Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

Рӯ ба Ҳинд овардани равшандилон амри дил аст...


23.07.2020 07:03

: 520

Ҳазор сол қабл ҳавзаи адабаиёти форсу тоҷики Ҳиндустон ба мактаби бузурги ташаккули адабиёт ва санъат табдил ёфта буд. Дар ин ҳавза Мирзо Абдулқодири Бедил, Хусрави Деҳлавӣ, Ҳасани Деҳлавӣ, Ғании Кашмирӣ, Мирзо Толиб ва дигарон доираи адабии ҷаҳоншумулро ба вуҷуд оварданд. Бахусус, доираи адабии салтанати Шоҳ Аврангзеб адибон Муҳсини Фонӣ, Соиби Табрезӣ, Ғании Кашмирӣ, Шавкати Бухороӣ, Носир Аслӣ Сарҳиндӣ, Зебуниссо дар рушди забони тоҷикӣ, форсӣ, урду, ҳиндӣ саҳми бузург гузоштанд

Асари безаволи “Шеър-ул-Аҷам”-и Шиблии Нӯъмонӣ адабиёти форсу тоҷикро аз нобудшавӣ наҷот дод. Олим М.Амонов барҳақ навиштааст:

“Имрӯз низ адабиёти муосири тоҷик аз адабиёти Ҳинд ғизои маънавӣ мехӯрад. Маҳз тавассути ҷӯяндагии насрнависони навҷӯ бори аввал нигоҳи зеҳнгароёнаи суреалистӣ, носенонализм, ки Р. Такур шадидан тарафдор буд, бо тасвири воқеъгароёна омезиш ёфта, андешаҳои динию мазҳабӣ дар шинохти ҷодуӣ ва воқеӣ пайваста, таркиби тозаи адабиро шакл дода истодаанд. Ин нукта дар насри Муҳаммадзамони Солеҳ равшан ба чашм мерасад, ки аз осори Р. Такур ва аз ақидаҳои инсонпарваронаи М. Гандӣ то ҷое бозтоби маъно дар миёни насри муосири Шарқу Fарб ва эҷодиёти нависандагони зикршуда ғулув кардааст, ки гоҳе хонанда дар шинохти асарҳои онҳо ба пиндор як навъ такрори аз адабиёти бузурги Шарқро мебинад.

Ҳамин тавр, шинохти ҷанбаҳои тозаи адабии ин ду кишвар дар насри муосири тоҷик дар мисоли насри нависандагони баркамоле чун Муҳаммадзамони Солеҳ, Баҳманёр, Сайф Раҳим ва Муаззама Аҳмадова ва дигарон, ки бори аввал аз диди навназарӣ ва пайвандҳои Шарқу Ғарб мавриди таҳқиқ қарор меёбад, мубрамияти таҳқиқи моро муайян менамояд”.

Барои боз ҳам фароху муасиртар густариш додани равобити фарҳангӣ чанде пеш Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Вираҷ Сингх бо Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода вохӯрӣ анҷом дод.

Ҷонибҳо дар бораи нашр ва тарҷумаи китобҳои адибони тоҷик ва ҳинд, баргузории барномаҳои фарҳангӣ бо ҷалби санъаткорони ҳар ду давлат, табодули таҷриба байни муассисаҳои санъату ҳунар ва муассисаҳои таълимӣ суҳбат намуданд.

Сафири Ҳиндустон дар Тоҷикистон Вираҷ Сингх зимни суҳбат эҳтироми худро нисбат ба фарҳангу санъати тоҷик изҳор дошта, хостори вусъати минбаъдаи ҳамкории судбахш шуд.

Вазири фарҳанг Зулфия Давлатзода гуфт, ки халқи тоҷик ба санъату ҳунари мардуми ҳинд эҳтироми хосса дорад. Ӯ оид ба робитаҳои фарҳангии ду давлат ҳарф зада, ҷараёни муносибатҳои фарҳангиро мусбат арзёбӣ карда, изҳор дошт, ки минбаъд низ барои густариши ҳарчи бештари ҳамкории ду давлат дар соҳаи фарҳанг ва санъат кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

Воқеан, имрӯз Ҷумҳурии Ҳиндустон ҳамзамон дар омода кардани мутахассион, магистрҳо, олимони ҷавон барои дар донишгоҳҳо ва муассисаҳои таълимии Ҳиндустон ҳамдастӣ менамояд.

Мушовири Сафир дар бахши фарҳанг Доктор Абдул Самеъ қайд кард, ки танҳо дар се соли охир чанд китоби олимон ҳиндушисноси тоҷик омодаи чоп гардид. Ҳамзамон дар Кохи фарҳангии Сафорат ҷавони тоҷик санъати муосири Ҳиндустон, забони ҳиндӣ ва дарси йогаро бо шавқ меомӯзанд.


Н. Шоҳинбодов


Комментарии для сайта Cackle