Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

JICA ва ФАО бо малах мубориза мебаранд


29.07.2020 05:19

: 425

Ба дунболи офати замони нав - пандемияи коронавирус, урдуи рустанишикани малах низ ба Осиёи Марказӣ “ҳамла” намуд. Ҳарчанд солҳои қабл низ чунин ҳолатҳо буданд, коршиносон вазъи имсоларо ҷиддитар меҳисобанд. Ба гуфтаи коршиносон, малах офати калони табиист, ки соле то 40 дарсади ҳосили рустаниҳоро нобуд мекунад.

Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО), ҳукумати Ҷопон, Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Ҷопон (JICA) ва Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳои худро дар доираи марҳилаи дуввуми лоиҳаи минтақаӣ оид ба тақвияти мубориза бо малах дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақа давом медиҳанд.

Зимнан, ҳукумати Ҷопон аз соли 2015 то соли 2019 лоиҳаи беҳтарсозии тарзи идоракунии малахро дар Тоҷикистон, Қирғизистон ва Афғонистон амалӣ намудааст. Ба туфайли ин лоиҳа қобилияти мубориза бо мушкилоти малах ва ҳамоҳангсозии иқдомот бо кишварҳои ҳамсоя беҳтар ёфтааст. Бо дарназардошти натоиҷи бомуваффақияти ин лоиҳа, ҳукумати Ҷопон тасмим гирифт, ки кишварҳои ҳамсояро низ ҷалб намуда, дар маҷмӯъ, зарари малахҳоро дар минтақа бо самар кам намояд. Дар амалисозии ин лоиҳа Ҷопон бо ФAO, ки дар ин самт таҷрибаи ғанӣ дорад, ҳамкорӣ хоҳад кард.

Маросими Мубодилаи Ёддоштҳо оид ба “Лоиҳаи беҳтарсозии тарзи идоракунии малах (Марҳилаи II)” байни Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Такаюки Мияшита ва Намояндаи Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ дар Тоҷикистон (ФAO) Олег Гучгелдиев рӯзи 28 июл баргузор гардид. Сипас Роҳбари Намояндагии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA) дар Тоҷикистон Хидеки Танабэ ва Намояндаи Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ дар Тоҷикистон (ФAO) Олег Гучгелдиев созишномаи грантиро ба тасвиб расониданд. Маблағи умумии лоиҳа 8 миллион иенаи ҷопонӣ (76 миллион сомонӣ)-ро ташкил медиҳад.

Ин лоиҳаи панҷсолаи минтақаӣ тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ ва инчунин Афғонистонро барои мубориза бо малах фаро мегирад. Дар доираи ин лоиҳа кишварҳои минтақа бо таҷҳизот ва маводи зарурӣ, ба монанди пестисид, дорупошак, либосҳои муҳофизатӣ, воситаҳои нақлиёт ва тракторҳо таъмин карда мешаванд.

Вобаста ба дастгирии Тоҷикистон дар ин самт бори аввал чунин таҷҳизот, ба монанди шаш адад трактор, шаш адад минивэн ва шаш адад дорупошак дастрас карда мешавад. Дар рафти амалисозии ин лоиҳа кӯмаки ғайримоддӣ низ ба нақша гирифта шудааст, аз ҷумла, расонидани кӯмак ба мақомоти дахлдор дар таҳкими ҳамоҳангӣ бо дигар кишварҳо, гузаронидани мониторинги муштарак ва дастгирии рушди нерӯи кормандон.

Ҳадафи умумӣ таҳкими амнияти озуқаворӣ ва некӯаҳволии аҳолии деҳот тавассути пешгирӣ ва маҳдуд кардани таҳдиди ҳуҷуми малах ва зарари зироатҳои кишоварзӣ ва чарогоҳҳо дар робита бо саломатии инсон ва муҳити зист арзёбӣ мешавад. Зимни муаррифии лоиҳа гуфта шуд, он баҳри коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ ва васеъ гардондани имкониятҳои иқтисодӣ дар тамоми минтақа тавассути рушди соҳаи кишоварзӣ ва дар ниҳоят рушди иқтисодӣ мусоидат хоҳад кард:

“Имсол, бинобар ҳуҷуми малах, соҳаи кишоварзӣ дар бисёр кишварҳои ҷаҳон зарари ҷиддӣ дида истодааст; Осиёи Марказӣ низ аз хатари таҳдиди малах дар канор буда наметавонад. Селаи малахҳо аллакай ба Ҳиндустон ва Покистон ҳуҷум кардаанд. Барои пешгирии паҳншавии селаи малахҳо ҳарчи зудтар андешидани чораҳои зарурӣ ва ҳамоҳанг кардани амалҳо дар минтақа муҳим аст. Ҳукумати Ҷопон тасмим гирифтааст, ки ба Осиёи Марказӣ, ки соҳаи кишоварзии он мавриди таҳдиди малахҳо қарор дорад, кӯмаки саривақтӣ расонад”, - гуфт Такаюки Мияшита дар чорабинӣ.

Вай умедворӣ кард, ки татбиқи лоиҳа ҳарчи зудтар оғоз гардида, соҳаи кишоварзии ин панҷ кишвар аз малах муҳофизат хоҳад шуд.

“Солҳои охир малах дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба мушкилоти ҷиддӣ табдил ёфтааст. Айни ҳол оид ба хисороти назаррас маълумот нарасидааст. Имсол шумораи малах бо таври ҷиддӣ, бахусус дар Тоҷикистон афзудааст. Ин ҳолат ба истеҳсолоти кишоварзӣ ва васоити таъмини зиндагии кишоварзон, инчунин ба амнияти озуқавории кишвар таҳдид намуда, мониторинги дақиқи паҳншавии малах ва коркарди саривақтиро бо мақсади пешгирии талафот тақозо мекунад”, - қайд кард Намояндаи ФАО дар Тоҷикистон Олег Гучгелдиев.

Аҳолии деҳот, ки дар маҳалҳои зарардидаи малах иқомат мекунанд, аз ин фаъолиятҳо баҳра хоҳанд бурд, зеро пешгирии самараноки хуруҷ ва афзоиш ва ҳамин тавр, коҳиши зарар ба зироатҳои кишоварзӣ ва чарогоҳҳо, амнияти озуқавории онҳоро таъмин хоҳад кард.

Лоиҳа инчунин ба мақомоти миллии мубориза бар зидди малах кӯмак хоҳад намуд, ки иқтидори институтсионалӣ, техникӣ ва инсонӣ ҳам дар сатҳи миллӣ ва ҳам минтақаӣ тақвият дода шаванд:

“Тавассути татбиқи марҳилаи аввали лоиҳа, ҳамкорӣ байни се кишвар - Тоҷикистон, Қирғизистон ва Афғонистон тақвият дода шуд. Барои малахҳо сарҳадҳое, ки инсон кашидааст, аҳамият надорад, онҳо метавонанд ба осонӣ аз ҳудуди сарҳадҳо гузаранд. Ҷалби боз се кишвари дигар - Қазоқистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон, на танҳо барои мубориза бо малах мусоидат мекунад, балки ба таҳкими минбаъдаи робитаҳо байни онҳо саҳм мегузорад”, - гуфт Ҳидеки Танабе.

Вай ваъда дод, ки минбаъд низ Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Ҷопон саҳми худро дар соҳаи кишоварзӣ, ба монанди рушди кишоварзии ба бозор нигарондашуда хоҳад гузошт, зеро ин бахш яке аз муҳимтарин соҳаҳои кишвар ба шумор меравад.

Маҳалҳои анъанавии маскуншавӣ ва афзоиши малахҳо аксар вақт берун аз ҳудуди марзҳои давлатӣ паҳн мешаванд. Ин маънии онро дорад, ки малахҳо сарҳадҳои давлатҳоро убур мекунанд. Бинобар ҳамин, ҳадафи асосии лоиҳа таҳкими ҳамкориҳои минтақаӣ байни кишварҳои минтақа мебошад, ки нишондиҳандаи муҳими муборизаи муваффақона бо ҳашаротҳои фаромарзӣ аз қабили малахҳо ба шумор меравад. Табодули мунтазам ва саривақтии иттилоот байни кишварҳои ҳамсоя ва шарикон, инчунин усулҳои бехатари мубориза дар ин бобат аҳамияти зарурӣ дорад.

Шарики асосии лоиҳа Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Ҷопон (JICA) дар Тоҷикистон мебошад. Ин ташкилоти байналмилалӣ соли 1993 бо даъвати хизматчиёни давлатии тоҷик барои таҳсил дар Ҷопон барои гирифтани дониш ва таҷриба дар идоракунӣ ва рушди макроиқтисод, ки барои сулҳ ва субот дар кишвар муҳим буд, оғоз намуд. Дафтари JICA дар Тоҷикистон соли 2006 ҳамчун як бахши Идораи JICA дар Ӯзбекистон таъсис ёфтааст ва аз он вақт инҷониб лоиҳаҳои мухталифи кумаки ройгони молиявӣ ва ёрии техникӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии Тоҷикистон дар чунин соҳаҳо, ба монанди кишоварзӣ ва рушди деҳот босуръат татбиқ мешаванд. Дар таъмини оби нӯшокӣ, тандурустӣ, нақлиёт низ барномаҳои муфид амалӣ менамояд. JICA инчунин ройкорони калонсолро ба донишгоҳҳои Тоҷикистон барои омӯзиши забони ҷопонӣ мефиристад.

То моҳи марти соли 2018 шумораи умумии иштирокчиёни барномаи JICA, ки қаблан курсҳои омӯзишӣ номида мешуданд, беш аз 2200 нафарро ташкил дод. Иштирокчиёни курсҳои омӯзишӣ на танҳо барои JICA, балки барои Тоҷикистон низ аҳамияти калон доранд.

Айни замон сандуқи лоиҳаҳои JICA дар Тоҷикистон 46 лоиҳаро ба маблағи умумии 349,6 миллион доллари амрикоӣ (82 миллион доллар дар шакли кӯмаки техникӣ ва 267,6 миллион доллар дар шакли грант) амалӣ менамояд, ки 13 лоиҳа фаъол мебошанд. Моҳи августи соли 2018 JICA стратегияи ҳамкориашро бо Тоҷикистон бо мақсади мусоидат ба татбиқи бомуваффақияти Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ки аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон дар соли 2016 қабул шудааст ва он бо Ҳадафҳои Рушди Устувор (SDGs) ҳамоҳанг шудааст, таҷдиди назар кард. Тибқи стратегияи нав, Агентии JICA тасмим гирифтааст, ки ба кӯшишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ тавассути татбиқи барномаҳо ва лоиҳаҳои мухталиф дар самтҳои афзалиятнок мусоидат намояд:

“Бо зиёд шудани баҳрабардорандагон, таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои байни кишварҳои минтақа на танҳо аз нигоҳи идоракунии малахҳо, балки дар дигар соҳаҳо низ дар назар аст. JICA тасмим дорад минбаъд низ чунин лоиҳаҳоро ба мисли тарғиби кишоварзии бозаргонӣ дар соҳаи кишоварзӣ, ки яке аз бахшҳои муҳим барои Тоҷикистон маҳсуб мешавад, бо дарназардошти дастгирии идоракунии соҳаи кишоварзӣ ҳамчун яке аз муҳимтарин лоиҳаҳои ҳамкорӣ мавриди баррасӣ қарор диҳад”, - гуфт Роҳбари Намояндагии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA) дар Тоҷикистон Хидеки Танабэ.


Муним Оламов

Наҷмиддин Пулодӣ


Комментарии для сайта Cackle