• 12:29 – Барқияи Трамп: ИМА ҲНИ-ро ташкилоти террористӣ эътироф кард? 
  • 14:09 – Амонова: Зери тарсу таҳдид ба судя Сафарализода туҳмат кардам 
  • 20:28 – Мирасрор АҲРОРОВ: Воқеияти ТАЛКО-ро дидам. Ӯзбекистон аз харидорони асосии алюмини тоҷик мешавад 
  • 12:57 – Шӯрои уламо: садақаи фитрро ба имомхатибону саидзодаҳо надиҳед 
  • 12:56 – Туркия ва мактабҳои машкуки “Маориф” 
  • 07:30 – Сабаби тарки “Реал” кардани Зидан маълум шуд 
  • 12:49 – Аз Душанбе то Помир бо “Тселл” (36 акс) 

Дигар кӯчаҳои “Ташкентская” ва “Московская” надорем

Бо қарорҳои Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе номи ин ва дигар кӯчаҳо иваз карда шуданд.
     Иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум, рӯзи 15 март баргузор гардид.Рӯзи 16 март Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, қарорҳои марбут ба ивазкунии номи ин кӯчаҳоро имзо кард. Ҳамин тариқ, кӯчаи “Ташкентская”-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба кӯчаи “Тошканд”, кӯчаи “Варзобская” ба кӯчаи “Варзоб”, кӯчаи “Варзоб ГЭС-и боло” ба кӯчаи “Шаббода”, кӯчаи “Московская”-и ноҳияи Фирдавсӣ ба кӯчаи “Москва” ва кӯчаи “Тунис”-и ноҳияи Сино ба кӯчаи ба номи “Хоразмӣ” ивази ном карданд.
     Вобаста ба ин Раиси шаҳри Душанбе мақомоти ин се ноҳияи пойтахтро вазифадор кардааст, ки бақайдгирии истиқоматкунандагони кӯчаҳои мазкурро анҷом дода, дар ин кӯчаҳо нишонаҳои марбутаро насб созанд.
Иҷрои қарорҳои Раиси шаҳр ба зиммаи раиси Комиссияи муваққатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба номгузорӣ ва номивазкунии маҳаллаҳо, кӯчаҳо, майдонҳо, хиёбонҳо, боғҳо, пулҳо ва дигар қисмҳои таркибии маҳалҳои аҳолинишини шаҳри Душанбе вогузор шудааст.шаблоны для dle 11.2
рейтинг: 
Шарҳи худро бинависед:
  • Пурбаҳстарин
  • Имрӯз
  • Серхонанда
Мо дар сомонаҳои
  • Вконтакте
  • Facebook
  • Twitter