Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

Қадами сиву як бар чӣ самт аст? - 5


02.10.2020 11:34

: 177

БАХШИ ПАНҶУМ: Ҳамлаи Кенҷаев ба Душанбе ва оғози сессияи тақдирсоз

Давомаш. Аввалаш дар инҷост: БАХШИ ЧОРУМ: Вақте ҳадафҳои “комиссар Катании тоҷик” муқобили манфиатҳои миллат буд...


Он рӯз, яъне 24 октябри соли 1992, шабона мо бо ҳамкорам Ҳикматов Неъматулло аз Чехословакия, аз сафари хидматӣ баргашта, рост ба хонаи Неъматулло, воқеъ дар маҳаллаи Зарафшони шаҳри Душанбе рафтем. Субҳи барвақт моро садои радио аз хоб бедор кард. Сафаралӣ Кенҷаев суханронӣ мекард ва яке аз фармондеҳони дивизияи 201–ум мардуми Тоҷикистонро барои пуштибонӣ аз сохти конститутсионӣ ташвиқ менамуд. Мо аввал ба асли қазия сарфаҳм нарафта, ба маҳалли корамон - Кумитаи амнияти миллӣ занг задем ва дар мавриди вазъият пурсон шудем.

Навбатдори Кумита гузориш дод, ки дар шаҳр аз соати панҷи субҳ ҷанг рафта истодааст. Кенҷаев бо армияи калони мусаллаҳ аз самти Ӯзбекистон ба шаҳр ҳуҷум намудааст..

Зуд либосҳоямонро пӯшида, бо ду автомошинаи “Жигули” аз паскӯчаву тангкӯчаҳои шаҳр убур карда, худро ба бинои Кумита расонидем. Дар тамоми кӯчаҳои асосӣ даргириҳои мусаллаҳона дар ҷараён буд. Дар Кумита суроғи роҳбарамонро гирифтем. Гуфтанд, бо супориши Акбаршо Искандаров ҳама роҳбарони органҳои қудратӣ барои илоҷи воқеъа дар Вазорати корҳои дохилӣ ҷамъ шудаанд. Фавран ба он ҷо рафтем. Дар дафтари иҷрокунандаи Вазири корҳои дохилӣ – Гулдасташо Имроншоев ҳама ҷамъ омада буданд. Искандаров дар тан ҷомаи сиёҳи нимдошти хонагӣ як-як фикри ҳозиринро гӯш мекард.

Баъди ба ҷо овардани одоби салому алейк ва аҳволпурсӣ аз Искандаров асли қазияро пурсидем. Гуфт, аз бӯстонсаро то ба ин ҷо бо як бадбахтие ҷон ба саломат овардааст.

Пурсидем, ки акнун чӣ бояд кард?

Гуфт, намедонам! Ягон илоҷ кунед, ки хунрезиву бедодгариро зудтар қатъ намоед…

Ҳозирин, ки аз ҳайъати роҳбарикунандаи ВКД ва Кумитаи амният буданд, барои тасмим гирифтан фақат ду роҳро пеши рӯ доштанд. Ё ҳайъатеро интихоб намуда, ба ҳузури шахсии Кенҷаев мефиристоданд, ки вориди музокира шавад, ё ба муқовимати мусаллаҳона бармехостанд, ки аллакай тибқи гузинаи (варианти) дувум, гурӯҳҳои мусаллаҳи ҷудогонаи шаҳр амал карда истода буданд. Вале ҳама шахсони расмие, ки дар дафтари вазири корҳои дохилӣ ҷамъ омада буданд, аз ғояти шок ва ваҳшатзадагӣ ҳеҷ иқдомеро шурӯъ намекарданд. Гӯё мунтазири касе ва ё чизе бошанд.

Ману Неъматулло аз якояки онҳо суол кардем, ки барои пешгирии хунрезӣ ва оғози гуфтушунид то ҳол ҳеҷ коре сурат гирифтааст? Дар ҷавоб ҳама сукут ихтиёр карданд.

Пас тасмим гирифтем, ки худамон довталабона вориди амал шавем.

Гурӯҳи тамосро дар ҳайъати се нафар кормандони сатҳи болои Кумитаи амният, банда – Аноятбек Сулаймонбеков, Неъматулло Ҳикматов ва Шаимов Мурод Хушвахтович (ба далели ӯзбектабор буданаш) муайян намудем. Қарор шуд, ки бо ҳар роҳе бошад, мо бояд бо худи Кенҷаев тамос барқарор намоем.

Ҳангоми даргириҳои кӯчагӣ кормандони милиса шаш нафар силоҳдорони кенҷаевиро асир гирифта буданд. Мо барои таъмини амнияти худ ва ҳамчунин, ба сифати ашёи мавриди муомила ҳамон шаш нафарро аз боздоштгоҳи вазорат бо худ гирифта, ба Кумита баргаштем ва аз кормандони масъул хостем, ки барои мо рақами телефон ва маҳалли будубоши феълии Кенҷаевро пайдо кунанд. Ӯро зуд пайдо карданд.

Аз тариқи телефон ба Кенҷаев тамос гирифтем. Ӯ, ки дар курсии кории Акбаршо Искандаров нишаста будааст, гӯширо худаш бардошт. Ман баъди салому алейк худро муаррифӣ кардам. Кенҷаев бо далели дар гузаштаи начандон дур як муддате дар вазифаи раиси Кумитаи амнияти миллӣ кор карданаш ва доштани таҷрибаи собиқаи ҳамкорӣ бештари кормандони Кумита, аз ҷумла маро, мешинохт.

Ӯ бо мо вориди гуфтугӯи телефонӣ шуда, пешниҳоди моро дар мавриди оғози музокира қабул намуд ва маслиҳат дод, ки бо барафроштани парчами сафед метавонем ба ҳузури ӯ биравем.

Асиронро гирифта, ба бинои Шӯрои Олӣ раҳсипор шудем. Ҳама роҳравҳои дохили бино пур аз низомиёни мусаллаҳи ӯзбекзабон буданд. Шаимов бо забони ӯзбекӣ сӯҳбат карда, моро муаррифӣ ва раҳнамоӣ мекард. Ба дафтари кории Акбаршо Искандаров даромадем, ки ҳамакнун маҳалли таваққуфгоҳи Кенҷаев шуда буд. Аз ононе, ки маро мешинохтанд, Азимов Амирқул Насимович, генерал Сафаров, Насруллоев, Сашка Мирзоев, Сӯҳроб Қосимов, Неъмат-тӯғрӣ, Ибод, Рустами Чортутӣ ва Раҳимов Сӯҳробро дидам (корманди амният, ки баъдан дар Қӯшунҳои сарҳадӣ фаъолияти касбиашро идома медод) бо сари захмину докапеч се курсиро қатор гузошта, болои он дароз кашида, истироҳат мекард.

Кенҷаев дар тан либоси низомии зардчатоби ба истилоҳ “афғонӣ” дошт. Ӯ дигаронро (ба ҷуз Раҳимов С. ки ба ҳайси муҳофиз буд) аз дафтар бароварда, моро ба нишастан пушти миз даъват намуд ва ба сӯҳбат оғоз кардем.

Дар ин маврид дар китоби Сафаралӣ Кенҷаев “Табаддулоти Тоҷикистон” ҳам омадааст. Албатта, ӯ каме бо муболиға ин саҳнаро қаламдод намуда, гуфтааст, ки гӯё мо ду нафар ба сифати намояндагони Бадахшон (дар мавриди нафари севуми мо – Шоимов, дар китоби Кенҷаев сукут ихтиёр шудааст) ба ҳузури ӯ омада, зансеталоқ хӯрда бошем, ки ба ӯ содиқ хоҳем буд ва таъзимкунон, пуштнокӣ аз назди ӯ берун шуда, баромада рафта бошем.

Албатта, он суханон ва суханони дигари таҳқиромез дар ҳаққи гурӯҳи тамоси мо тӯҳмати ноҳақ аст. Ин мо будем, ки Кенҷаевро худи ҳамон рӯз аз шаҳр хориҷ намудем, вагарна, ҷанги калон ҳамон вақт оғоз мешуд.

Ман қабл аз ҳама ба ӯ муроҷиат карда гуфтам:

- Сафаралӣ Кенҷаевич! Омадани мо ба назди шумо бо роҳбарияти Ҳукумат ва Кумитаи амнияти ҷумҳурӣ мувофиқа карда шудааст, то бо шумо сӯҳбат намуда, дар мавриди мақсад ва талаботатон ба масъулин иттилоъ бидиҳем, ки Шумо аслан, чӣ мехоҳед ва чаро Шумо бо лашкари дуҳазорнафара вориди поитахт шудед?

Гуфт, “Дар ин вазъият бе чунин лашкар ҳеҷ кас мақсадашро амалӣ кардан наметавонад. Ман чӣ мехоҳам? Адолат! Бигузор, Акбаршо Искандаров ба ин ҷо омада, истеъфои худро эълон кунад ва ман ҳам номзадии худамро ба вазифаи раиси Шӯрои Олӣ пешниҳод месозам! Вақте ки ба ман фишор оварда, талаб мекарданд, ки истефоъ бидиҳам, ӯ ваъда дода буд, ки дар муддати се моҳ кишварро тинҷу ором месозад! Вале аз истеъфои ман аллакай чор моҳ гузашт. Искандаров бошад, қариб як моҳ аст, ки он вазифаро соҳибӣ кардааст, вале то ҳол дар кишвар оромӣ барқарор нашудааст…” (моҳи апрели соли 1992 Кенҷаев ба истеъфо рафт, Искандаровро, ки аз 08.11.1991 иҷрокунандаи муваққати вазифаи президентӣ буд, дар торихи 09.10.1992, сездаҳ рӯз қабл аз ҳамлаи кенҷаевӣ, ба вазифаи раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон низ интихоб намуда буданд).

Ман гуфтам, “Мо ҷои Шуморо дидем, ҷои Искандаровро ҳам медонем, метавонем шуморо аз тариқи телефон бо ҳам васл созем, то мубодилаи афкор кунед ва масъаларо бо маслиҳат ва дар чорчӯбаи қонун ҳаллу фасл намоед”.

Ӯ ин таклифи моро пазируфт. Ман бо талаби Кенҷаев ба дафтари вазири корҳои дохила, ки Искандаров дар он ҷо панаҳ бурда буд ва мунтазири тамоси мо буд, занг зада гуфтам:

- Рафиқ Искандаров! Мо дар кабинети Шумо қарор дорем. Дар ин ҷо Сафаралӣ Кенҷаевич нишастаанд ва мехоҳанд бо Шумо сӯҳбат кунанд, - ва гӯширо ба Кенҷаев додам.

Кенҷаев нидо кард, “Ҳа Акбаршо, куҷоӣ? Чаро имрӯз ба кор наомадӣ?”

Искандаров гуфт, “Э, мон-э! Бо лашкари бисёре ба шаҳр ҳамла кардӣ, боз ман ба кор меомадаам. Намедонам ин лашкаркашии ту чӣ маъно дошта бошад. Кенҷаев, хайр имрӯз замонест, ки бе лашкар Шуморо ҳеҷ кас ҳам намепурсад. Ана мо бо пешниҳоди рафиқони ба Шумо маълум ташкил ва баргузории сессияи Шӯрои Олиро дида истодаем ва ман мехоҳам, ки бо Шумо дар ҳамон ҷо рӯ ба рӯ шавам”.

Хулоса, онҳо каме сӯҳбат карданд. Кенҷаев талаб мекард, ки Искандаров бояд расман истеъфои худро эълон кунад. Акбаршо ҳам қабул кард. Акнун бояд раванди қонунии доду ситоди қудратро ташкил мекардем. Баъди боз каме сӯҳбати муфассалтар бо Кенҷаев, дар мавриди авзои сиёсиву муносибати ӯ бо гурӯҳҳои бадахшонӣ, ки қавл дод, бо бадахшониҳо дигар коре надошта бошад, мо ба назди Искандаров баргашта, масъалаи даъват ва баргузор намудани сессияи ғайринавбатии Шӯрои Олиро матраҳ сохтем, то Кенҷаев қонунан дар он ҷаласа ба талабу мақсадаш бирасад (сессияи сарнавиштсози шонздаҳуми Шӯрои Олӣ дар назар аст).

Ҳангоми сӯҳбат бо Кенҷаев аз ӯ талаб карда будем, ки барои роҳ надодан ба ҷангу хунрезии аз ин ҳам бештар дар шаҳр, бояд то оғози ҷаласаи Шӯрои Олӣ, ки маълум шуд, худи ӯ ҳам талабгори доир сохтани он ҷаласа будааст, шаҳрро ҳамроҳи гурӯҳи мусаллаҳаш тарк намояд. Зеро худи мо ҳам мисли ӯ ва мисли тамоми мардуми кишвар тарафдори баргузории ин сессия будем, то мушкилиҳо бо роҳи сулҳу салоҳ ҳаллу фасл карда шаванд.

Аз Кенҷаев бо қатъият хостем, ки то соати панҷи бегоҳ, қабл аз фарорасии торикӣ, бояд аз шаҳр берун биравад. Дар муқобил ӯ талаб мекард, ки мо бояд ӯ ва ҳамроҳонашро бо кафолат, бе даргириву хунрезӣ, то аз шаҳр баромадан гусел кунем ва амнияташонро таъмин намоем. Ман гуфтам, “магар ин теъдоди азими армияи мусаллаҳ ба пуштибонӣ ва кафолати бехатарӣ ниёз дорад?!”

Вақте ки ба ҳузури Искандаров баргашта, қазияро муфассалтар нақл кардем, ӯ гуфт, “бояд бо ҳамаи вакилон тамос гирифта, маслиҳат кунем. Барои ин рӯйхати аъзои раёсати Шӯрои Олӣ бо шумораи телефонҳояшон зарур аст, ки дар рӯи мизи кории ман, зери шиша қарор дорад. Онро бояд дастрас намуд”.

Ман дубора бо Кенҷаев, ки кабинети Акбаршо Искандаровро ғасб намуда, дар он ҷо нишаста буд, тамос гирифта, вазъиятро ба ӯ фаҳмонидам.

Кенҷаев гуфт, “метавонӣ ҳар лаҳзае, ки бароят мувофиқ аст, омада рӯйхатро бигирӣ”.

Фавран барои овардани рӯйхати вакилон рафтам. Кенҷаев бо армияи худ қабл аз соати панҷи бегоҳ бинои Шӯрои Олӣ ва ҳудуди шаҳри Душанберо дар зери ҳимояи техникаи вазнини дивизияи 201-и Русия тарк намуда, ба ҷониби шаҳри Турсунзода рафтанд…

Вакилон дар тамоми муддати даргириҳои мусаллаҳонаи бемаънӣ, ки борҳо зери фишору таъқибу гаравгонгириҳои ҳар ду ҷониб қарор доштанд, даҳшатзадаву тарсон шуда буданд. Касе ҳозир набуд ба Душанбе омада, дар ҷаласа ширкат намояд. Қарор шуд, сессияи шонздаҳумро дар шаҳри Хуҷанд доир намоянд, ки вакилон аз хатари кушта шудан эмин бошанд. Сарнавишташон ба монанди Қадриддин Аслонов нашавад, ки аз ҷониби силоҳбадастони “Фронти халқӣ”-и Кенҷаев ваҳшиёна ва бо шиканҷаву азоби зиёд ба қатл расида буд, то дар парламент даҳшатфиканӣ кунанд.

Сессияи 16-ум дар бинои Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992 доир гардид. Амнияти сессия ва назорати тартиботи тамоми шаҳрро низомиёни Ӯзбекистон ва Русия таъмин мекарданд. Бояд дар сессия номзадии Кенҷаевро пешбарӣ ва интихоб менамуданд ва мутобиқи ваъдаи абарқудратон, гӯё баъди ин фазои сулҳу оромӣ ба Тоҷикистон бармегашт.

Аз аввали оғози бетартибиҳо ва даргириҳову ҷангҳо воқеаҳо мутобиқ ба сенарияи аз қабл аз беруни кишвар барномарезишуда иттифоқ меафтоданд. Вале ҳамзамон бо оғози ҷаласа вазъ тағйир кард. Қаҳрамони асосии он сенария - Кенҷаев аз миёни вакилон барои чанд муддат бо сабабҳои номаълум ғайб зад. Ҷонибдоронаш ҳам дигар аз матни азбарнамудаи сенарияи пешакӣ чизе ба забон оварда натавонистанд.

Ғайб задани Кенҷаев туҳфаи таърих буд: номзадии Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳарду ҷониби даргирро қонеъ менамуд, пешбарӣ карда шуд...


Сулаймонбеков Аноятбек

генерал-майори амният     


Абдураззоқ Саид

журналист, фаъоли ҲХДТ

махсус барои “ИмрӯзNews”


(Идома дорад)


Комментарии для сайта Cackle