Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

Асардуздӣ дар рӯзи равшан


04.08.2020 07:22

: 341

Баъди ба даст овардани истиқлолият ва пайдо намудани раҳбари воқеӣ–Пешвои миллати тоҷик, Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, миллати тоҷик аз вартаи ҳалокат наҷот ёфта, дар тӯли солиёни ахир аз бунбасти коммуникатсионӣ баромад. Ҳамаи ин натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзии раҳбари кишвар буд. Сиёсати хирадмандонаи ӯ тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ, маишиву маънавии мардуми тоҷикро фаро гирифт. Тоҷикистон дар муддати кӯтоҳе ба як кишвари зебо ва амну обод табдил ёфт. Шаҳрҳо, ноҳияҳо ва деҳаҳо рӯз то рӯз ободу зебо мегарданд. Хусусан, дар бахши илму фарҳанг ҷаҳише ба амал омада, барои боз ҳам бештар таблиғ намудани илму фарҳанги миллӣ аз ҷониби Пешвои миллат барномаҳои мухталифе ҳамасола таҳия ва мавриди дастгирӣ қарор мегиранд.

Дар ҳамин замина танҳо дар бораи таблиғи илму фарҳанги миллӣ ҳаминро бояд тазаккур дод, ки дар замоне, ки аз ҳар тараф хатароти берунӣ ба кишвари мо таҳдид мекунанд, хусусан зиёд гардидани ҳаракатҳои экстремистии динӣ, роҳ ёфтани гурӯҳҳои ифротӣ ва фаъолияти тахрибкоронаи онҳо зарурати нашри як идда асарҳои диние, ки дар заминаи мазҳаби ҳанафия навишта шуда буданд ва гузаштагонамон тибқи онҳо ибодот анҷом медоданд, ба миён меояд. Ин буд, ки бо дастури бевоситаи Пешвои миллат як гурӯҳ олимони тоҷик, кормандони Институти шарқшиносии АИ ҶТ дар як муддати на чандон тӯлонӣ тавонистанд, китобҳои дарсии асосии мазҳаби ҳанафиро ба сирилик таҳия ва ба хонандагони тоҷик пешкаш намоянд. Чунин иқдом ҷараёни саргумзанӣ ва ба дигар ҳизбу ҳаракатҳо гаравидани ҷавонони тоҷикро хеле коҳиш дод.

Иқдоми бузурги пурарзиши дигари Пешвои миллатамон дастури нашри осори бисёрҷилдаи ниёгон таҳти унвони “Ахтарони адаб” аз тариқи нашриёти “Адиб” буд. Нашриёти “Адиб” силсилаи осори гузаштагонамонро зери унвони “Ахтарони адаб” бознашр намуд, ки аксарашон дар даврони Шӯравӣ дар таҳияи олимони адабиётшинои тоҷик, дар Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ, Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдулло Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, факултетҳои филологияи тоҷики Донишгоҳи миллӣ ва Донишгоҳи омӯзгорӣ дар асоси нусхаҳои хаттии дар марказҳои илмии Иттиҳоди Шӯравӣ маҳфузбуда таҳия ва нашр шуда буданд.

Бо вуҷуди ин, барои нашри нави онҳо маблағи иловагӣ ҷудо карда шуд ва ин осори гаронбаҳо бознашр гардид. Бознашри осори интихобӣ барои хонандагони сершумори тоҷик тӯҳфаи арзандае буд, чунки осори дар замони шӯравӣ нашргардида камёб шуда буданд ва агар дар баъзе китобхонаҳо ҳифз шуда бошанд ҳам, хеле фарсуда шуда буданд.

Ба нақша гирифтан ва нашри ин силсила, бешубҳа, яке аз хидматҳои бузургест, ки Ҳукумати кишвар рӯйи даст гирифт. Барои нашру таҳияи ин осори бузургон хазинаи зиёде низ ихтисос гардид. Аммо бознашри ин осор ҳатман бояд аз тариқи институтҳои таҳқиқотии Академияи илмҳо сурат мегирифт, на аз тариқи Вазорати фарҳанг. Агар баррасӣ, таҳқиқ ва нашри осори ниёгон аз тариқи АИ ба роҳ монда мешуд, осори бештар ба дасти чоп мерасид ва пеши роҳи дуздиҳои рӯйростро мегирифт. Ва ё, айни муддао мебуд, агар ин амали хайру зарурӣ дар ҳамдастиву ҳамбастагӣ, ҳам аз ҷониби Академияи илмҳо, ҳам аз тарафи Вазорати фарҳанг, ҳам Иттифоқи нависандагони ҷумҳурӣ, бо ҷалби донишмандони варзидаи соҳа ва таъсиси як Шурои машваратии салоҳиятнок анҷом дода мешуд.

Аммо, мутаассифона, нашриёти “Адиб” ин холигоҳро сӯистифода карда, як гурӯҳ муаллифини тасодуфиро дар атрофи худ ҷалб намуд, ки беасос осори дар замони шӯравӣ бо чандин заҳмат таҳиянамудаи олимони шинохтаи тоҷикро таҳти номҳои худ “аз нав ба нашр расониданд”. Бо мақсади хок пошидан ба чашми қонун ва аз худ намудани маблағи муфт, ба истилоҳ, таҳиягарон ба ин кори бисёр бад даст заданд. Ба хотири пӯшонидани ин амали носавоби худ дар ҳайати таҳририя номҳои олимон ва шахсиятҳои бонуфузро дохил намуданд.

Аслан, барои таҳияи як матни саҳеҳ аз осори хаттӣ солҳо лозим буд, ки дар заминаи нусхаҳои хаттӣ омода гардад. Барои ин кор ҳам маблағ ҷудо шуда буд ва корҳои зиёде ҳам ба анҷом расида буданд. Ин кор аллакай шуда буд. Нашриёти “Адиб” танҳо мебоист онро аз номи муаллифони аслӣ бознашр мекард. Аммо ин тавр нашуд. Гурӯҳи “бузурманишони нав” ба ин амали носавоб даст заданд. Барои таҳияи бештари осори дар давоми солиёни пешин нашргардида ҳар муаллиф мувофиқи нақшаи фаъолияташ аз давлат ҳақуззаҳма гирифта буд. Олимони шинохтаи тоҷик, матншиносони варзидае ба монанди Б.Сирус, Ш. Ҳусейнзода, М. Миршакар, К. Айнӣ, М. Бақоев, З. Аҳрорӣ, А. Афсаҳзод, С. Сиддиқов, Х. Мирзозода, А. Fаффоров, Н. Қаҳҳорова, Ҷ. Додалишоев, И. Ализода, А. Зуҳуриддинов, А. Алимардонов, Ҳ. Шанбезода, С. Имронов, Л. Шералӣ, М. Аҳадов, Л. Сулаймонӣ, Л. Саломатшоева, А. Раҳмонзода, З. Fаффорова, А. Саъдуллоев, М. Музаффарӣ, А. Раҳмонфар ва дигарон тамоми умри худро сарфи таҳияи матни илмӣ-оммавии осори классикони форсу тоҷик намуда буданд. Онҳо 50 сол заҳмат кашида, ин кори бузургро анҷом доданд. Имрӯз он заҳмати бузурги эшонро нодида гирифтан гуноҳи нобахшиданӣ мебошад, ки ҳангоми бознашр аз эшон ёде ҳам карда нашудааст. Масалан, барои аз матни аслӣ баргардонидани “Шоҳнома” як солу ду сол кифоя намекунад, солҳо лозим аст. К. Айнӣ ва З. Аҳрорӣ ин амали хайрро чандин сол мутобиқ ба нақшаи инфиродии худ анҷом додаанд. То ин замон ба ҷуз нафарони ангуштшумор ба матни ин шоҳасар каси дигаре ошноӣ надошт. Маҳз нашри аввали “Шоҳнома” боиси он гардид, ки “Шоҳнома”-ро мардум шиносанд.

Ё худ осори безаволи Абдурраҳмони Ҷомиро, ки шодравон А. Афсаҳзод тамоми умр бо он сару кор доштанд, бонуфузтарин нашриёти Эрон бо номи “Мероси мактуб” ба ҳуруфоти форсӣ баргардонид ва бо номи худи устод А. Афсаҳзод нашр намуд, аммо кадом эроние номи худро ба он илова накард. Вале мо бошем, дидаву дониста, ба пастарин амал - сирқат (асардуздӣ) даст мезанем. Барои фоидаи ночизе Худорову устодон ва дину имонамонро мефурӯшем! То кай ин амали носавоб давом мекарда бошад!? Гумон намекунам, ки дар таҳияи осори Абдурраҳмони Ҷомӣ касе ба сатҳи илмии шодравон Аълохон Афсаҳзод баробар шуда тавонад!

Имрӯз дар ватани бобоӣ заҳмати нимасраи олими шинохтаро “олимони машҳури нав” таҳти номи худ ба дасти чоп расонидаанд! Ин хиёнат дар ҳаққи устоди бузург аст! Аз чунин амал нон хӯрдан ҳаром аст! Ин, аз як тараф, ба чашми ҳама хок пошидан ба хотири маблағи муфт буда бошад, аз тарафи дигар алломагӣ ва худкомагии баъзе ашхоси ноинсоф аст.

Куллиёту ғазалиёти Ҷомӣ, “Хамса”-и Низомии Ганҷавӣ маҳз аз матнҳои таҳиянамудаи устод Аълохон Афсаҳзод, ғазалиёти Иқболи Лоҳурӣ (М. Миршакар ва А. Fаффоров), Сайидо ва дигарон таҳияи электронӣ шуда, дар “таҳия ва тадвини” афроди дигар ба чоп расиданд.

Дар ин амали носавоб ноширон низ гунаҳгоранд. Чаро бидуни таҳқиқ ин асарҳоро бознашр мекунанд?! Оё дар Тоҷикистон созмони ҳимояи ҳуқуқи муаллиф вуҷуд дорад?!

Ё худ нависандаи маҳбуби тоҷик Сотим Улуғзода барои оммафаҳму дастраси умум гардонидони “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ “Достонҳои Шоҳнома”-ро ба наср дар ду ҷилд ба табъ расонид. Баъд аз сари устод, дар ибтидои асри 21, “Достонҳо аз Шоҳнома” бознашр гардиду дар ин нашр дар пеш аз номи устод Сотим Улуғзода номи муаллифи дигар пайдо шуд! Муаллифи нав чӣ хидмате кардааст, ки номашро дар радифи номи устод Сотим Улуғзода навиштаанд?! Инсоф дар куҷост?! Чунин берӯйӣ барои чист?! Чаро бузургон эҳтиром намешаванд?! Дар нашри нави ин китоб нигориши Улуғзода ва таҳиягар шахси дигар омадааст. Мантиқ куҷосту ҳақиқат ку?! Касоне, ки худро “таҳиягар” унвон додааст, дар ин достонҳои омада чӣ изофа кардаанд? Агар инҳо “таҳиягар” бошанд, устод Улуғзода чӣ кора аст?

Ҳамаи ин танҳо барои фоидаи ночизест, ё худ “гонорар”-и муфт аст, ки баъзе мӯфтхорон аз он амал рӯй намегардонанд! Ин як роҳзании рӯйирост аст! Пули давлат ҳисоб карда мешавад ё не?! Аксари зиёиёни Тоҷикистон инро медонанд, аммо, мутаасифона, чашм мепӯшанд ва ба лаб муҳри хомӯшӣ мезананд! Касе аз аҳли илми имрӯза ба хотири пос доштани эҳтироми олимони шинохта ва устодоне, ки илми матншиносиро асос гузоштаанд, то ҳол садое баланд накардааст! То кай чунин амали носавоб идома мекарда бошад?! Оё идораи муътабари ҳифзи ҳуқуқи муаллиф фаъолият мекарда бошад?! То кай асардуздӣ давом мекунад?! Аз рӯзномаҳои бедарак зиёди имрӯза ва нашриётҳои хусусӣ истифода бурда, касе чизе хост менависаду ва кадом китоберо, ки мехоҳад, ба нашр мерасонад. Аз он ки моли аслии кист, парвое надорад! Ҳамчунин, тибқи нақшаҳои инфиродӣ, чунин ашхос қаблан барои анҷоми чунин корашон аз ҳисоби хазинаи давлат ҳам музди кор гирифтаанд. Оё зарур аст, ки бори дувум даст ба кисаи давлат бизананд?!

Дар ягон гӯшаи дунёи мутамаддин касе даст ба чунин амал намезанад. Агар як асар садҳо маротиб бознашр шавад, ҳуқуқи муалифи аввал ҳимоя ва ҳифз мегардад. Агар фоидае аз нашри ҳамон китоб матбаае бигирад, ба ворисони ҳамон муаллиф расонида мешавад.

Бисёр таассуфовар аст, ки раҳбарияти собиқи нашриёти “Адиб” корхонаи давлатиро танҳо барои манфиати чанд нафар истифода бурда, осори классиконро аз китобҳои нашршуда айнан бо номи “таҳиягарони нав” ва “мураттибони тоза” бознашру чоп намуд. Дар ин маврид аз ҷониби хонандагони сершумор саволҳои зиёде пайдо мешавад, ки чаро дар таҳияи осори Низомӣ, Ҷомӣ, Фирдавсӣ ва дигарон дар китобҳои қаблан нашршуда номи олмони қаблан сабт шудаву дар нашри “Адиб” номи касони дигар омадааст?!

Барои техникаи ҳозиразамон мушкил нест, ки як барномасози компютер дар як шаб садҳо ҷилд китобро битавонад нусха бардоштаву PDF кунад ва шакли электронии онро омодаи нашр гардонад. Барои анҷоми ин кор кадом заҳмате ба харҷ намедиҳад. Аммо барои таҳия музди хуб мегирад ва даъвои “бузургӣ” ҳам мекунад. Ва худро аз садову симо тарзе муаррифӣ мекунад, ки гӯё бемислу монанду нотакрор бошанд!

Аз ҳайати кумитае, ки барои нашри осори бузургон рухсат медиҳанд, пурсида мешавад, ки оё муаллифи нав аз болои кадом нусха ин амалро анҷом додааст?! Таҳияи мунтахаби осор аз рӯйи кадом асарҳои шоирон анҷом дода шудааст, маълум нест! Дар Ганҷинаи дастнависҳои Маркази мероси хаттии АИ ҶТ дафтари қайди ҳамаи ашхосе, ки аз китобхона истифода бурдаанд, мавҷуд аст. Аз он бармеояд, ки аз мураттибони нав дар даҳсолаҳои охир нафаре асареро истифода накардааст. Ҳама аз китобҳои дар алифбои сириллик таҳиянамудаи олимони замони шӯравӣ истифода бурда, ҳангоми таҳия номашонро “фаромӯш кардаанд” ва меҳнати 50-60-солаашонро аз они худ кардаанд. Садҳо нафари дигар ҳам пайдо шавад, гумон аст, ки дар ин ҷода ба пояи он бузургмардҳо расида тавонанд.

Ҳамчунин тазаккур бояд дод, ки то кунун осори мукаммали шоирону адибони классике, ки дар ҳудуди имрӯзаи киварамон зиндагӣ карда буданд, пурраву ҳаматарафа омӯхта нашудаанду мероси гаронбаҳояшон низ аз назари хонандагини тоҷик дур мондааст. Дар ҳавзаҳои адабии Зарафшону Ҳисору Хатлону Рашту Дарвозу Бадахшон садҳо шоирони соҳибдевон фаълият дошта, осори пурарзише аз худ ба мерос гузоштаанд. Чаро барои таҳияи осори онҳо, ки қисман дар кишварамон маҳфузанд, касе таваҷҷуҳи лозим зоҳир намекунад? Оё дар силсилаи “Ахтарони адаб” ва китобҳои дарсии мактабҳои таҳсилоти умумӣ барои онҳо ҷой ёфтан душвор аст?

Дар ин навиштаи мухтасар танҳо дар бораи он ноадолатиҳое, ки дар нашри силсилаи “Ахтарони адаб” роҳ дода шудааст, чанд андешаи худро баён намудем. Чунин нуқсҳо дар нашри осори дуздидашуда дар дигар нашриётҳо ба нашр расида низ мисолҳои зиёде вуҷуд доранд, ки мавриди тафаҳусси мақомоти дахлдор қарор дода бояд бишаванд.

Хулласи калом, имрӯзҳо амали нангини сирқату плагиату асардуздӣ дар ривоҷ асту месазад мақомоти дахлдор лаҷоми чунин муфтхору ҳаннотонро ба зудӣ бикашанд, вагарна дер хоҳад шуд!

Дар ин маврид ҳақ ба ҷониби шоир Асрори Сомонист, ки дар муроҷиат ба чунин тоифа ҳушдор додааст:

Асардуздон, асардуздӣ гуноҳ аст,

На кам аз симузардуздӣ гуноҳ аст!


Сайидхоҷа Ализода,

номзади илмҳои филология,

мудири шуъбаи Маркази мероси хаттии

АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон


Бознашр аз рӯзномаи “Адабиёт ва санъат” , 14 феврали соли 2019, №7(1978)


Комментарии для сайта Cackle