Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

Ифротгароӣ ва гуруҳҳои исломӣ


05.08.2020 06:39

: 374

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ, хусусан аз солҳои 90-уми асри гузашта то ин ҷониб ба масъалаҳои мубориза бар зидди экстремизм таҷрибаи калон ба даст овардааст. Тавре медонем, аз нахустин давраҳои рушду такомули ҷомеа бар зидди ҷинояткорон муборизаи беамон мебарад. Зеро ҷиноят ва ҷинояткорон дар тасаввур ва афкори маъмулӣ ҳамчун амали манфӣ нақш бастааст.

Экстремизм раванди ҷонибдории усулҳои ифротӣ, ки аз тарафи ҳизбҳо, созмонҳо, гурӯҳҳои сиёсӣ ва ҳатто аз тарафи базе давлатҳо созмон ва дастгирӣ меёбанд, дониста мешавад.

Ифротгароӣ изҳори фаъолияти ифротии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ барои даъвати нооромӣ, дигаргунии сохти конститутсионии давлат, ғасби ҳокимият ва тасарруфи салоҳияти он, ангезонидани нажодпарастӣ, миллатгароӣ, бадбинии иҷтимоӣ, мазҳабӣ ва ба ин монанд амалҳоро дар бар мегирад. Махсусан, ифротгароии динӣ фаъолияти аз нигоҳи динӣ ниқобпушониест, ки базурӣ дигаргун сохтани сохти давлатӣ ё ғасби зураворонаи ҳокимият, халалдор сохтани соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзи давлат ва ба ин мақсадҳо ба амал овардани душманию бадбинӣ мебошад.

Терроризми динӣ низ иҷрои амалҳое мебошад, ки бо мақсади ҷисман нобуд сохтани ҳарифи сиёсӣ, ба амал баровардани хавфу хатар барои одамони бегуноҳ ва ё бевосита нобуд сохтани онҳо, халалдор сохтани тартиботи ҷамъиятӣ, таъсиррасонӣ ба қабули қарордод аз ҷониби мақомоти ҳокимият ва бо мақсади ба амал овардани вазъияти тарсу ҳаррос ва тарсонидани аҳолӣ истифода мешаванд.

Терроризм ва экстремизм дар якҷоягӣ дар ҷомеаи имрӯза яке аз омилҳои хавфноки ҷинояткорӣ ба ҳисоб рафта, муборизаи пуршиддат бар зидди ин навъи хата, ба вазифаҳои муҳим ва аввалиндараҷа мубаддал гардидааст.

Пас аз барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ, ки дар раванди он пас аз чанде Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) таъсис тода шуд, дар мавсими оғози соҳибистиқлолият ба сатҳи иҷтимоӣ – иқтисодии зиндагии мардум таъсиргузор гашт. Замони барқарор гардидани давлати ҳуқуқбунёди соҳибистиқлол, гузаштан ба шаклҳои нави қонунгузорӣ дар шароитҳои мураккаби ҷамъиятӣ ҷараён мегирифт ва табиист, ки сатҳи ҷинояткорӣ, падидаҳои номатлуб ба таъғйирёбии хусусият ва сифати он ба низоми ҷамъиятӣ, истеҳсолот, тақсимоти неъматҳои моддӣ, маданият ва иҷтимоиёти ҷомеа таъсир расонид.

Бо сабабҳои маълум гурӯҳҳои муташаккили ҷинояткор бо қувваҳои сиёсӣ дохил шуда, фаъолияти сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва ҳокимияти давлатиро фалаҷ гардонида, бо роҳи фишору зуроварӣ соҳаҳои иқтисодиёт ва арсаи сиёсиро зери назорат мегирифтанд.

Fайр аз ин, дар солҳои даргириҳои муқовимати шаҳрвандӣ миқдори зиёди аслиҳа ба дасти гурӯҳҳои ҷинояткорон афтод, ки онҳо аз вазъияти басо ногувори кишвар истифода бурда, бар хилофи сохти давлатдорӣ нисбат ба аҳолии осоишта ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин чун таҷовуз, одамкушӣ, роҳзанӣ, ғоратгарӣ, гаравгонгирӣ, ифротгароӣ ва актҳои террористӣ содир менамуданд.

Аз рӯи таҳлилҳо, то кунун гаравидани ноболиғону ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротию террористӣ, таҳсил дар мактабҳои ғайрирасмии кишварҳои исломӣ мушоҳида мешавад. Айни замон ташкилотҳои террористии “Ансоруллоҳ”, “Ҳаракати исломии Ӯзбекистон”, “Ҳизби таҳрир”, “Ҷамоати таблиғ”, “Ҷамоати даъват”, “Салафия”, “Толибон”, “Давлати исломӣ” ва ташкилоти террористи собиқ Ҳизби наҳзати ислом ноболиғонро бо ҳар роҳу восита ба сафҳои худ ҷалб намуда, ба давлатҳои исломӣ мефиристанд.

Ифротгароӣ дар шароити имрӯза бештар ба сиёсат дахл намуда, тазоҳуротро дар ниҳоди ҳамаи мазҳабҳо ба вуҷуд овардааст. Мақсади ниҳоии онҳо ба ҳар роҳу восита созмон додани давлати ягонаи бесарҳади мусулмонист.

Аз ин рӯ, мардуми сарбаланди Тоҷикистон, алалхусус ҷавонон бояд зиракии сиёсиро аз даст надода, фирефтаи ин тӯдаи ифротгароёни террорист, аз ҷумла ташкилоти террористи собиқ Ҳизби наҳзати ислом нашаванд ва сулҳу суботро дар кишвар ҳамчун гавҳараки чашм абадӣ нигоҳ доранд.


Соиб Саид

донишҷӯи курси сеюми ДДТТ


Комментарии для сайта Cackle