона 20 млн. сомонӣ андозҳоро пинҳон намудааст. Нисбат ба Набиев А. А. парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.

Бо дахолати прокурорҳо 288 (263,7) млн. сомонӣ ба буҷет ворид гардида, ҷиҳати рӯёнидани қарзи андоз ба судҳои иқтисодӣ 21 даъво ба маблағи 11 млн. сомонӣ пешниҳод гардид.

Пардохтҳои гумрукӣ низ ҳамчун ҷузъи муҳими даромади буҷет маҳсуб ёфта, риояи қонун дар ин самт таҳти назорати доимии прокуророн қарор дорад. Бо натиҷаи санҷишҳои прокурорӣ 3 159 (2663) ҳуқуқвайронкунанда ба ҷавобгарии интизомӣ, моддӣ ва маъмурӣ кашида, 124 (144) парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва 46,7 (33,5) млн. сомонӣ зарар барқарор карда шуд.

Дар рафти амалигардонии назорати қонунгузорӣ оид ба гумрук 15 ноябри соли 2020 шаҳрвандон Назаров С. Р. ва Сафаров Ф. Д. дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дастгир гардида, аз онҳо 89 кг 350 гр тилло, 489 638 риёл ва 200 000 фунт стерлинг, ки бо роҳи қочоқ ба шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб интиқол дода мешуд, ёфта мусодира шуданд (Маблағи умумӣ зиёда аз 10 млн. долларро ташкил медиҳад).

Ҳамчунин, муайян карда шуд, ки нозир — хазиначии бахши молиявию хоҷагии Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе Нуъмонзода С. С. бо суиистифода аз ваколатҳои хизматӣ аз рӯи маслиҳати пешакӣ бо соҳибкор Ҳайдаров А. Н. ва деклорант Сафаров Ш. Р. ғайриқонунӣ 21,7 млн. сомонӣ пардохти гумрукиро аз хазинаи Раёсат ба суратҳисоби 4 ширкати ба соҳибкор Ҳайдаров А. Н. тааллуқдошта гузаронида, ба маблағи 9,3 млн. сомонӣ расидҳои қалбакии пардохт­и гумрукӣ додааст. Номбурдагон бо ин роҳ 31 млн. сомонӣ маблағи пардохти гумрукиро ба буҷет ворид накарда, аз они худ намудаанд. Барои ин кирдор Нуъмонзода С. С. бо ҳукми суд ба муҳлати 20 сол аз озодӣ маҳрум ва нисбат ба Ҳайдаров А.Н. ва Сафаров Ш.Р. кофтуков эълон карда шуд.

Аз тарафи гурӯҳи корӣ дар вилояти Суғд 1795 ҳолати қочоқи молу маҳсулот ошкор ва вобаста ба ин 14 парвандаи ҷиноятӣ оғоз ёфт.

Прокурорҳо ҳолати иҷрои қонунгузорӣ оид ба ноболиғон ва ҷавононро 590 (574) маротиба санҷида, баҳри бартараф намудани қонунвайронкуниҳо 1493 (1103) амр дода, 1 291 (997) эътироз ва 985 (820) пешниҳод оварданд.

Бо чораҳои андешидаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон рӯ ба пастравӣ ниҳода, 754 (873) ё нисбат ба соли 2019-ум 119 ҷиноят камтар содир шудааст.

Санҷиш дар ин самт дар “Мактаби президентӣ барои хонанда болаёқат дар шаҳри Ҳисор” муайян намуд, ки 130 нафар хонанда аз гурӯҳи шартномавӣ ба гурӯҳи буҷавӣ ғайриқонунӣ гузаронида шудаанд, ки дар натиҷа ба давлат 455 ҳазор сомонӣ зарар расонида шудааст. Дар асоси санадҳои эътиноии прокурорӣ хонандагон ба гурӯҳи шартномавӣ гузаронида, зарари расонидашуда (455 ҳазор сомонӣ) пурра барқарор карда шуд.

Ҳолати риоя ва иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” мунтазам мавриди санҷиш қарор гирифта, ҷиҳати бартараф намудани қонунвайронкуниҳо 801 (917) нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, 2569 (2188) нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида, 237 (145) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Соли сипаришуда дар ҷумҳурӣ 23 460 (21996) ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2019-ум 1464 адад ё 6,6 фоиз зиёд буда, кушодашавии онҳо 83 фоизро ташкил медиҳад. Афзоиши ҷинояткорӣ дар ноҳияи Шаҳринав — 129 ё 76,3%, Рашт — 68 ё 31,1%, Лахш — 19 ё 30,6%, Рӯдакӣ — 30 ё 21,1%, Нуробод — 21 ҷиноят ё 20,7%, Файзобод — 21 ё 12,3%, шаҳри Ҳисор — 39 ё 7,2%, вилояти Хатлон — 1333 ё 3,5% ба назар мерасад.

Ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, ба монанди одамкушӣ 10 адад (107/97) ё 10,3 фоиз, роҳзанӣ 4 адад (33/29) ё 13,7 %, авбошӣ 173 адад (1325/1152) ё 15%, қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ 9 адад (135/126) ё 7,1 %, ғоратгарӣ 17 (161/144) ё 11,8%, қаллобӣ 54 (2866/2812) ё 1,9%, ғайриқонунӣ нигоҳ доштани силоҳ 16 (44/28) ё 11,8%, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор 94 адад (602/508) ё 18,5 % зиёд ба қайд гирифта шуд.

Аз ҷониби прокуророн дар ин давра бевосита 8 021 ё 34,1 фоизи шумораи умумии ҷиноятҳо, аз ҷумла 962 ҷинояти аз қайд пинҳонкарда ошкор ва ба қайд гузошта шуд.

Дар соли ҳисоботӣ аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар 566 адад силоҳ ва лавозимоти ҷангӣ дарёфт ва мусодира шуд.

Воҳидҳои тафтишотии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ пешбурди 11 067 (12376) парвандаи ҷиноятиро ба итмом расонида, 10 183 (9727) парвандаро ба суд ирсол намуда, дар рафти тафтиши пешакӣ 363 (309) млн. сомонӣ зарари расонидашударо (ба манфиати давлат 214 (130) млн. сомонӣ) барқарор намуданд. Аз ҷумла, муфаттишони прокуратура 3 515 (3378) парвандаи ҷиноятиро бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол намуданд, ки нисбат ба соли 2019-ум 137 адад зиёд мебошад.

Дар рафти тафтиши пешакӣ зарари ошкоршуда ба маблағи 61,8 (11,4) млн. сомонӣ (ба манфиати давлат 12,7 млн. сомонӣ) барқарор карда шуд. Дар натиҷаи чораҳои андешида соли 2020-ум 34 ҳодисаи даст ба худкушӣ задани шаҳрвандон 599 (633) камтар ба қайд гирифта шуд. Барои ба худкушӣ расонидан 42 шаҳрванд ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд.

Ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, алалхусус, дар рафти таъқиби ҷиноятӣ таҳти назорати қатъии прокуророн қарор дошта, 48 ҳолати ғайриқонунию бармаҳал оғоз намудани парвандаҳои ҷиноятӣ, 10 ҳолати ғайриқонунӣ дастгир намудан, 6 ҳолати ғайриқонунӣ ба ҳабс гирифтан, 12 ҳолати ғайриқонунӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани шаҳрвандон ошкор карда, ҳуқуқҳои поймолгардидаи онҳо барқарор ва нисбат ба шахсони гунаҳгор чораҳои қатъии прокурорӣ андешида шуд.

Вобаста ба истифодаи азобу шиканҷа ду парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол, гунаҳгорон бо ҳукми суд маҳкум карда шуданд.

Сатҳи содиршавии ҷиноятҳои хусусияти экстремистию террористидошта бештар гардида, соли сипаришуда 1 118 (1063) чунин ҷиноят ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба соли 2019-ум 55 адад ё 5% зиёдтар мебошанд. Ду ҷинояти сӯиқасд ба терроризм ва 20 ҷинояти маблағгузории терроризм ошкору ба қайд гирифта шуд.

Дар самти мубориза бар зидди коррупсия аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ, дар маҷмӯъ, 4 717 (3572) ҷиноят, аз ҷумла аз тарафи мақомоти АНДМ ва МК 3265 (1338), прокуратура 1424 (1568), ВКД 18 (453) ва КДАМ 10 (94) ҷиноят ошкор карда шуд.

Дар раванди назорати қонунӣ будани санадҳои судӣ бо парвандаҳои ҷиноятӣ прокуророн бо 8658 (9886) парвандаи ҷиноятӣ айбдоркунии давлатиро дастгирӣ намуданд. Ҳамчунин, ҷиҳати бекор ва ё ба қонун мутобиқ намудани санадҳои судӣ 407 эътироз (38 хусусӣ, 149 кассатсионӣ, 220 назоратӣ) оварда шуда, аз онҳо 271 адад қонеъ карда шуданд.

Прокуророн дар баррасии 5970 (6021) парвандаи гражданӣ, иқтисодӣ, оилавӣ ва маъмурӣ иштирок намуда, ба санадҳои судӣ 101 эътироз (17 кассатсионӣ, 2 хусусӣ, 92 назоратӣ) оварданд. Аз он 77 эътироз қонеъ карда шуд.

Ба судҳои умумӣ ва иқтисодӣ ба манфиати давлат ва ҷамъият 797 (820) даъво ба маблағи 244,3 (451) млн. сомонӣ пешниҳод шуда, бо ин даъвоҳо аз ҷониби судҳо 743 даъво ба маблағи 477,6 млн. сомонӣ қонеъ гардида, 159,2 (42,7) млн. сомонӣ рӯёнида шудааст.

Ҳолати иҷрои қонунҳо дар ҷойҳои ҳабси пешакӣ, иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва тавқифгоҳҳои тафтишотӣ 4435 маротиба санҷида, баҳри бартараф намудани қонунвайронкуниҳо 832 санади эътиноии прокурорӣ оварда, 98 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ ва маъмурӣ кашида шуданд. Дар ин давра нисбат ба маҳбусон ва кормандони фаврии муассисаҳои ислоҳӣ 50 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.

Риояи қонунҳо ва оинномаҳои ҳарбӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар қӯшунҳо ва воҳидҳои ҳарбӣ 704 маротиба санҷида, 1406 (1317) нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, моддӣ ва маъмурӣ кашида, 179 (162) парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва 9,6 млн. сомонӣ зарари расонида барқарор карда шуд. Прокуророн дар сохторҳои ҳарбӣ 590 (542) ҷиноятро ошкор намуданд, ки аз ин 283 ададро ҷиноятҳои умумӣ ва 307 ададро ҷиноятҳои ҳарбӣ ташкил медиҳанд.

Бо мақсади густариш додани ҳамкориҳои байналмилалӣ ҷиҳати мубориза ба муқобили ҷиноятҳои муташаккил ва фаромиллӣ, инчунин, ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар давлатҳои хориҷӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шуд.

Бо прокуратураҳои Федератсияи Россия ва Беларус “Барномаҳои ҳамкорӣ барои солҳои 2020-2021” ба имзо расонида шуда, лоиҳаи чунин созишномаҳо бо кишварҳои Корея, Маҷористон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Арабистони Саудӣ, Шоҳигарии Баҳрайн аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ ёфтанд.

Мубодилаи амалияи назорати прокурорӣ ва тафтиши пешакии парвандаҳои ҷиноятӣ дар ҷаласаҳои байналмилалӣ тавассути алоқаи видеоӣ муҳокима ва қарорҳои дахлдор қабул гардид.

Дар ин давра иҷрои 53 дархости байналмилалии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи давлатҳои хориҷӣ оид ба расонидани ёрии ҳуқуқӣ таъмин гардида, ҳамчунин аз хориҷи кишвар 16 ҷинояткори дар кофтуков қарордошта ба ҷумҳурӣ баргардонида, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд.

Кормандони прокуратура вобаста ба шарҳи мазмуну муҳтавои Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ, аҳамияти Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ, пешгирии экстремизму терроризм дар коллективҳои меҳнатӣ, маҳали зисти аҳолӣ ва қисмҳои ҳарбӣ, дар маҷмӯъ, 12090 вохӯрию суҳбат гузаронида, тавассути воситаҳои ахбори омма 2822 маротиба (аз ҷумла тариқи матбуот 814 (799), телевизион 999 ва радио 695 (683) маротиба) баромадҳо намуданд.

Прокуратураи генералӣ ҷиҳати таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар мамлакат фаъолиятро дар оянда боз ҳам тақвият мебахшад.

Аз таваҷҷуҳатон сипосгузорам.


Комментарии для сайта Cackle