• 12:29 – Барқияи Трамп: ИМА ҲНИ-ро ташкилоти террористӣ эътироф кард? 
  • 12:19 – Виктор Никитюк: Комёбиҳои Тоҷикистон моро мутаассир мекунад 
  • 11:34 – Давлаталӣ Самизода: “Хоҷа Обигарм” шуҳрат ва маҳбубияти худро барқарор кард 
  • 12:57 – Шӯрои уламо: садақаи фитрро ба имомхатибону саидзодаҳо надиҳед 
  • 13:40 – Бидуни “Диссернет”: олимони тоҷик дар як сол 125 кори илмӣ нашр карданд 
  • 07:30 – Сабаби тарки “Реал” кардани Зидан маълум шуд 
  • 10:37 – Дар сӯги Мӯъмин Қаноат... Сӯгномаи “Ба дида нақши рӯи ту...” нашр шуд 

Парламент созишномаи сафари бидуни раводидро тасдиқ кард

Парламенти Тоҷикистон Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи мусофирати мутақобилаи шаҳрвандонро ба тасвиб расонид.
Низомиддин Зоҳидӣ, муовини аввали вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, зимни муаррифии созишнома гуфт, бо тасвиб шудани он, созишномае, ки ҳанӯз 16 майи соли 2000-ум дар бораи ҷорӣ кардани низоми раводид байни Тоҷикистону Ӯзбекистон ба имзо расида буд, бекор карда мешавад.Ҳамакнун бо дастури Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, худи ҳамин рӯз бояд вазорати корҳои хориҷӣ ҷониби Ӯзбекистонро расман огоҳ намояд, то шурӯъ аз фардо, 20 март, сафари бемамониати шаҳрвандон ба роҳ монда шавад.
Созишномаи мазкур рӯзи 9 март дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, баъдан аз ҷониби Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои тасдиқ намудан ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод карда шуд.
Ҳоло парламенти Ӯзбекистон ин созишномаро тасдиқ накардааст, аммо бо фармони президенти он кишвар Шавкат Мирзиёев, ки рӯзи 14 март дар ин робита имзо шуд, созишнома ба таври истисноӣ аз 16 март ба иҷро даромад.
Дар ҳамин ҳол, шароити ҳузури шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Ӯзбекистон бетағйир боқӣ монда, чун пешина тоҷикистониёне, ки ба он кишвар мераванд, уҳдадоранд, ки дар муддати 3 рӯз  дар мақомоти маҳаллии корҳои дохилӣ худро ба қайд гузоранд. Агар шаҳрванди Тоҷикистон дар Ӯзбекистон хешу табор дошта бошад, ӯ метавонад бо суроға (адрес)-и онҳо худро ба қайд монда, дар ҳаҷми 5 доллар боҷ супорад.
Зимнан, барои убури марзи кишвари ҳамсоя шаҳрвандони Тоҷикистон бояд шиносномаи хориҷӣ (дипломатӣ, хизматӣ, умумишаҳрвандӣ) бо худ дошта бошанд.
 шаблоны для dle 11.2
рейтинг: 
Шарҳи худро бинависед:
О том как можно бесплатно активировать винду ----- http://aktivator-windows-10.ru/ ----- Как продуктивно вышло сегодня у вас ребята ----- http://blogs.pskovonline.ru/blog/2043.html --- http://www.jglobalvisa.com/index.php?option=com_k2&view=itemlist&task=u
ser&id=893953
http://aktivator-windows-7.net/ ----- Напишу я вам следующее ----- аренда офиса маленькой площади ----- Все обязательно будет хорошо ----- вход в линый кабинет банка втб 24 ----- вам больтше нечего делать, кроме как читать это))) ----- тинькофф личный кабинет ----- как сказали таким и сделал ----- вход в личный кабинет триколор тв
Это очень увлекательно ----- онлайн запись к врачу москва емиас
  • Пурбаҳстарин
  • Имрӯз
  • Серхонанда
Мо дар сомонаҳои
  • Вконтакте
  • Facebook
  • Twitter