Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

“Амалиёти гӯшт” ва таъсиси телевизион: аз ҷое дуздидаву ба ҷойи дигар заданд


23.09.2020 08:27

: 270

Неруҳои тахрибкор аз таъсиси як шабакаи телевизионӣ ба зидди миллат ва давлати Тоҷикистон хабар доданд. Ҳадаф аз таъсиси ин телевизион, ҳамон тавре ки аз муаррифиномааш бармеояд, роҳандозии таблиғот ба зидди давлат ва миллати тоҷик ва дастовардҳои замони истиқлол ва ҳамзамон тавассути ин шабака мағзшӯии шаҳрвандон будааст.

Бино ба маълумоти дарёфтӣ, яке аз дастандаркорони ин шабака Муҳаммадиқболи Садриддин аст, ки то ин замон бо бадтарин лафзу забон мардум ва миллати тоҷикро таҳқир кардаву болои арзишҳои миллиамон тӯф кардааст. Ин ҳамон Муҳаммадиқболест, ки ошкоро гуфта буд, барномаи шиагардонии тоҷиконро амалӣ месозаду ҳадафаш ғасби ҳукумати Тоҷикистон аз роҳи зӯроварист. Ин эътирофи худи ӯст, ки замоне дар як телевизиони арабӣ садо дода буд.

Баъди шармандавор ронда шуданаш, ӯ сомонае таъсис додаву ҳоло шабу рӯз ба таҳқиру туҳмат, дурӯғ, бадномсозӣ машғул аст. Он қадаре бо дурӯғҳояш мавриди хандахариш аст, ки ҳатто иқрор мешавад, ки худаш баъзан аз худаш шарм медорад. Ба қавли дигар, аз бонгзаниву додгӯиҳо як ҷояш дарид, аммо касе бовараш накард. Ҳоло ҳамон ҷойи дарида ба сӯзиш даромадаву бо таъсиси шабакаи телевизионӣ хумор шикастанист.

Аммо ҳоло шояд пурсида шавад, ки ин шабакаи телевизионӣ чӣ гуна таъсис ёфт?

Гап сари он меравад, ки дар пушти таъсиси ин шабака роҳбари Ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзат меистад. Сарчашмаи маблағгузории он, ба маълумоти сомонаи дигари тахрибкор – “Ахбор.com”, аз ҳисоби грантҳои хориҷист. Гуфта нашудааст, ки аз кӣ ва чӣ гранте, аммо ба назарам, барои хонандаи ҳушманд маълум аст. Яъне, хоҷагони наҳзат бори дигар омода шудаанд, ки ба фаъолияти тахрибкории ин ташкилоти террористӣ сармоягузорӣ кунанд.

Ҳамзамон, бахше дигар аз сармоягузории ин шабака аз ҳисоби маблағҳое будааст, ки роҳбари ТТЭ ҲНИ қабл аз фирораш аз Тоҷикистон бароварда буд: бино ба маълумоти дарёфтӣ, роҳбари фирории ин ташкилоти террористӣ танҳо дар солҳои 2009 то 2015 аз 25 то 40 млн долларро ғайриқонунӣ ба хориҷи кишвар бурдааст.

Ва ҳам шояд пурсида шавад, ки ҳадаф аз таъсиси шабакаи телевизионӣ чист, дар ҳоле ки мардуми Тоҷикистон ҳеч вақт ба ин гуна шабакаи телевизионӣ зарурат надошту надорад?

Мутмаинан, дар Тоҷикистон онро касе ҳам тамошо нахоҳад кард, чун сиёсатзадагиҳои олуда ба қатлу кӯштор, ҷангу террор ва мазҳабситезии наҳзатӣ кайҳост ба дили мардум задааст. Хонаводаи тоҷик намехоҳад бо тамошои ин шабака такроран саҳнаҳои синачоккуниву зиндаргӯрсозиҳои наҳзатиёнро пеши назар биёрад.

Аммо барои наҳзатиҳо таъсиси ин шабака аз ду дидгоҳ зарур будааст.

Аввал ин ки ба василаи пулшӯӣ бахше аз сармояи хоҷагонро бе баҳсу баррасӣ аз худ кунанд. Чун роҳбарони наҳзат дар азхудкунии сармоя ва моликияти дигарон таҷрибаи зиёд доранд, ин схемаи тасарруфи маблағро роҳандозӣ карданд. Ба ёд оред, тақсимоти кумакҳоеро, ки ҳар сол дар арафаи идҳои Рамазону Қурбон аз бархе кишварҳои Шарқи наздик барои мардуми Тоҷикистон фиристода мешуданд. Ё барномаи хонадоркунии ҷавонони тоҷик, ки аз ҷониби ҳукумати як кишвари исломии минтақа тавассути ТТЭ ҲНИ амалӣ мешуд. Масалан, аввалҳои январи соли 2007 аз як кишвари арабӣ ду “Камаз” (дар ҳаҷми 15 тонна) гӯшти гӯсфандҳои қурбонӣ фиристода шуда буд. Роҳбарони наҳзат онро қабул намуданд ва ваъда доданд, ки ба муҳтоҷону ятимхонаҳо тақсим мекунанд. Баъдан 1 тоннаи ин гӯштҳоро ба кормандони қароргоҳи марказӣ, ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва атрофи он тақсим карданд. Тақрибан 2 тоннаи дигарро ба куҷоҳое фиристодаву санадҳои дохилиҳизбӣ омода сохтанд. Беш аз 11 тоннаи боқимондаро ба корхонаҳои ҳасиббарорӣ, тарабхонаҳо ва нуқтаҳои фурӯши гӯшт супорида, маблағҳояшро ба суратҳисобҳои махсус гузарониданд. Ин “амалиёт” бо супориши бевоситаи роҳбари ин ташкилот сурат гирифта буд.

Ин қазия баҳси зиёдеро дар байни аъзои раёсати олии ҳизб ба вуҷуд оварда буд. Танҳо вақте ки баҳс тавассути Абдуқаҳҳори Давлат ба Муҳаммадшариф Ҳимматзода расонида шуд, бо дахолати Ҳимматзода он ба навъе хомӯш карда шуд (Чун Ҳимматзода он вақт зинда ва дар бистари беморӣ буд, домодаш Абдуқаҳҳори Давлат ҳар рӯз ба назди ӯ мерафт, ки ин ҷанҷолҳои зиёди дигар дар пай дошт. Масалан, Ҳимматзода ба ҳайси яке аз муассисони ҲНИ, ки ҳарфи гузаро дошт, ба ҷойи роҳбари ба тасарруфкорӣ айбдоршудаи раиси вақти наҳзат, домодаш Абдуқаҳҳори Давлатро раиси ҳизб дидан мехост ва барои ин барномаҳоеро ҳам омода карда буд. Аммо аксар аъзои раёсат аз роҳбари вақти ҳизб пуштибонӣ мекарданд ва тибқи тарҳи аллакай омодакардаи раёсати ҲНИ, дар ҳукумати ояндаи роҳбари ин ташкилот вазифаҳоеро доштанд. Ҷанҷоли тақсими гӯшт ва баъдан ғайб задани пули он аз он сабаб бархост, ки Ҳимматзода ҳамчун миёнарав барои тақсимоти шаффофи он кафолат дода буд. Яъне, Ҳимматзода намехост барномаи омодакардааш ва амбитсияҳои домодаш қурбони нафси роҳбари фирории ТТЭ ҲНИ бошад).

Ин танҳо як мисол аз садҳо ҳолати монанд ба ин аст. Зарафо Раҳмониро, ки ғайрирасмӣ даромаду баромади ҳизбро гузориш мекард, шояд рӯзе эҳсоси виҷдон боло гираду ин ҳамаро қисса кунад...

Дуввум ин ки ин ташкилоти террористӣ ҳоло мехоҳад бо таъсиси шабакаи телевизионӣ таблиғоти номуваффақонаи худро ба пардаи ТВ кашонад.

Аммо он чӣ ки марбут ба таъсиси шабакаи телевизионӣ ва таблиғоти номуваффақи наҳзат аст, ин буда, ки баъди шармандаовар аз Тоҷикистон фирор кардани раиси ин ҳизб ҳеч хабарнигор ва расонаи хабарии кишвар аз ӯ ҷонибдорӣ накард (ба ҷуз аз чанд нафаре, ки аз ҷониби хориҷиён маблағгузорӣ мешаванд ва ҳарфашон таъсире ҳам надорад). Дар ягон кишвари дигар ҳам ба ӯ минбар надоданд, ба ҷуз саҳифаҳои беминнати шабакаҳои иҷтимоӣ. Дуруст, ҳеч кишвар намехоҳад ба роҳбари як ташкилоти террористӣ минбари афкор ва майдони таблиғ диҳад.

Аз сӯи дигар, маъракаҳои сиёсие, ки дар ин миён дар Тоҷикистон гузаштанд (аз ҷумла, интихоботи парламентии имсола), хеле муваффақона ва аввалин маротиба хеле шаффофу ором баргузор шуданд. Зеро маҳз баъди қатъи фаъолияти ТТЭ ҲНИ мардуми тоҷик комилан худро дар амн эҳсос кард. Таври маълум, то он замон ин неруи тахрибкор доғи бузурге болои сулҳи тоҷикон буду хатаре ҷиддӣ ба амнияти кишвар дошт. Ин хатар ҳанӯз бартараф нашудааст.

Бинобар ин, таъсиси шабакаи телевизонӣ, он тавре ки Варқиву Муҳаммадиқболу дигар аъову роҳбарони ташкилоти террористӣ лоф мезананд, ҳеч арзише барои хабарсозӣ, ё ба қавли онҳо, “тарсонидан” надорад. Аз ҷое дуздидаву ба ҷойи дигар заданд ва тамом.


Мирзозода Аҳлиддин

таҳлилгари масоили сиёсӣ


Комментарии для сайта Cackle