Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

Суғд: “Ғорати бузург...” 96 вагон гандум ва нуриҳои минералии соҳибкор куҷо шуд?


13.01.2021 13:45

: 2498

Дар натиҷаи ду таркиш дар бандари Бейрут - пойтахти Лубнон, 4 августи соли 2020, бино ба маълумоти расмӣ, 158 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 6 ҳазор каси дигар маҷрӯҳ шуданд. Тақрибан 300 000 нафар бехонаву дар монданд.

Тибқи ҳисобҳои мақомот, зарари умумии расонидашуда аз 3 то 5 миллиард долларро ташкил дод. Баъдтар ҳаҷми зарар 15 миллиард доллар эълон гардид.

Ин ҳодиса дар пайи таркиши 2750 тонна селитраи аммиак ба вуқӯъ пайваст, ки ба гуфтаи мақомоти Лубнон, соли 2013 мусодира шудаву дар ҳолати ғайрисанитарӣ нигоҳдорӣ мешуд...

****

...Дар Тоҷикистон беш аз се ҳазор тонна селитраи аммиаки марбут ба як соҳибкор дар вилояти Суғд ба таври мармуз ғайб задаву то ҳол касе эътироф карданӣ нест, ки онро кӣ бурду куҷо бурд. Ин миқдор селитраи аммиак ҳамроҳ бо дигар анвоъи нуриҳои минералӣ ва гандум (ҳамагӣ 96 вагон) дар доираи таҳқиқи як парванда бо амри як мақомдори баландпояи прокуратураи вилоят мусодира ва барои нигоҳдорӣ супорида шуда буд.

Соҳибкорро ҳабсу молашро мусодира карданд. Аммо тафтишот маълум кард, ки моли мусодирашуда, дар асл, ба парвандаи нисбат ба соҳибкор оғозшуда ягон алоқамандӣ надорад. Суд ҳам ин 96 вагон маҳсулотро далели шаъйӣ эътироф накард.

Мебоист, бо амри суд вагонҳои мусодирашуда озод карда шаванд, аммо замоне ки соҳибкор пушти панҷара рафт, ҳамаи ин нуриҳои минералӣ ва гандум аз сӯи афроде мушаххас талаву тороҷ ва фурӯхта шуданд...

****

Рӯзномаи “ИмрӯзNews” нашри матолиби таҳқиқотиро аз рӯи силсилаи “Фиреби бузург – фиребгарони бузург” идома медиҳад. Қаблан матлаберо зери унвони “Аз анбори гумрук 34 вагон гандумро КӢ дуздид?!” нашр карда будем, ки дар он гуфта мешуд, ин миқдор гандумро аз анборхонаи шахсӣ не, аз анборҳои корхонаи ордбарории “Темурмалик”-и шаҳри Қайроққум (ҳоло Гулистон) ба ғорат бурдаанд! Ин миқдор гандумро дар анборҳои мазкур нозирони мақомоти Шуъбаи гумруки ноҳияи Б. Fафурови вилояти Суғд муҳр карда буданд...

Он ҷо мушаххас гуфта мешуд, ки гандумҳоро кӣ бурду ин ғоратгариро кӣ ҳукми қонунӣ доду кӣ ҷабр диду ба муфлисӣ расид. Ва маблағи гандуми рабудашуда кам гуфта намешуд: расо 2812000 сомонӣ.

Аммо қазияе, ки ин ҷо баррасӣ мешавад, ба маротиб пурсарусадост. Дар ин ҳодиса печутобҳои зиёд ҳастанд ва дар аксар маврид касе эътироф намекунад, ки миқдори бузурги маҳсулоти соҳибкорро кӣ ва куҷо бурдааст.

Агар ба маҳкама кашидани соҳибкору мусодира кардани ин миқдор маҳсулоти ӯ ва баъдан ба самти номаълум ғайб задани ин маҳсулот ғоратгарӣ набошад, чӣ буда метавонад?

Ин дар ҳолест, ки иштирокчиёни ғайбзании ин 96 вагон гандум ва нуриҳои минералӣ маълуманду ин миқдор маҳсулот ба боздошт ва ҳабси соҳибкор ягон алоқамандӣ надорад. Инро мақомоти тафтишотӣ ошкор кардаанд, аммо то ҳол касе омода нест, ки гӯяд, дар пушти ин қазия кадом “мӯшти зӯр” меистад.

Инак, беш аз 20 сол аст, ки 96 вагон молу маҳсулоти иборат аз гандум ва нуриҳои минералии ин соҳибкорро дар Суғд ҷустуҷӯ мекунанд. Бо камтарин арзиши ҳозира ин миқдор маҳсулот наздик ба 10 миллион доллар (он замон наздик ба 1 миллион доллар) ҳисоб мешавад. Вале ба фарқ аз қазияи аввалӣ ин маротиба соҳиби борҳои ғоратшуда медонад, ки онҳоро кӣ гирифту ба кӣ фурӯхту кӣ ҷомаи қонунӣ пӯшонид. Ин ҷо, ҳадди ақал, номи як вакили собиқи парламент, як мақомдори баландпояи прокуратураи вилояти Суғд, як гуруҳи муфаттишон ва судяҳо ва чанде аз соҳибкорону афроди бонуфуз дар Суғду Ҳисору Душанбе ва Файзобод мушаххас аст.

Таҳқиқот маълум кард, ки ин гуруҳ дар азхудкунии ғайриқонунии як қисми ин маҳсулот ва ғайбзании қисми боқимонда якҷоя амал кардаанд.

Ҳарчанд бо дастури мансабдори вақти прокуратураи вилоят асноди марбут ба ин қазия нобуд карда шудаанд, хабарнигори рӯзнома тавассути ҷонибҳои дигари баҳс ва сарчашмаҳои мустақил бархе аз онҳоро дастрас кард.

Ҳамзамон омӯзиши маводи парванда дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд ва ШВКД дар ноҳияи Бобоҷон Fафуров, дарёфти ҳуҷҷатҳо аз бойгонии давлатии вилояти Суғд ва бойгонии Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд ва дигар манобеъ манзараи аслии қазияро то ҷое рӯшан карданд.

Айни ҳол бархе аз иштирокчиёни ин қазия дар боздоштанд, ҳарчанд мақомоти тафтишотӣ, масалан, дастгир ва ба ҳабс гирифта шудани Акбар Ҳакимов, собиқ вакили Маҷлиси намояндагон, соҳибмулки корхонаҳои “Мурғи ҳилол” (ноҳияи Файзобод) ва Директори ҶСК КАС “Гулистон” (ноҳияи Спитамен)-ро ба ин қазия марбут намедонанд. Ҳоло он ки тибқи қарори прокуратура, ҳадди ақал, 300 тонна селитраи аммиак, ки бо дастури роҳбари гуруҳи тафтишотӣ Анвар Қаноатов барои нигоҳдории муваққатӣ ба амбори корхонаи Акбар Ҳакимов супорида шуданд, аз ҷониби ширкати ӯ ғайриқонунӣ бегона карда шудааст (ба хоҷагиҳои ба номи “Д. Азизов” ва “Тоҷикистон” фурӯхтаву маблағашро азонихуд кардааст).

Инро ҳам, ки оё то чӣ андоза аз вазифа сабукдӯш карда шудани сардори Раёсати тафтишотии Прокуратураи вилояти Суғд Анвар Қаноатов (роҳбари гуруҳи тафтишотии парвандаи соҳибкор, ки бо қарори ӯ ҳамин миқдор молу маҳсулот ба ҳабс гирифта шуданд) ба ин мавзӯъ иртибот дорад, шарҳ додан намехоҳанд.

Ҳамзамон на дар Вазорати корҳои дохилӣ ва на дар Прокуратураи генералии Тоҷикистон дар Қазоқистон дастгиру шудану ба Тоҷикистон истирдод гардидани Шариф Дадобоевро расман шарҳ надоданд. Тасдиқ ва ё рад ҳам накарданд, ки оё дарвоқеъ, номбурда, ки он замон директори генералии ширкати “Пайкон ЛТД” буду “бозигари асосӣ”-и ин ҳама додугирифтҳо маҳсуб меёбад ва баъди ошкор шудани воқеият ба Қазоқистон фирор кард, дастгир шудааст ё не? Ин мавқеъгирии ниҳодҳои болозикр гӯмагӯҳои дигареро ба вуҷуд овардаву ба мавҷудияти афроде наздик ба Акбар Ҳакимов ва Анвар Қаноатов дар ин мақомот ишора мекунанд...

****

Ин мухтасари қазияест, ки аз соли 1998 ба инҷониб идома дорад. Дар ин миён бисёре аз шоҳидони ҳол фавтиданд, бархе фирорӣ шуданд, аммо аксарашон ҳастанд ва ҳатто шаҳодатҳое додаанд, ки дар идома иқтибос мешаванд.

Ба таҳқиқи ин мавзӯъ пардохтан аз он шурӯъ гардид, ки охирҳои моҳи сентябри соли сипаригардида соҳибкор Саид Юсуфҷонов, сокини ноҳияи Бобоҷон Fафуров, ҷамоати Унҷӣ, кӯчаи Сино-18, дар шикояте ба идораи рӯзнома навишт, беш аз 20 сол боз сарсону саргардони амалҳои ғайриқонунии як гуруҳи иборат аз кормандони мақомоти гуногун, роҳбарони корхонаҳои истеҳолӣ, ё ба ном соҳибкорон мебошад. Мегуфт, дар натиҷаи кирдорҳои ин нафарон, ки дар роҳбарии он собиқ сардори Раёсати тафтишотии Прокуратураи вилояти Суғд Қаноатов А. ва директори генералии ширкати “Пайкон ЛТД” ва ҳамзамон ҷонишини директори Корхонаи ордбарории шаҳри Қайроққум (ҳоло Гулистон) – “Темурмалик” Додобоев Ш.Ш. меистанд, садҳо ҳазор долларро аз даст додаву хисороти моддиву маънавие, ки ба сари ӯву хонаводааш овардаанд, тасаввурношуданист:

“...Мухтасари ҳолати кор ингуна аст, ки ҳанӯз соли 1998 Қаноатов А. ҳамроҳ бо директори генералии ширкати “Пайкон ЛТД” ва ҳамзамон ҷонишини директори Корхонаи ордбарории шаҳри Қайроққум (ҳоло Гулистон) – “Темурмалик” Додобоев Ш.Ш. ва Директори ҶСК “КАС Гулистон”-и ноҳияи Спитамен Ҳакимов А.Д. бо як нақшаи аз қабл тарҳрезишуда 96 вагон маҳсулоти ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридкардаи маро, ки иборат аз нуриҳои минералӣ ва ғалла буданд, ғайриқонунӣ соҳибӣ карда, фурӯхта, маблағҳоро аз худ намуда, ба ман зарари махсусан калон расониданд.

Барои пӯшонидани ин амали худ ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаро несту нобуд карда, минбаъд дар ҷараёни санҷишҳои мақомот нишондод доданд, ки гӯё ин маҳсулотҳоро нагирифтаанд. Аммо ба ман муяссар шуд, ки дар натиҷаи кофтукови 15-сола нусхаҳои ҳамаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаро аз мақомоти давлатӣ, шоҳидон ва дигар бойгониҳо дастрас намуда, ҳолати воқеии корро равшан намоям. Ҳамчунин, аксарияти нафаронеро, ки ба ин ё он восита ба ин қазия дахолат доштанд, аз ҷумла, шоҳидони ҳодисаҳо, аъзои собиқи гуруҳи тафтишотӣ ва ғайраро пайдо намуда, ба мақомот даъват намудам, то ин ки оид ба ҳолати воқеии кор нишондод диҳанд. Дар натиҷа, ҳамаи ин ҳуҷҷатҳо ва шоҳидон тасдиқ карданд, ки гуруҳи мазкур бо роҳбарии Қаноатов А. ва додугирифтҳои Дадобоев Ш.Ш. ва дигарон зарари зикршударо ба ман расонидаанд.

Аммо, ин ҳама даводаву кашокашҳои ман дар ин муддати тӯлонӣ бо дахолати номбурдаҳо бенатиҷа анҷом ёфтанд, зеро касе омода нест, ки ҳақиқати воқеиро эътироф карда, ҳаққи маро баргардонад, ё барои баргардонидани он мусоидат намояд. Ба ҳама муроҷиатҳои ман ҷавоби рад доданд, ки гӯё ин гуна ҳодиса рух надода бошад ва ин танҳо баҳси судии шаҳрвандӣ бошад. Ҳоло он ки ин ҷо ҷиноят содир шудааст ва омилонаш бояд ба ҷавобгарӣ кашида шуда, зарари расонидашуда барқарор карда шавад. Аммо ман хаста нашуда, муборизаро барои баргардонидани ҳаққи худу фарзандонам идома дода истодаам.

Ман ба волоияти қонун дар кишварамон эътимоди комил дорам. Бовар дорам, ки агар ин қазия то ба маълумоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ расад, бегуфтугӯ ҳалли худро меёбад. Зеро маҳз Сарвари давлат кафолати таъмини адолати судӣ ва фаъолияти озоди соҳибкорӣ дар кишварамон буда, ҳамеша аз ҳаққи ҷабрдидаҳо ҳимоят кардаанд”, - навишт соҳибкор дар номааш ба идораи рӯзнома.

Дар ин нома, ки ҳамзамон чанд баста ҳуҷҷат замима шудаанд, гуфта шудааст, нашри матлаб ва ба роҳбарияти Давлату Ҳукумат расонидани ҳолати воқеӣ мушкили ӯро ҳал мекунанд.


(Идома дорад)


Комментарии для сайта Cackle