Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

Имтиёзҳои давлатӣ махсуси гурӯҳҳои муайян нестанд


13.01.2021 13:14

: 129

Вақтҳои охир додани имтиёзҳои давлатӣ ба соҳибкорон ё ширкатҳои истеҳсолӣ баҳсҳоеро ба вуҷуд овардааст. Баъзан шореҳон мекӯшанд, дар пасманзари ин баҳсҳо манфиатдориҳоеро нишон диҳанд. Таҳлилҳо ва бархӯрдҳои носаҳеҳ баёнгари онанд, ки аксар баҳскунандагон ё аз воқеияти “имтиёздиҳӣ”-ву “имтиёзгирӣ” огоҳ нестанд ва ё намедонанд, ки як ширкат ё соҳибкор барои дарёфти имтиёзи давлатӣ чӣ марҳилаҳоро тай мекунад.

Дуруст аст, ки имтиёзу сабукиҳо аз ҷониби давлат пешниҳод мешаванд, аммо барои дарёфти онҳо соҳибкор, сармоягузор ё истеҳсолкунанда уҳдадор аст, ки як ҷараёни муайянро гузарад. Ин марҳила аз омодасозии ҳуҷҷатҳои дахлдор, таҳияи созишномаи сармоягузорӣ ва ба қонуни буҷети ҷумҳуриявӣ мутобиқ намудани он, то баҳсу баррасиҳо дар сохторҳои давлатӣ ва ниҳоди олии қонунгузории ҷумҳурӣ – Маҷлиси Олӣ иборат аст, ки якчанд моҳро фаро мегирад.

Дар ин матлаб хулосаи ҳамин гуна як раванд – дарёфти имтиёзи давлатӣ баррасӣ шуд.

Юсуф Сафаров

Директори иҷроияи

Гурӯҳи корхонаҳои “Ғаюр”


Дар асл, сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Тоҷикистон дар соҳаи сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ имкон фароҳам овард, ки фазои сармоягузории ҷумҳурӣ беҳтар гардида, фаъолияти соҳибкорӣ дар самтҳои гуногун, хусусан истеҳсолот вусъат ёбад. Инро соҳибкорон ҳам хуб дарк менамоянд.

Аз сӯи дигар, эълон кардани рушди соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии давлат аст, ки ҳамакнун самар дода истодааст, бахусус, дар раванди ташкили ҷойҳои нави корӣ, ба кор андохтани корхона ва коргоҳҳои нави истеҳсолӣ ва воридоти технологияҳои инноватсионӣ. Аз ин дидгоҳ, дастгирии давлатии соҳибкории истеҳсолӣ бо воситаи пешниҳод кардани имтиёзҳои андозӣ хеле муҳим аст, чунки истеҳсолоти саноатӣ омили асосии пешбарӣ ва рушди иқтисодиёт, таъмини шуғли аҳолӣ, сарчашмаи даромади буҷети давлатӣ ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2016 гуфтанд, вазъи имрӯзаи фаъолияти соҳибкориву сармоягузорӣ бо дарназардошти таъсири омилҳои берунӣ талаб менамояд, ки ба соҳибкорон имтиёзҳои бештар пешниҳод карда шаванд. Бинобар ин, ба вазорату идораҳои дахлдор супориш дода буданд, ки дар асоси омӯзишу таҳлилҳои ҳаматарафа механизми пешниҳоди дастгирии давлатӣ ва имтиёзҳоро барои истеҳсолкунандагон ва содироткунандагони молу маҳсулоти ватанӣ вобаста ба андозу гумрук ба сармоягузорон ҷиҳати воридоти таҷҳизоту технологияҳои нав пешниҳод намоянд.

Ҳамин тавр, ҷиҳати беҳтар намудани фазои соҳибкориву сармоягузорӣ ва ҷалби сармоя дар ҷумҳурӣ механизмҳои гуногуни ҳавасмандгардонӣ ва дастгирии давлатӣ пешбинӣ гардидаанд.

Яке аз чунин механизмҳо, - ин бастани созишномаҳои сармоягузорӣ бо сармоягузор ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ мебошад. Бо бастани созишномаи сармоягузорӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сармоягузор ӯҳдадор мегардад, ки лоиҳаи сармоягузориро дар соҳаҳои афзалиятнок барои иқтисодиёт бо дарназардошти сохтан ва ба истифода додани корхона, ташкили ҷойҳои нави корӣ, бунёди инфросохтор ва ғайра, ки дар маҷмӯъ, воситаи даромади пулӣ ва ба самти рушд ҳаракат намудани иқтисодиёт мегарданд, амалӣ намояд. Ҳукумат, дар навбати худ, ба сармоягузор барои татбиқи лоиҳаи сармоягузорӣ имтиёзҳои муайяни андозию гумрукӣ ва кафолатҳои гуногун пешниҳод менамояд.

Механизми дастгирии давлатии сармоягузорӣ, бахусус, бо қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи созишномаи сармоягузорӣ” аз 19.03.2013с., таҳти №944 имконпазир гардид. Ва танҳо ин не. Солҳои охир ҷиҳати дастгирии давлатии соҳибкории истеҳсолӣ ислоҳоти зиёд дар амал татбиқ гардида истодаанд. Аз ҷумла, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андоз (моддаи 169) ва Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаи 345) дар соли 2018 ҷиҳати аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷҳои гумрукӣ озод намудани воридоти таҷҳизоти истеҳсолию технологӣ ва маҳсулоти такмилии (комплектии) онҳо, ки маҷмӯи ягонаро ташкил медиҳанд.

Дар маҷмӯъ, бо дарназардошти тағйироту иловаҳо ба қонунгузории амалкунанда, фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ беҳтар гардида, барои рушди саноати истеҳсолӣ заминаи воқеӣ гузошта шуд.

Имтиёзу сабукиҳое, ки давлати Тоҷикистон барои соҳибкорону сармоягузорон пешбинӣ кардааст, дар хориҷи кишвар ҳам фаъолона муаррифӣ мешаванд. Масалан, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронияшон дар иҷлосияи дувуми Форуми иқтисодӣ ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон изҳор доштанд, ки “дар қонунгузории мо бо мақсади беҳбуд бахшидан ба шароити сармоягузорӣ зиёда аз 70 намуди имтиёз барои сармоягузорӣ ва 240 номгӯй сабукиҳо дар бахши андоз пешбинӣ гардидааст”.

Ин имтиёзу сабукиҳо меъёри қонунгузориянд ва гурӯҳе, соҳибкоре ё сармоягузореро махсус дар назар надоранд. Ҳар як соҳибкор ё истеҳсолкунанда метавонад аз ин имконот истифода намояд. Инро дар таҷрибаи фаъолияти Гурӯҳи корхонаҳои “Ғаюр” оид ба маблағгузории худӣ, бунёди корхонаҳо ва ҷалби сармояи хориҷӣ метавон мушоҳида кард.

Ахиран Гурӯҳи корхонаҳои “Ғаюр” бо мақсади истифода аз имтиёзҳои андозӣ, ҳуқуқ ва кафолатҳо нисбат ба сармоягузор, тибқи тартиби пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи созишномаи сармоягузорӣ”, бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи сармоягузорӣ оид ба сохтмон ва ба истифода додани корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропиленӣ ба имзо расонид.

Мувофиқи созишномаи мазкур, ба ширкати лоиҳавӣ, яъне ширкате, ки лоиҳаи мазкурро амалӣ менамояд, имтиёзи андозӣ дар намуди озод будан аз пардохти андози фоида ба мудати 5 сол пешбинӣ гардидааст.

Гурӯҳи корхонаҳои “Ғаюр” ҷиҳати татбиқи лоиҳаи мазкур ширкати лоиҳавӣ - ҶДММ “Ғаюр Пак”-ро таъсис дода, аз ҳисоби маблағҳои худӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, дар ҳудуди аввалин Парки технологияҳои инноватсионӣ, ки аз ҷониби Гурӯҳи корхонаҳои “Ғаюр” бо мақсади рушди технологияҳои инноватсионӣ таъсис ёфтааст, бо истифода аз технологияи “AD*STAR” сохтмони корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропилениро ба маблағи зиёда аз 10,5 млн доллари ИМА оғоз намуд.

Таҷҳизот ва технологияи наву инноватсионӣ барои сохтмони корхонаи мазкур аз Ҷумҳурии Австрия, аз ширкати бузурги “Starlinger & Co GmbH” (Старлингер анд Ко ҷиэмбиэйч) харидорӣ гардид, ки фаъолияти он пурра автоматикӣ карда шудааст.

Корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропиленӣ аз хатҳои истеҳсол ва бофтани ришта, ламинатсия ва рангуборкунии матоъ, буриши матоъ, клапан ва конверткунонии халтаҳо, банду басти халта ва лаборатория иборат мебошад.

Иқтидори истеҳсолии корхона 50 млн. дона халтаҳои полипропилении насли нави шакли конвертидошта ва дорои клапани автоматӣ (бе истифода аз ширеш ва дигар маҳсулоти химиявӣ) дар як сол мебошад. Ин рақами кам набуда, рақобатпазирии маҳсулоти моро на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар бозорҳои давлатҳои ҳамсоя низ таъмин мекунад.

Таври маълум, ба Гурӯҳи корхонаҳои “Ғаюр” се корхонаи истеҳсоли семент бо иқтидори истеҳсолии 2,5 млн тонна дар сол шомил мебошанд, ки тақрибан 70% маҳсулоти онҳо дар халтаҳои полипропиленӣ борпеч мешаванд. То ин замон зиёда аз 80% халтаҳои мазкур барои эҳтиёҷоти Гурӯҳи корхонаҳои “Ғаюр” аз хориҷа ворид карда мешуд. Ин ҳолат, ки вобаста будани корхона аз халтаҳои воридотиро нишон медод, хатар ва таваккалро ба фаъолияти истеҳсолии корхонаҳои сементи “Ғаюр” зиёд ва рақобатпазирии маҳсулотро паст менамуд.

Ҳамзамон сифати халтаҳои воридотӣ қонеъкунанда ва ба талаботи корхонаҳои истеҳсоли сементи “Ғаюр” ҷавобгӯ набуд. Бо ин далел талафот зиёд буд.

Амалӣ намудани лоиҳаи мазкур имкон медиҳад, ки минбаъд талаботи бозори дохила пурра бо халтаҳои полипропиленӣ барои эҳтиёҷоти соҳаи саноат (семент ва дигар маҳсулоти хокаи сохтмонӣ, орд ва маҳсулоти хӯрока), кишоварзӣ (гандум ва дигар маҳсулоти ғизоӣ), кимиёвӣ (маҳсулоти гуногуни кимиёвӣ) ва ғайра қонеъ гардида, вобастагӣ аз маҳсулоти хориҷӣ коҳиш ёбад ва давра ба давра аз байн бурда шавад.

Бунёди корхонаи мазкур имкон дод, ки зиёда аз 100 нафар сокинони маҳаллӣ ба ҷойҳои кории доимӣ таъмин шуда, ҳамзамон сарчашмаи нави ғанӣ намудани буҷет бо андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ пайдо гардад.

Аз рӯи ҳисоби пешакии мутахассисони корхона, маблағи имтиёзи пешниҳодгардида аз ҳисоби андоз аз фоида дар давоми 5 сол зиёда аз 25 млн сомониро ташкил медиҳад. Ин маблағ барои тақвияти фаъолияти корхонаи навбунёд дастгирии давлатии ҷиддӣ мебошад.

Мавриди зикр аст, ки Гурӯҳи корхонаҳои “Ғаюр” дар самти ҷалби сармояи хориҷӣ ва таъсиси корхонаҳои азими саноатӣ дар соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёт фаъолияти пурсамар дошта, давра ба давра вобастагии бозори ҷумҳуриро аз маҳсулоти сохтмонӣ ва нассоҷии хориҷӣ коҳиш дода истодааст. Нақши Гурӯҳи корхонаҳо дар таъсиси ҷойҳои нави корӣ, бозомӯзии мутахассисон, вориди технологияҳои муосири инноватсионӣ, ғанӣ намудани буҷет бо андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ, ба роҳ мондани истеҳсолоти ивазкунандаи воридот ва маҳсулоти ба содирот нигаронидашуда, беҳтар кардани тавозуни гардиши савдои хориҷӣ, саноатикунонии босуръати кишвар, ки ҳадафи чоруми миллӣ эълон гардидааст, инчунин, анҷом додани корҳои созандагӣ ва хайру эҳсонкорӣ назаррас аст.

Гурӯҳи корхонаҳои “Ғаюр” дар соҳаи истеҳсоли семент, варақаҳои гаҷкартон, оҳаки сохтмонӣ, ранг ва дигар маҳсулоти сохтмонии ороишӣ, халтаҳои полипропиленӣ, фурӯзонакҳои диодӣ ва маҳсулоти нассоҷӣ ба натиҷаҳои хуб ноил гардидааст. Барои мисол, иқтидори истеҳсолии корхонаҳо зиёда аз 2,5 млн тонна семент, 5 млн дона гаҷкартон, 10 ҳазор тонна ранг, 70 млн дона халтаҳои полипропиленӣ, 1,2 млн дона фурӯзонакҳои дидодӣ, 55 млн дона маҳсулоти нассоҷӣ (ҷӯроб ва дастпӯшак), 60 ҳазор тонна оҳаки пӯхтаро ташкил медиҳад. Ҳазорҳо нафар дар Гурӯҳи корхонаҳо соҳиби ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб шудаанд.

Айни ҳол маҳсулоти корхонаҳои мазкур талаботи аҳолии Тоҷикистонро пурра қонеъ намуда, қисми боқимондаи он ба давлатҳои ҳамсоя, аз ҷумла Ӯзбекистону Қирғизистон, Афғонистон ва Русия содирот карда мешавад.

Саҳми Гурӯҳи корхонаҳои “Ғаюр” дар самти корҳои созандагӣ ва хайру эҳсонкорӣ низ назаррас арзёбӣ мешавад. Сохтмон ва ба истифода супоридани мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 640 нафар хонанда ба маблағи 15 миллион сомонӣ, Коллеҷи технологию фарматсевтии Тоҷикистон ба маблағи 23 миллион сомонӣ, сохтмони муассисаи томактабӣ ба маблағи 15 млн сомонӣ дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон, таъмир ва азнавсозии муассисаи томактабӣ дар ҷамоати деҳоти “Кангурт”-и ноҳияи Темурмалик ба маблағи 5 млн сомонӣ ва ғайраро метавон мисол овард.

Ҳамзамон, дар сохтори Гурӯҳи корхонаҳои “Ғаюр” Фонди хайриявии “Ман Тоҷикистонро дӯст медорам” амал менамояд, ки фаъолияти асосии он амалӣ намудани лоиҳаҳои гуногуни хайру эҳсонкорӣ дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, нақлиёт, варзиш ва ғайра мебошад. Аз замони таъсис то ҳол Фонди мазкур лоиҳаҳои гуногуни хайриявиро ба маблағи зиёда аз 10 млн сомонӣ маблағгузорӣ намудааст.

Инчунин, ҷиҳати иҷрои дастури бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни муаррифии лоиҳаи биноҳои баландошёна, воқеъ дар кӯчаи С.Айнӣ ва гузоштани санги асоси сохтмони муассисаҳои таълимии пойтахт санаи 9 ноябри соли 2018 дода буданд, аз ҷониби Гурӯҳи корхонаҳои “Ғаюр” сохтмони мактаби миёнаи умумӣ барои 1280 нафар хонандаро дар ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе ба маблағи зиёда аз 45 млн сомонӣ идома дорад.


Комментарии для сайта Cackle