• 11:15 – Таҳлилгар: ҲНИ ба амалиёти бузурги зиддимиллӣ омодагӣ мегирад 
  • 11:36 – ЧАРО ХУДОРО БО АРАБӢ ШИНОСЕМ? Мо араб нестем, даъват ба намоз ва дигар қироатҳо бояд бо тоҷикӣ садо диҳанд... 
  • 20:28 – Мирасрор АҲРОРОВ: Воқеияти ТАЛКО-ро дидам. Ӯзбекистон аз харидорони асосии алюмини тоҷик мешавад 
  • 12:57 – Шӯрои уламо: садақаи фитрро ба имомхатибону саидзодаҳо надиҳед 
  • 12:56 – Туркия ва мактабҳои машкуки “Маориф” 
  • 21:16 – Трансфери сол: Криштиану Роналду ба “Ювентус” гузашт 
  • 12:49 – Аз Душанбе то Помир бо “Тселл” (36 акс) 

Иқдоми шоистаи «Помирэнерҷӣ»


Соҳибкорони ҷавон аз шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо кумаки молии ширкати «Помирэнерҷӣ» давоми як ҳафта дар давраи омӯзишӣ бо тарзи таҳияи лоиҳаи бизнес-нақша, харҷу дахли буҷа, роҳҳои ҳамкорӣ бо шарикон, қоидаҳои андозбандӣ ва амсоли инҳо шинос шуданд. Директори генералии ширкати «Помирэнерҷӣ» гуфт, ки ҳадафи давраи омӯзишӣ- ҷалби ҳарчӣ бештари ҷавонон ба соҳибкории хурду миёна аст. Ин қадами аввал ба самти соҳибкории истеҳсолӣ аст, ки ҳукумати ҷумҳурӣ ба он аҳамияти калон зоҳир намуда, ба соҳибкороне, ки ба бунёди корхонаву коргоҳҳои тавлидотӣ машғул мешаванд, имтиёзҳои қобили мулоҳиза муқаррар намудааст. Дар рушди соҳибкорӣ бахши хусусӣ низ саҳми муассир гузошта метавонад. Инро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти худ бо соҳибкорон таъкид карда, изҳор доштанд, ки «Ҳукумати Тоҷикистон минбаъд низ доир ба таҳким бахшидани шарикии давлат ва бахши хусусӣ, тавсеаи моликияти хусусӣ, дастгирии ҳамаҷонибаи соҳибкорон ва баланд бардоштани мавқеи соҳибкорӣ ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ мегардонад».
Соҳибкорони ҷавон пас аз давраи омӯзишӣ бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни кор дар корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ ба вилояти Суғд сафар карданд. Баъди бозгашт лоиҳаҳои пешниҳоднамудаи онҳо аз сӯи коршиносони масоили иқтисодӣ ва соҳибкорони муваффақ таҳлилу баррасӣ шуданд. Аз шаш лоиҳа, ки ба истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, сохтмонӣ, маводи сӯхт, бунёди ҳаммом, шустушӯи либосу палос ихтисос ёфта буданд, се лоиҳа интихоб гардид. Барои дар амал татбиқ намудани ин лоиҳаҳо ширкати «Помирэнерҷӣ» наздики 70 ҳазор сомонӣ ҷудо кард. Масъулини ин ширкат иброз доштанд, ки баъд аз ин ҳамасола чунин давраҳои омӯзиширо барои соҳибкорони ҷавон роҳандозӣ карда, мекӯшанд лоиҳаҳои ҳаҷман бузургтарро сармоягузорӣ намоянд.
Раиси Ассотсиатсияи соҳибкорони вилоят Боимамад Алибахшов ин иқдоми ширкати «Помирэнерҷӣ»-ро шоистаи ибрат номида, аз дигар корхонаву муассисаҳои хусусӣ, ки сармояи кофӣ доранд, даъват намуд, ки соҳибкорони ҷавонро дастгирӣ намоянд.шаблоны для dle 11.2
рейтинг: 
Шарҳи худро бинависед:
  • Пурбаҳстарин
  • Имрӯз
  • Серхонанда
Мо дар сомонаҳои
  • Вконтакте
  • Facebook
  • Twitter