Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

“Бояд дар бораи бехатарии мардум фикр кард, на нобуд кардани миллатҳои дигар”


06.12.2020 16:31

: 241

Дар ҷараёни паҳншавии COVID-19, ки аллакай ҷони беш аз 1,5 миллион одамро дар тамоми ҷаҳон аз байн бурдааст, даҳҳо озмоишгоҳи ИМА дар кишвархои гуногун, ки зери пӯшиши марказҳои беғарази тадқиқотӣ, гӯё машғули гузаронидани таҷрибаҳои илмӣ барои таъмини амнияти биологӣ буданд, дар мубориза бар зидди коронавирус ҳеҷ кор накарданд.

Тавре директори генералии Маркази иттилооти сиёсии Русия Алексей Мухин дар ҳафтаномаи “Аргументы недели” изҳор доштааст, “аҷибии кор ин аст, ки чунин беэътибории озмоишгоҳҳо дар шароите аст, ки дар худи Амрико маргу мир ва сироятёбӣ ба коронавирус ба фоҷиаи миллӣ табдил шудааст”.

Ба гуфтаи ин коршинос, баъд аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ озмоишгоҳҳои биологии ИМА дар қаламрави кишварҳои собиқ шӯравӣ ба таври мудовим пайдо шуданд. Ҳамин тавр, онҳо дар қаламрави Украина, Гурҷистон, Арманистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Молдова пайдо шуданд:

"Маълум аст, ки Амрико барои сармоягузории чунин барномаҳо хеле ҳавасманд аст. Озмоишгоҳҳо на танҳо аз лиҳози наздик будан ба сарҳадҳои Русия ба ҳам шабоҳат доранд, балки ҳамчунин аз он лиҳоз, ки ҳаққи ворид шудан ба онҳоро танҳо коршиносони амрикоӣ доранд, боиси нигарониянд. Олимон ва кормандони техникии маҳаллӣ ҳатто ҳаққи ворид шудан ба онҳоро надоранд, ки дар онҳо чӣ тадқиқотҳо гузаронида мешаванд", - изҳор доштааст Мухин.

Моҳи апрели соли ҷорӣ чанде аз вакилони мардумии Украина ба номи президенти Украина Владимир Зеленский дархости расмӣ ирсол намуданд ва талаб карданд, ки мавҷудияти 15 озмоишгоҳи амрикоӣ дар қаламрави Украина, ки аз тарафи ИМА сармоягузорӣ мешаванд, тасдиқ карда шавад.

Сафорати ИМА дар Киев ин хабарро рад накард, аммо иброз дошт, ки ин таҷрибаҳо аз соли 2005, гӯё ба манфиати таъмини сулҳ анҷом шуда бошанд. Аммо, тибқи суханҳои коршинос, хуруҷи касалиҳои хатарнок дар Украина аз чизи дигар шаҳодат медихад. Масалан, соли 2011 хуруҷи касалии вабо сар зад, ки дар натиҷаи он 33 нафар ба ҳалокат расиданд, соли 2014 ба касалии вабо 800 нафар мубтало шуданд, соли 2016 беш аз 20 нафар сарбозон аз вируси хатарнок, ки шабеҳи зуком буд, ҳалок шуданд. Инчунин, аз сокинони мулкӣ 364 нафар ба ҳалокат расиданд. Дар 11 моҳи соли 2019 ба касалии сурхакон 5371 нафар шаҳрвандони Украина мубтало шуданд, ки аз ин 2347 нафар кӯдакон буданд. Барои муқоиса, дар соли 2017 ҳамагӣ 87 ҳодисаи мубталошавӣ ба қайд гирифта шуда буд. Дар соли 2016 бошад, танҳо 3 нафар чунин касал шуд.

Мутобиқи созишномаи иловагӣ, ИМА машғули бозсозии озмоишгоҳҳои собиқ шӯравӣ ва феълан украинӣ мебошад, ки дар онҳо теъдоди зиёди вирусҳои хатарнок, аз қабили захми сибирӣ ва вабо мавҷуданд. Тибқи ҳамин созишнома, тарафҳо мебоист аз паҳншавии технология ва маълумоти зеҳнӣ дар соҳаи вирусология пешгирӣ мекарданд, на ин ки барои сохтани онхо фаъолона кушиш кунанд.

“Магар беҳтар набуд, ки ин озмоишгоҳҳоро аз байн мебурданд ва тадқиқотҳои хатарнокро дар кишвари худашон анҷом медоданд? Барои Вашингтон осонтар ва бехатар аст, ки чунин озмоишҳоро дар кишварҳои дигар анҷом диҳад, чунки дар ҳолати иштибоҳи олимон "вирусҳои хатарнок" танҳо шаҳрвандони кишварҳои дигарро нобуд мекунанд”, -изҳор доштааст коршинос.

Мутобики иттилои вакилони украинӣ, дар ҷахон ҳудуди 400 озмоишгоҳи биологӣ мавҷуд аст, ки аз тарафи амрикоиҳо сармоягузорӣ мешаванд. Аз ин теъдод 15 адад дар Украина – 3-то дар Киев ва Лвов, яктоӣ дар Одесса, Херсон, Тернопол, Ужгород, Виннитса, Харков ва Луганск ва дуто дар Днепропетровск мавҷуданд.

Дар мавриди кишварҳои дигари пасошӯравӣ ин коршинос гӯшзад кардааст, ки дар соли 2008 дар Молдова озмоишгоҳи марказии амрикоӣ дар чаҳорчӯбаи Барномаи "Пешгирии ВИЧ/СПИД ва гепатитхои В, С" таъсис дода шуд, ки дар он танҳо амрикоиҳо метавонистанд фаъолият намоянд. Ҳукумати Молдова ва кормандони амнияти он ҳаққи дохил шудан ва ё назорати кори ин озмоишгоҳро надоранд.

Дар соли 2008 Арманистон ба Барномаи DTRA оид ба коҳиши хатари биологӣ шомил шуд ва аллакай дар соли 2018 амрикоиҳо дар ин кишвар 12 озмоишгоҳи биологӣ ба қимати 50 миллион доллар таъсис додаанд. Се озмоишгоҳ дар шаҳри Ереван - дар Маркази назорат ва пешгирии касалиҳо, дар Хадамоти давлатии маводи хӯрока ва дар Беморхонаи касалиҳои сироятии "Норк" фаъолият менамоянд. Дар шаҳрҳои Ичдеван, Гюмри, Мартуни, Сисиане, Арташате ва Ванадзоре озмоишгоҳҳои минтакаӣ дар чорчӯбаи марказҳои зидди вабо фаъолият доранд.

Дар соли 2005 Озарбойҷон бо вазорати мудофиаи ИМА созишнома "Дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи технологияҳо ва патогенҳо вобаста ба рушди соҳаи биология ва паҳн накардани иттилоот"-ро имзо намуд. Ҳамин тавр, дар соли 2013 дар шаҳри Боку озмоишгоҳи марказии биологии махсусгардонидашуда оид ба тадқиқи микрорганизмҳои патогении инсонӣ ва ҳайвонӣ таъсис дода шуд, ки қимати он ҳудуди 170 миллион доллар мебошад. Ба ҷуз ин, дар ҷахорчӯбаи ҳамкориҳо бо амрикоиҳо боз 10 шабакаи назорати биологӣ дар ноҳияҳои гуногуни Озарбойҷон сохта шуданд.

Дар соли 2016 дар шаҳри Алма-Ато озмоишгоҳи марказӣ дар назди Маркази илмии Қазоқистон оид ба омӯзиши касалиҳои сироятии карантинӣ ба номи М. Айкимбаев таъсис дода шуд. Сохтмони онро амрикоиҳо ҳанӯз аз соли 2010 шуруъ намуда, дар умум, маблағи 80 миллион долларро барои сохтмонаш сарф карданд. Он замон Вашингтон изҳор намуда буд, ки Амрико аз вазъияти эпидемиологии ҷаҳон ба ташвиш омада, мехоҳад ба Қазоқистон дар роҳи мубориза бо касалиҳои сирояткунанда кумак намояд. Ба қавли амрикоиҳо, чунин кумак ба кишварҳои дигари пасошӯравӣ расонида шуда, дар ин кишварҳо аллакай озмоишгоҳҳо фаъолият менамоянд.

Ҷолиб ин аст, ки макони сохтмони озмоишгоҳро дар минтақаи зилзилахез интихоб намуданд. Алексей Мухин изхор медорад, ки аз назари ҷуғрофӣ Қазоқистон дар макони сершамол қарор дорад ва агар вирус ба ҳаво роҳ ёбад, зуд бо суръати калон ба масофаи бузург паҳн мешавад. Хуруҷи вируси хатарнок метавонад ҳаёти на танхо миллионҳо шаҳрванди Қазоқистонро ба хатар мувоҷеҳ кунад, балки зиндагии шаҳрвандони Русияро, ки дар назди марзи Қазоқистон сукунат доранд, низ зери хатар мемонад.

Тибқи изҳороти Пентагон, ҳадафи сохтмони шабакаи озмоишгоҳҳои биологии ИМА дар қаламрави кишварҳои пасошӯравӣ гӯё аз он иборат аст, ки пеши роҳи хуруҷи намунаҳои хатарноки вирусҳои микроорганизмҳо ба атмосфера гирифта шуда, ҳамчунин ҳамлаи биологӣ ба Амрико ғайриимкон шавад. Алексей Мухин менависад: "Нофаҳмо ин аст, ки чӣ гуна Қазоқистон ё Молдова метавонанд ба Амрико ҳамлаи биологӣ анҷом диҳанд. Ҳамчунин, нофаҳмо он аст, ки чаро ин озмоишгоҳҳо ва марказҳои тадқиқотӣ дар шаҳрҳои калон, ки дар он ҷо зичии аҳолӣ хеле зиёд аст ва хуруҷи эҳтимолии вирус хеле хатарнок мебошад, сохта шудаанд".

Ӯ ҳамчунин изҳор медорад, ки дар ҳоли ҳозир, дар шароити паҳншавии коронавирус, сиёсатмадорон ва коршиносоне, ки дар қаламрави кишварҳояшон озмоишгоҳҳои биологии ИМА сохта шудаанд, савол медиҳанд, ки: "Чаро ҳеҷ натиҷае аз фаъолияти ин шабакаи озмоишгоҳҳо дар мубориза бар зидди COVID-19 дида намешавад? Чаро чунин шабакаи ҷаҳонии озмоишгоҳҳо, ки гӯё барои ҳимояи биологӣ фаъолият менамоянд, ҳеҷ коре ҳатто барои ҳимояи шаҳрвандони кишварашон карда натавонистанд?" Ҷавоб ба ин саволҳо, ба қавли Алексей Мухин, маълум аст. Ӯ мегӯяд:

"Ҳадафи асосии ИМА дигар чиз аст: ин муҳосира намудани Русия на танҳо бо нерӯи низомӣ, балки бо пойгоҳҳои биологӣ, ки дар сурати бурузи хатарҳои низомӣ имкон медиҳад, ки бо силоҳи биологӣ ба ин кишвар зарбаи сангин зада шавад. Тавре маълум аст, вируси нав метавонад хеле зуд паҳн шавад ва оқибатҳои ваҳиме барои одамон дошта бошад, ки ҳатто духтурҳои ботаҷрибаро метарсонад. Ҳамчунин, набояд истисно кард, ки амрикоиҳо на танҳо силоҳи биологӣ месозанд, балки метавонанд силоҳи қатли нажодӣ бисозанд, ки барои нобуд кардани русҳо ва дар умум, нажоди славянӣ истифода шавад. Агар ИМА истифодабарандаи асосии натиҷаҳои фаъолияти озмоишгоҳҳои биологӣ аст, пас бояд дар шароити хатарҳои ҳозиразамони COVID-19, пеш аз ҳама, дар бораи бехатарии мардумони худаш фикр кунад, на дар фикри нобуд кардани миллатҳои дигар бошад”.


Таҳияи

Наҷмиддин Пӯлодӣ


Баргирифта

аз сомонаи “Лента.ру”


Комментарии для сайта Cackle