Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

Кӣ аз коронавирус яроқи идеологӣ месозад?


21.07.2020 10:46

: 398

Дар робита ба пайдоишу хуруҷи коронавирус, ки ба пандемия табдил ёфта, тамоми ҷаҳонро фаро гирифтааст, ақидаву андешаҳои гуногун баён шуда истодаанд. Бархеҳо ин вазъро як амри табииву тасодуфӣ, бархеи дигар бозии абарқудратҳо барои зарба ба иқтисодиёти ҳамдигар, иддае ҷанги биологӣ ва ҳатто нафароне онро як тадбир ҷиҳати коҳиш додани шумораи инсонҳо дар сайёра унвон мекунанд. Аммо, мусаллам аст, ки ин гуфтумону тахминзаниҳои мухталиф баъзе чизҳоро дар робита ба коронавирус тағйир намедиҳанд. Аз ҷумла, ин бемории сироятӣ аст ва дар сурати риоя накардани гигиенаи шахсӣ ва фосилагирӣ байни ҳамдигар эҳтимоли гирифтор шудан меафзояд.

Ба ҳар сурат, коронавирус дар ҷаҳон ягона пандемия (вируси фарогир) нест ва омори зиндагӣ ва фавти мардуми сайёра низ ба ин рақамҳо маҳдуд намешавад. Агар таҳлил кунем, ҳамасола дар ҷаҳон ба ҳисоби миёна 60 миллион одам мефавтад, ки сабаби марги аксарияташон вирусҳои гуногун, аз ҷумла зуком, илтиҳоби шуш, ВИЧ/СПИД, гепатит, инчунин, бемориҳои саратон, қанд ва ғайра мебошанд. Аз инҳо танҳо 10 дарсадашон одамони аз 75-сола боло мебошанд. Дар баъзе кишварҳо ҳамарӯза ҳазорҳо одамон аз беобиву гуруснагӣ мурда истодаанд. Танҳо ворид шудани артиши коалитсияҳои ғарбӣ ба Ироқ, Либия, Сурия, Афғонистон ва дахолат ба корҳои дохилии дигар кишварҳо, аз ҷумла Украина, Яман ва ғайра боиси қатлу куштори мардуми бегуноҳ, хоса занону кӯдакон гардид, ки аз омори коронавирус дида бештар аст. Ҳол он ки оморҳои дақиқро расман бамаротиб кам нишон медиҳанд.

Аз сӯйи дигар, тавре давоми чанд моҳи ахир ба мушоҳида расид, аз коронавирус яроқи идеологӣ сохта, аз он ҳамчун як василаи мағзшӯӣ истифода бурда истодаанд. Ҷомеаи ҷаҳониро ба ҳадде мағзшӯӣ карданд, ки аксарияти буҳронҳои ҷаҳонӣ ва ҳалли масъалаҳои муҳим дар ҳаёти башарӣ ба гӯшаи фаромӯшӣ рафтанд. Таъсири ин вируси “хотирабар” то куҷост ва ба манфиати кист, баъдан маълум хоҳад шуд. Аммо ба ҳар сурат, рақобатҳои қутбҳои гуногуни ҷаҳон ҳамоно боқӣ мондаанд ва эҳтимоли афзудани таҳримҳои зиддиҳамдигарӣ то ҳанӯз боқист. Дар зимн, аз коронавирус ҳамчун аз фишанги нави фишор дар шаклгирии муносибатҳои нави байналмилалӣ истифода карда истодаанд, ки ҷойи таассуф аст.

Тоҷикистон ҳамчун бахше аз ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ростои ин буҳрони ҷаҳонӣ ба таҳоҷуми чунин гурӯҳҳои судҷӯву манфиатхоҳ дар дохил ва хориҷи кишвар рӯ ба рӯ гардид. Кор то ҷое расид, ки агар касе ба беморхона муроҷиат мекард ё аз дигар бемориҳо мефавтид, баъзан расонаҳои ба иғво машғул аз мусибати мардум суиистифода карда, шиддати равонии марбут ба буҳрони коронавирусро дар миёни аҳли ҷомеа бештар карданӣ мешуданд.

Яке аз чунин нафароне, ки мехоҳад аз вазъияти баамаломада моҳирона суде барад, роҳбари ташкилоти экстремистиву террористии наҳзати ислом мебошад. Ӯ дар як баромади видеоии кинаварзонааш боз аз ҳамон ҳилаҳои “шаръӣ”-ву тақияҳои сиёсии аз устодони охундаш омӯхта васеъ истифода бурда, чунон худашро ғамхори мардум нишон медиҳад, ки ба қавле фариштаҳои пок хиҷолат мекашанд. Аз як тараф, мегӯяд, мо бояд мухолифин будани худро якҷо бо кинаҳои дар дил дошта фаромӯш созему тифоқона дар канори Тоҷикистон бошем. Аз сӯйи дигар, бо истифода аз фурсатҳои мувофиқ бо сангандозиҳо ба сӯйи давлати Тоҷикистон аз мавҷудияташ ҳамчун “як сиёсатмадори мухолиф” (аз гуфтаҳои худаш) чунон ҷилвафурӯшӣ мекунад, ки рашки шайтон меояд. Роҳбари фирории наҳзатиҳо борҳо бо чунин имиҷсозиҳои арзон эътимоди худро дар назди мардум аз даст додааст ва ба қавли худаш “дар хориҷи кишвар ва дар ҷойи роҳат” буданаш маънои онро дорад, ки ӯ дар дохили кишвар ба касе даркор нест, ба ҷуз қонун, ки бояд барои ҷиноятҳои содиркардааш ҷавоб диҳад. Аммо ин худбохта ҳамоно мисли мурдаи сиёсие, ки домони зиндаҳоро сар доданӣ нест, чандин ҷавони гумроҳро ҷалб намуда, ба фитнаангезӣ идома дода истодааст.

Дар баробари чунин фазосозиҳои иттилоотӣ ва рақобатҳои идеологии ҷомеаи ҷаҳонӣ моро лозим аст, ки дар як вақт бо ду вирус мубориза барем.

Миллати тоҷик дар тӯли ҳазорсолаҳои мавҷудият ба ҳазорҳо чунин вирусҳои ҷонхӯру мағзхӯр рӯ ба рӯ гардид ва, билохира, аз болои ҳамаи онҳо зафар ёфт. Ин ва дигар пандемияҳоро низ сарбаландона пушти сар мекунем.


Орзу Ҳамидиён

сокини шаҳри Кӯлоб


Комментарии для сайта Cackle