Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

Дар рӯёрӯӣ бо истисмор ва меҳнати маҷбурӣ


28.07.2020 10:56

: 415

“Сайёраи Замин барои он ноором ва пурмоҷаро аст, ки аз қадим дар он истисмори инсонҳо ҷой дошт”.

(Курт Валдахайм, собиқ муншии СММ)

Тиҷорати инсон мероси зишти даврони ғуломдорӣ ва мустамликадории қарнҳои 19-20 мебошад. Инсон чун “мол” дар бозори сиёҳ дар аввали қарни 20 танҳо ба ҳайси неруи кории ройгон ва “хизматрасонии маҷбурии шаҳвонӣ” истифода мешуд.

Дар идома, баробари рушди кашфиёти тиббӣ узвҳои бадани инсон ба тиҷорати серфоида мубаддал гардид. Аз ин рӯ, Созмони Милали Муттаҳид Дафтар оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ таъсис дода, барномаи муқовимат бо хариду фурӯши одамонро таҳия намуд.

Беш аз 27 сол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Созмони байналмилалии муҳоҷират лоиҳои мухталифро амалӣ менамояд. Ҳадафи зикр ва таҷлили Рузи ҷаҳонии мубориза ба муқобили савдои одамон ин бори дигар ҷиддан таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба ин зуҳурот ҷалб намудан мебошад. Ва ба таври фишурда дастовардҳои СБМ Тоҷикистонро дар ин самт зикр мекунем.

Таърихи дастовардҳои СБМ дар Тоҷикистон аз моҳи октябри соли 1993 ибтидо мегирад. Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз пошхӯрии Итиҳоди Шӯравӣ ба буҳрони сиёсӣ, иҷтимоӣ дучор гардид. Муҳоҷирати меҳнатии номуназзам, ҷалб ба хизматрасонии иҷбории шаҳвонӣ ба муаммои сарбаста табдил ёфтанд. Аз ин рӯ, СБМ тасмим гирифт, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дасти мадад дароз кунад. Дар асоси Созишнома дар бораи ҳамкорӣ миёни СБМ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1993 маҷмуи чорабиниҳо дар самти танзими муҳоҷирати меҳнатӣ ва солҳои минбаъда, муқовимат ба савдои одамон, таҳияи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ оид ба ин самт ба нақша гирифта шуданд.

Солҳои навадум аксари қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қонунҳои даврони Иттиҳоди Шӯравӣ такя мекарданд. Дар бисёр самтҳои танзими муносибатҳои ҳуқуқӣ ҳатто зерсанадҳои ҳуқуқӣ мавҷуд набуданд. Дафтари намояндагии СБМ дар Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо вазоратҳои қудратӣ аввалин қонуни мубориза бар зидди хариду фурӯши одамонро таҳия намуд. Қонун соли 2004 аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маъқул дониста шуда, бо қарори Маҷлиси Олӣ ба тасвиб расид. Ин яке аз аввалин ва ҳамзамон беҳтарин қонунҳои ин самт дар ИДМ маҳсуб меёбад. Дар тӯли даҳ соли охир, тибқи омори Вазорати адлия ва Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар асоси қонунгузории ҷиноятӣ нисбат ба 167 нафар шаҳрванд парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, 1 870 нафар ҷазоҳои мухталиф гирифтанд.

Беш аз 16 сол боз СБМ Тоҷикистон барои ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ дар хориҷи кишвар мубориза мебарад. Дар ин муддат, тибқи омори Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолӣ, бо дахолати СБМ Тоҷикистон 2670 нафар муҳоҷирон аз асорати меҳнатӣ раҳо шуда, қариб 1200 нафар музди меҳнаташонро аз корфармоён гирифтанд.

Аз моҳи феврали соли 2005 бо дастгирии СБМ созмонҳои ғайридавлатии “МДҶШ “Консорсиуми ташаббусҳо” (Хуҷанд), “Занони Шарқ” (Панҷакент), “Қалам” (Хоруғ), “Шабакаи сеюм” (Душанбе), МДҶШ “Оинаи Рашт” (водии Рашт), “Фидокор” (Хатлон) садҳо нафар ҷабрдидагони бозори хизмати иҷбории шаҳвонӣ, меҳнати маҷбуриро ошкор намуданд.

СБМ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ягона ташкилотест, ки таи 27 сол 20 созмони ҷомеаи шаҳрвандиро оид ба мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон ва муҳоҷират дар кишвар дастгирӣ мекунад.

Дар ҳалли ин барномаҳо тафоҳуми марказӣ баъзан мавҷуд набуд. Ҳатто баъзан шарикон ва идораҳои қудратӣ вазифаҳои ҳамдигарро такрор мекарданд. Аз ин рӯ, соли 2005 бо мусоидати СБМ Комиссияи байниидоравии мубориза бо хариду фурӯши одамон тасъсис гардид. Барои фаъолияти минбаъда Ёддошти тафоҳум байни СБМ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон ба имзо расид.

Бо дастгирии техникии СБМ ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2003, 2008 ва 2019 як қатор тағйироту иловаҳо ворид шуданд.

Ҳамкории тарафайн ва имдоди СБМ ҷиҳати расонидани кумаки амалӣ дар таҳия ва амалисозии нақшаҳои амалӣ дар кишвар дар марҳалаи якум (солҳои 2006-2010) дуюм (солҳои 2011-2013) сеюм (солҳои 2016-2018) ва чорум (аз соли 2019 то соли 2021) аз маҷмуи кумакҳои ҳуқуқӣ, моддӣ, техникӣ ва омӯзишӣ иборат аст.

Мутаассифона, истисмори меҳнатии кӯдакон дар замони Шӯравӣ қадр мешуд. Навраси 11-сола Мамлакат Наҳангова барои дар як рӯз чидани 200 килограмм пахта бо ордени “Ленин” қадр шуда буд. Дар ҷумҳуриҳои собиқ шӯравии Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Туркманистон ва Қирғизистон 60-70 фоизи ҳосили пахтаро мактаббачагон ва донишҷӯён мечиданд. Зери ин таъсир дар Тоҷикистони шӯравӣ дар маъаркаи ҷамъоварии ҳосил мактаббачагон васеъ ҷалб мешуданд. Ба ҳамин хотир, солҳои 2010-2014 СБМ дар 36 ноҳияи пахтакори кишвар бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мониторинги иштироки кӯдакон дар маъракаи ҷамъоварии пахта гузаронд. Дар асоси тавсияҳои СБМ, дар тамоми кишвар иштироки мактаббачагон дар маъракаи ҷамъоварии пахта пурра қатъ гардид. Аз натиҷаи ин лоиҳа дар шакли китоб гузоришҳои солона муфассал ва тавсияҳо нашр гардиданд.

Дафтари СБМ таҳияи шарҳи илмӣ ва амалӣ ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон”-ро таҳия карда, онро солҳои 2015, 2016, 2017 нашр намуд.

Барои тақвияти далелҳо ба омор таваҷҷуҳ кунем. Дар 15 соли охир (аз соли 2005 то 2019) бо кумаки СБМ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 724 нафар қурбониёни савдои одамон (335 мард, 389 зан) аз ҷумла, савдои одамон дар сатҳи байналмилалӣ - 579, миллӣ - 127 истисмор дар нуқтаҳои муваққатии зист – 28, нафар истисмори шаҳвонӣ – 235, ҷалб ба меҳнати маҷбурӣ - 375, ҷалби якҷоя ҳам ба истисори шаҳвонӣ ва ҳам меҳнат - 19, истифода аз маъюбон ва тифлон дар вақти гадоӣ - 27 ва 68 дигар амалҳои ба савдои одамон алоқаманд ошкор шуда, кумакҳои зарурӣ расонда шуд.

Ҳамин тавр, бо кумаки СБМ 724 қурбонии одамон (335 нафар мард, 389 нафар зан) аз асорати меҳнатӣ раҳо шуда, ба онҳо кумаки тиббӣ, ҳуқуқӣ ва реинтегратсионӣ расонида шуд.

Бояд зикр кард, ки 579 ҷинояти байналмилалии хариду фурӯши одамон, 235 маҳбуси меҳнатии маҷбурӣ, 375 истисмори меҳнатӣ ва 113 ҷиноят ва қонуншиканиҳои мухталиф ошкор гардиданд. Ҳамзамон зиёда аз 1700 шаҳрванди Тоҷикистон дар доираи барномаи глобалии CБМ AVRR барои бозгашти ихтиёрӣ ба ватани худ (солҳои 2000-2019) кӯмак дарёфт карданд.

Бо мусоидати СБМ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 июли соли 2014 Қонуни нав “Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расондани кумак ба қурбониёни савдои одамон”-ро дар таҳрир нав қабул карда, соли 2019 ба он иловаҳои нав ворид кард.

Ҳамзамон барои татбиқи қонун, тафсири он бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, кормандони Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои мутташакили ВКД дар шаҳри Душанбе, Хуҷанд, Бохтар ва Хоруғ семинарҳо ва конфронсҳо доир шуданд. Бо ҳамдастӣ ва ширкати фаъолонаи СБМ дар Ҷумҳурии Тоҷикстон се конфронс, ду ҳамоиши байналмилалӣ (Қайроққум-2005, Душанбе-2010, 2013) дар сатҳи баланд доир шуданд.

Соли 2010 бо ҳамдастии СБМ Тоҷикистон намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, созмонҳои ғайридавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар конфронси байналмилалии Минск бо иштироки 36 давлати дунё ширкат варзида, таҷрибаи ҳамкорӣ бо СБМ, кумаки ҳуқуқӣ, равонӣ ба ҷабрдидагони хизмати иҷбории шаҳвониро муаррифӣ намуданд.

СБМ яке аз аввалин ташкилотҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки ба мушкилоти муҳоҷирати дохилӣ, савдои одамон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир намуд. Ҳодисаҳои ташкили нуқтаҳои истисмори шаҳвонӣ дар шаҳрҳои Хуҷанд, Гулистон, Душанбе, рабудани одамон ба мақсади гирифтани маблағ дар шаҳри Хуҷанд, бедарак гардидани тифлон дар шаҳри Душанбе... СБМ-ро ба ҳамдастӣ дар ин самт водор намуд. Ин муаммоҳо ҳангоми семинарҳои СБМ ва ҳамоишҳо ошкор шуданд. Ба ин хотир СБМ соли 2017 “Вазъи савдои одамон дар дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро арзёбӣ намуда, барои муқовимат бо он ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсияҳо пешниҳод намуд.

Бо кӯмаки СБМ ва Сафорати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мубориза бо савдои одамон соли 2016 дар назди Раёсати мубориза бо ҷинояткории муташаккили ВКД Маркази муқовимат бо хариду фурӯши одамон ташкил карда шуд.

Яке аз лоиҳаҳои муваффақи СБМ дар Тоҷикистон ин маъракаи иттилоотӣ-омӯзишӣ оид ба истисмор ва савдои одамон ба шумор меравад.

Бо ҳамдастии СБМ барои муҳоҷирони меҳнатӣ зиёда аз 300,000 маводи иттилоотӣ нашр гардид.

Дар тӯли 27 сол зиёда аз 500 маъракаи иттилоотӣ тавассути шарикони ТFҲ гузаронида шуданд.

Бори аввал бо кумаки СБМ филми мустанади “Ба Москва равон шудем”, силсилаи видеолавҳаҳо таҳия шуда, филм дар фестивали филмҳои мустанади Қазон (соли 2010), Бишкек (соли 2013) соҳиби ҷоизаи байналмилалӣ гардид.

Озмуни беҳтарин аксҳо оид ба истисмори меҳнатии кӯдакон, беҳтарин мақолаҳои таҳлилӣ доир гардида, ғолибон бо мукофотҳои СБМ Тоҷикистон қадр гардиданд.

Бо дастгирии молиявии СБМ дар 15 соли охир 1500 фиттаҳои видеоӣ оид ба муқовимат бо савдои одамон таҳия ва тақсим гардид.

Барои фароҳам овардани шароити мусоид ба нуқтаҳои раводид ва шиносномадиҳӣ, утоқҳои хадамоти муҳоҷират дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Хоруғ ва Бохтар таҷҳизоти кампютерӣ дода шуд.

Соли 2002 бори аввал СБМ бо ҳамдастии созмонҳои ғайридавлатӣ пурсиши сотсиологӣ доир намуда, равандҳо, тамоилҳо ва хатарҳои ин унсурро муайян кард.

Соли 2018 аввалин арзёбии омӯзиши истифодаи интернет ва ИКТ аз ҷониби корфармоён дар савдои одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд.

Дар ҳамкорӣ бо Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар саросари кишвар 86 маъракаи иттилоотӣ барои баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ оид ба доираи васеи масъалаҳо, аз ҷумла савдои одамон, хатари муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва экстремизми зӯроварӣ ташкил карда шудааст. Ин маъракаҳо тақрибан 8500 нафарро (6800 мард, 1700 зан) фаро гирифтанд. Барои 100 муҳоҷири баргашта грантҳо бо мақсади пешбурди соҳибкории хурд пешниҳод карда шуд.

Лоиҳаи СБМ оид ба омузиши касбӣ яке аз беҳтарин лоиҳаи пилотии кутоҳмуддат маҳсуб гардида, 60 муҳоҷири осебпазир омӯзиши касбиро хатм карданд ва ба 100 нафар (15 зан, 85 мард) дарси менеҷменти соҳибкорӣ омӯзонида шуд.

СБМ вебсайти маркази таълимии калонсолони Тоҷикистонро таҳия намуд.

Дар асоси таҷрибаи пешқадами кишварҳои дунё дар шаҳрҳои Душанбе ва Бӯстон ба қурбониёни савдои одамон ва оилаҳои дучори хушунат марказҳои буҳронӣ ва паноҳгоҳҳо бо тамоми шароити маишии зист аз соли 2006 ташкил шуданд. Баъдан ин марказ ба ихтиёри Ҳукумати Тоҷикистон дода шуданд. Аз соли 2009 то 2018 дар ин марказҳо қурбониёни савдои одамон ёрии тиббӣ, равонӣ ва ҳуқуқӣ гирифтанд.

Табиист, ки ҷабридидагони меҳнатӣ ва асирони хизмати иҷбории шаҳвонӣ пас аз раҳоӣ ба кумак ниёз доранд. Аз ин рӯ, СБМ барои ҷалби онҳо ба меҳнат ва ташкили ҷойҳои нави корӣ лоиҳаҳои хеле самарабахшро амалӣ намуд. Дар ин солҳо 20 маҷмӯи чорабиниҳо барои рушди тиҷорати хурд ба гурӯҳҳои интихобшудаи аҳолии осебпазир, аз ҷумла занон ва ҷавонон, дар ҷамоатҳо мақсаднок амалӣ шуданд. Барои баҳрагирандагон мунтазам тренингҳо доир гардиданд.

Омӯзиш самти афзалиятноки лоиҳаҳои СБМ мебошад. Бо кумаки СБМ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маркази таълимӣ бо таҷҳизоти замонавӣ ташкил шуда, то ҳол зиёда аз 3500 нафар, аз ҷумла прокурорҳо, судяҳо, донишҷӯён, кормандони консулгарӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба машғулиятҳои амалӣ фаро гирифта шуданд.

Барои оилаҳои камбизоат ва кӯдакони муҳоҷирони меҳнатӣ ва ятимон 4 истироҳатгоҳи тобистона барои 183 наврас ташкил карда шудаанд.

Дафтари СБМ алҳол яке аз камтарин ташкилотҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон аст, ки дар ҳамаи барномаҳо ва лоиҳаҳо бо шарикон - Ҳукумат, созмонҳои ғайридавлатӣ ва институтҳои қонунгузорӣ ихтилофи назар надорад. Усули ҳамкории СБМ риояи қонунгузории миллӣ, шаффофияти лоиҳаҳо, дастрасии васеи ҷомеаи шаҳрвандӣ ба захираҳо ва грантҳо, риояи анъанаҳои миллӣ, эҳтиром ба истиқлолияти давлатӣ мебошад.

Буҳронҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ бар асари пандемия вазъи муҳоҷирати меҳнатӣ ва сар задани хатарҳои нав дар самти одамрабоӣ... Дафтари СММ оид ба ҷинояткорӣ ва маводи мухаддирро ба ташвиш овардааст. Вале аз навмедиҳо даст шӯстан ҳанӯз барвақт аст. СБМ, ки аз соли 1951 ҷаҳони аз ҷанги дуюми ҷаҳонӣ харобгардидаро мадад намуд, ба ҳама фишору зарбаҳо тобовар аст. Инро мо дар Рӯзи ҷаҳонии муқовимат ба савдои одамон чун шиори рӯз ёдрас мекунем.

Ҳамзамон СБМ Тоҷикистон - шарики боэътимоди Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ин рӯз табрик менамоем.


Наҷмиддин Шоҳинбодов

узви Иттифоқи

журналистони Тоҷикистон,

коршиноси масоили муҳоҷират


Комментарии для сайта Cackle