• 12:29 – Барқияи Трамп: ИМА ҲНИ-ро ташкилоти террористӣ эътироф кард? 
  • 12:19 – Виктор Никитюк: Комёбиҳои Тоҷикистон моро мутаассир мекунад 
  • 11:34 – Давлаталӣ Самизода: “Хоҷа Обигарм” шуҳрат ва маҳбубияти худро барқарор кард 
  • 12:57 – Шӯрои уламо: садақаи фитрро ба имомхатибону саидзодаҳо надиҳед 
  • 13:40 – Бидуни “Диссернет”: олимони тоҷик дар як сол 125 кори илмӣ нашр карданд 
  • 07:30 – Сабаби тарки “Реал” кардани Зидан маълум шуд 
  • 10:37 – Дар сӯги Мӯъмин Қаноат... Сӯгномаи “Ба дида нақши рӯи ту...” нашр шуд 

Интихобот ё трагикомедия?

Тақдири Русия ҳал мешавад: идомаи зӯргӯиву бомбаборонкунӣ, ё оғози рукуди империяи зулм?

Довуд Исматӣ
ИмрӯзNews

То чанд соати баъд тақдири минбаъдаи Русия ва мардумаш муайян мешавад, ки ба дасти кӣ афтод. Ҳарчанд аз раъйи бештар гирифтани “соҳиби Кремл” – Владимир Путин дар интихоботи президентии рӯзи 18 март гуфта мешавад, аксаран маълумоти расмиро зери суол бурдаанд.
Ҳар гуна баҳс сари ин ки нафари аввали Русия кӣ хоҳад буд, бемантиқ аст, чун тасмимгирадагон дар Кремл омода нестанд, ки номзади асосӣ  - президенти феълии ин кишвар Владимир Путин “ҷойи гармашро хунук кунад”. Бинобар ин, аз ҳоло мешавад муҳтавои хабарҳои расмиро оид ба ғолиби мутлақи интихоботи президентӣ дар Русия дарк кард.
Аслан, Путин ҳанӯз чанд ҳафта қабл аз интихоб “ғалаба”-и худро таъмин кард. Рекламаи суперсилоҳи Путин на танҳо бисёре аз кишварҳои чаҳонро як муддат ба ҳарос овард, балки мардум - интихобкунандагон ҳам бовар карданд, ки номзади беҳтаре наметавонанд аз Путин пайдо кунанд.
Дар муқобил, бефаросатии Ксения Собчаку Владимир Жириновский дар ҷараёни барномаҳои таблиғотӣ ва “қонуншиканиҳо”-и Павел Грудинин (суратҳисобҳое, ки гӯё пинҳон доштааст) барои “эътимоди бештар” ба президенти феълӣ замина гузошт.
Номзадии номзадҳои дигар аслан матраҳ нест.
Аз ин хотир, интихоботи президентии дирӯза дар Русия трагекомедияи театрӣ ё сарфи беҳудаи вақту маблағ беш набуд. Инро ошкор шудани ҳазорҳо ҳолати қонуншиканӣ дар ҷараёни раъйдиҳӣ ҳам собит мекунад.
Русҳо ба ҳар касе, ки овоз диҳанд, тақдири худро муайян мекунанд. Новобаста аз он ки чанбараки идораи ин кишварро кӣ соҳиб мешавад, ба назар чунин мерасад, ки Русия пешорӯи як ояндаи норӯшан қарор дорад. Агар Путин боз президент аст, ин идомаи ҳамон фишору зӯргӯиву бомбаборонкунист, агар ҳар номзади дигар, ки номзадияшонро мондааст, ба қудрат расид, оғози рукуди як империяи зулму истибдод.
Аммо дар ҳама ҳолат интихобкунандагон дар Русия ҳам интихоби дигаре дошта наметавонанд.
Ба ин хотир, интихоботи президентии Русия ҳеч навоварӣ нахоҳад дошт.
Аслан, ракетаҳои Путин, муноқиша бо Англия, идомаи таҳримҳо... як ҷузъи барномаи таблиғотии президенти феълӣ буданд. Азбаски ин маротиба Владимир Путин ба ҳайси худпешбар номзадияшро гузошт, ҳадди ақал, ин нигаронӣ, ки имкони шикаст хӯрданаш мавҷуд аст, ӯро водор кард, ки дар бархе масоил “аз ҳад гузаронад”.
Изҳороти ҳангомавӣ дар бораи супераслиҳа, дандон ба дандон монда, тоқат кардан ба иттиҳомоти Лондону таҳримҳои Амрико ва нотавонияш дар пешгирии ваҳдати президентҳои Осиёи Марказӣ ин воқеиятро бозгӯ мекунад, ки “афсари собиқи КГБ” акнун дар худ неруи камтарро ҳис кардааст.
Ҳамзамон, фаъол набудани интихобкунандагон наметавонист нигарониҳоеро дар Кремл оид ба даври дуввуми интихоб ба вуҷуд наорад. То соати 17:00 (ба вақти Маскав), яъне давоми як рӯз, каме бештар аз 50 дарсад ба нуқтаҳои раъй рафтани интихобкунандагон баёнгари он аст, ки системаи интихоботҳои путинӣ ба дили мардум задааст.
Аз ҷониби дигар, фош шудани шармандагиҳои бархе аъзои ҳукумат, ки берун аз корҳои давлатдорӣ ҳамзамон аз ҷумлаи ҳамсоғару ҳамнишинҳои Путин ҳастанд, ғалабаи мутлақи ӯро зери суол бурда буд.
Бинобар ин, интихоботи дирӯза дар муоқиса ба раъйдиҳии солиёни пеш ғарқи қонуншиканӣ буд. Бино ба ҳисоби созмони мустақили назорат аз интихоботи “Голос”, то соати 17-00-и рӯзи 18 март наздик ба 2 ҳазор ҳолати бенизомӣ ё қонуншиканӣ, аз ҷумла, гузоштани сандуқҳои раъйдиҳӣ дуртар аз камераҳои назоратӣ, монеаҳо ба кори нозирон ва ғайра ба қайд гирифта шудааст. Ҳолатҳое ҳам будааст, ки номи афроди фавтидаро ба рӯйхати раъйдиҳандагон ворид кардаанд.

P.S. Бино ба маълумоти охир, Владимир Путин бо соҳиб шудан ба 76,6 дарсади раъйҳо барои 6 соли дигар президент интихоб шуд.
шаблоны для dle 11.2
рейтинг: 
Шарҳи худро бинависед:
Врачи в целом молодцы ----- причина геморроя
аренда машины в милане цены ----- Мы могла мы сделали -----
  • Пурбаҳстарин
  • Имрӯз
  • Серхонанда
Мо дар сомонаҳои
  • Вконтакте
  • Facebook
  • Twitter