• 11:33 – Покистон дар Рӯзи истиқлолият аз ҳамдилӣ бо Кашмир гуфт 
  • 07:29 – Дар орзуи сулҳи Кашмир 
  • 09:58 – “Долони Вахон” Тоҷикистону Покистонро наздиктар мекунад 
  • 12:57 – Шӯрои уламо: садақаи фитрро ба имомхатибону саидзодаҳо надиҳед 
  • 13:40 – Бидуни “Диссернет”: олимони тоҷик дар як сол 125 кори илмӣ нашр карданд 
  • 21:16 – Трансфери сол: Криштиану Роналду ба “Ювентус” гузашт 
  • 14:08 – Шабе аз ҳазор шаб… Дар Душанбе “Зебоипарастӣ” ва “Орифона” муаррифӣ шуд 

СҒД Тоҷикистон: мушкилиҳо ва дурнамои инкишофи устувор


Суханронии Шамсиддин Каримов,
раиси Ассотсиатсияи миллии СҒД Тоҷикистон
дар ҷаласи Раёсати  Кумитаи МН МО оид ба муносибатҳои байналмилалӣ, иттиҳодияхои  ҷамъиятӣ ва иттилоот,

Мӯҳтарам Раис!                       
Муҳтарам вакилон, ҳамкорон ва меҳмонони азиз!
Иҷозат диҳед, қабл аз ҳама, миннатдории самимии худро ба намояндагӣ аз ташкилотҳои ҷамъиятии кишвар барои дар чунин сатҳи баланд мавриди баррасӣ қарор додани вазъи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ҶТ ба раёсати Маҷлиси Намояндагони МО ҶТ, ба Кумитаи МН МО оид ба муносибатҳои байналмилалӣ, иттиҳодияхои  ҷамъиятӣ ва иттилоот, ҳамчунон ба Њукумати Тоҷикистон ва махсусан Вазорати муҳтарами адлияи кишвар иброз намоям.
Дар ҳақиқат, имрeз дар Тоҷикистон як иродаи неки сиёсӣ дар мавриди бозсозиҳои кишвар ва равандҳои демократӣ вуҷуд дорад, ки ба таври аъло дар суханрониҳо, фармудаву нишондодҳо ва Паёмҳои ҳамасолаи Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти ЉТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифода ёфтаанд. Дар ҳамин rарина, раванди ташаккул ва тањкими љомеаи шаҳрвандї ва вусъати беандозаи созмонҳои ғайридавлатї (СҒД) яке аз падидаҳои мусбат ва дастовардҳои замони Истиrлолияти давлатист. Љомеаи шаҳрвандї ва таҳкими ниҳодҳои демократии он ба императиви замони нав мубаддал гардидааст. Имрўз дар тамоми гўшаву канори дунё ҳаракат ба сўи таҳкими бештари низоми демократї ва љомеаи шаҳрвандї, ташаккул, такомул ва вусъати ҳамаљонибаи он аз самтҳои афзалиятнок дар фаъолияти низомҳои сиёсии миллї ба шумор меравад. Дар Тољикистон њам раванди демократисозии љомеа ва давлатдории миллии нав пайгирона љараён дорад. Дар ҳамин замина, ба қавли Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва тарбияи аъзои фаъоли он дар баробари сохтору мақомоти масъули давлатӣ  иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ низ ба сифати унсурҳои фаъоли ҷомеа бояд нақши арзанда дошта бошанд.
Созмонњои ѓайридавлатї ќисмати муњими сохторњои мављудаи љомеаи шањрвандии имрўзи Тољикистонро ташкил дода, дар раванди бозсозии кишвар ва рушди устувори он сањми босазо доранд. Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти ташкилотҳои ҷамъиятии Тоҷикистон ҳамкориҳои иҷтимоӣ барои ҳаллу фасли босамартари масъалаҳо ва мушкилиҳои ҷомеаи имрўзи кишвар ва дар ҳамин замина боз ҳам баландтар бардоштани сатҳи рифоъ ва некўаҳволии шаҳрвандон аст. Кўшишҳои рўзафзун ва пурсамари ин ташкилотҳо дар якҷоягӣ бо сохторҳои давлатӣ  дар амалӣ сохтани барномаҳои дарозмуддату кўтоҳмуддати стратегии кишвар, аз қабили Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ва Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ, Консепсияи миллии гузариш ба рушди устувор, Барномаи СММ оид ба Ҳадафҳои рушди устувор барои давраи то соли 2030, ки Тоҷикистон дар амалӣ сохтани он фаъолона ширкат менамояд ва ғайра шоистаи таҳсин аст.
Воқеан ҳам, доираи ҳамкориҳои байни давлат ва СҒД васеъ аст. Фароҳам сохтани шароити мусоид ба шаҳрвандон барои ширкат дар ҳаёти сиёсию иҷтимоии ҷомеа ва ташаккули ҷаҳонбинии солим, ба роҳ мондани назорати ҷамъиятӣ, баррасӣ ва арзёбии муҳимтарин барномаҳои давлатии инкишоф дар ҷараёни таҳия ва татбиқи онҳо, иштироки бевосита дар барномаҳои иҷтимоии давлат, ки ба инкишофи устувори ҷомеа нигаронда шудаанд ва ғайра, аз назари мо, аз ҷумлаи чунин ҳамкориҳо буда метавонанд. Давлат ба нисбати тавоноии фавқулодда бузурги моддиву молӣ ва низоми муташаккили идора метавонад ба СҒД кӯмаки ҷиддӣ расонад. Чунин дастгирӣ, аз як тараф, ҳалли мушкилоти иҷтимоии худи давлатро натиҷабахштар созад, аз тарафи дигар, ба инкишофи устувори СҒД ва баланд бурдани нақш ва мақоми онҳо дар ҷомеа  мусоидат мекунад. Азбаски равандҳои солҳои ахир дар қаринаи ҷаҳонгароии умумӣ шарту шароити низоми давлат ва давлатдориро ба таври қобили мулоҳиза тағйир додааст, давлатҳо дар умури идораи хеш дигар наметавонанд ба шеваи пешин ва бидуни кӯмаки сохторҳои ҷамъиятӣ фаъолият кунанд: ин кӯмакро дар идораи давлат ва давлатдории солим метавонанд СҒД анҷом диҳанд. Шароити нав тақозо мекунад, то давлат ва идораи хуби давлат бо иштироки фаъолонаи ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ сурат гирад. Масалан, дар Чехия масъалаи омӯзиш ва баррасии дараҷаи ришватхӯрӣ, фасод ва коррупсияи сохторҳои давлатӣ аз тарафи СҒД анҷом дода мешавад ва маблағи хароҷоти онро худи давлат мепардозад. Чунин намунаи хуби ҳамкорӣ ва боварии давлат нисбат ба СҒД дар ҷумҳурии ҳамсояи Қирғизистон ҳам ба назар мерасад. Дар назди Вазорати адлияи ин кишвар Шӯрои ҳамоҳангсози фаъолиятҳо оид ба мубориза зидди фасод ва коррупсия амал мекунад, ки дар фаъолияти он СҒД ба таври фаъол ширкат меварзанд. Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бошад, СҒД ба ҳайси ҳамкорони интеллектуалии давлат ва сохторҳои давлатӣ эътироф шудаанд. Ба ҳамин сабаб ҳам мухолифат ва зиддият миёни давлат ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ хеле ночиз аст, чун ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ниҳодҳои он, аз ҷумла СҒД ба гунаи захираи тиллоӣ ва сарчашмаи боэътмоди кадрҳои миллӣ барои давлат ва сохторҳои давлатӣ матраҳ ва арзёбӣ мегардад. Давлат ба инкишофи СҒД ва СҒД ба устувор будани давлат ҳавасманданд. Яъне, дар муносибатҳои байниҳамдигарии давлат ва СҒД «девори Чин» вуҷуд надорад, онҳо ҳамеша ҳамдигарро пурра мекунанд, тақвият медиҳанд ва аз имконоти ҳамдигар истифода мебаранд. Ин ҳама аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ҳамкориҳои байни давлату СҒД ҳамеша ба манфиати ҷомеа ва тамоми шаҳрвандони кишвар аст.  Ин нуктаро Пешвои миллат ҳам борҳо таъкид карда, нишон додаанд, ки инкишофи устувори кишвар, боло бурдани сатҳи фарҳанги умумии шаҳрвандон ва аз байн бурдани фасоду коррупсия фақат бо иштироки масъулона ва фаъолонаи ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандии кишвар сурат гирифта метавонад. Ба назари мо, ин фармудаҳои Пешвои миллат бояд сармашқи кори мо қарор гиранд ва дар назария ва амалияи низоми ҳуқуқи мо мушаххас ва равшан инъикос ёбанд.
СЃД њам миќдоран ва њам аз нигоњи сифат рўз то рўз такмил меёбанд. Аввалин СЃД дар Тољикистон дар шаклњои гуногун дар замони бозсозї (охири солњои 80-уми садаи ХХ) арзи вуљуд намуданд. Солњои 90-ум давраи ташаккул ва инкишофи СЃД ба шумор мераванд. Аммо давраи инкишоф ва такомули касбии СЃД дар Тољикистон аз оѓози солњои 2000-ум сурат гирифтааст. Агар дар ибтидои фаъолияти худ СЃД фaќат машѓули фароњам сохтани кўмакњои башардўстона  бошанд, пас, дар давраи баъдии инкишофи худ бештар ба масъалањои марбут ба инкишоф ва такомули љомеа ва шањрвандони он таваљљўњ кардаанд. Тањия ва пешбурди барномањои маърифатї моњияти асосии фаъолияти СЃД-ро ташкил медињад. Аммо СЃД Тољикистон имрўз ба фактори муњими иќтисодї низ мубаддал гашта, аз тариќи эљоди љойњои нави корї ва бозомўзии соњибкорон дар раванди инкишофи иќтисодии кишвар, амалї сохтани барномањои стратегии давлат ва Њукумати Тољикистон ва махсусан поён овардани сатњи камбизоатї дар кишвар наќши арзанда ва шоистаи тањсин доранд.
Имрўз дар асл соҳае нест, ки намояндагони СЃД дар ҳаллу фасли мушкилоти он ширкат намеварзида бошанд. Ҳиссаи созмонҳои ғайридавлатӣ махсусан дар бозомўз ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқиву сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангии шаҳрвандони кишвар назаррас аст. Аввалин марказҳои бозомўзи замонавӣ, кор бо занону кўдакон, маъюбону барҷомондагон, таъсиси аввалин корхонаҳои хурди тиҷоративу ғайритиҷоратӣ, ҳамкориҳо дар соҳаи тандурустӣ ва маорифи кишвар, баланд бардоштани сатҳи маърифати  ҳуқуқии шаҳрвандон,  фароҳам сохтани аввалин кўмакҳои моливу пулӣ ва марказҳои таълимӣ барои насли нави соҳибкорон, ташкили курсҳои махсуси кўтоҳмуддат бо истифода аз васоити пешқадами рўз барои кормандон ва хизматчиёни давлатӣ, муҳайё сохтани имконот ва ҷойҳои нави кор барои ҷавонон ва соҳибхоназанҳо, мусоидат ба истифодаи комил аз шаклњои алтернативии нерўи барќ ва бењдошти муњити зист дар кишвар ва саросари минтаќа – чунинанд номгўйи нопурраи фаъолиятҳое, ки ташкилотҳои ҷамъиятии Тоҷикистон дар давоми 25 соли охир ба он сару кор доранд.
        Дар Тољикистон заминањои њуќуќї  барои  ташаккул ва инкишофи нињодњои љомеаи  шањрвандї, аз љумла созмонњои  ѓайридавлатї  (СЃД) ва фаъоляити босамари онњо асосан вуљуд дорад. Метавон гуфт, ки дар ин замина дар Тољикистон  низоми ќонунгузории муайян ташаккул ёфта, ќисмате аз онњо ба њайси ќонунњои махсус шинохта шудаанд ва маќоми махсус касб кардаанд. Таи солњои ахир як миќдор ќонун ва санадњои њуќуќие ќабул шудаанд, ки барои фаъолияти СҒД доираи васеи фаъолиятро таъмин намудаанд. Масалан, таҳрири нави қонун дар бораи сабти давлатӣ тарзу низоми бақайдгириро хеле осон ва дастрас кард. Дар њамин замина низоми «равзанаи ягона» дар назди Кумитаи андози љумњурї мавриди истифода ќарор гирифт, ки шоистаи тањсин аст. Мутаассифона, иттињодияњои љамъитї аз ин доира берун мондаанд. Ташкилотњои љамъиятї новобаста ба хусусияти ѓайритиљоратї доштанашон њанўз њам маљбуранд, ки барои аз ќайди давлатї гузаштан маблаѓи муайянро пардохт намоянд ва то як моњ интизорї кашанд, дар њоле ки сабти номи сохторњои тиљоратї ройгон аст ва дар давоми њамагї 3 рўз масъалаи аз ќайди давлатї гузаштани онњо њал мешавад.  
         Тағйирот дар Кодекси андози ҷумҳурӣ имкон дод, ки то 10 % даромади соҳибкорон ва шахсони алоҳида аз фоида ба ҳисоби СҒД ҷиҳати дастгирии онҳо ба таври мақсаднок гузаронида шавад. Аммо ин нишондоди ќонун дар амал кор намекунад. Тољирон ва соњибкорони кишвар њанўз њам њавасманди њамкорињои иљтимої бо ташкилотњои љамъиятї нестанд ва дар мавриди дастгирии молии СЃД, људо кардани маблаѓњои алоњида барои тавсиаи барномањои иљтимоан муњим ташаббус нишон намедињанд. Дар натиља соњибкорони кишвар ва сохторњои хусусї њанўз њам ба сарчашмаи боэътимоди таъминоти моддии СЃД ва инкишофи устувори онњо мубаддал нагаштаанд, ки ислоњ ва таљдиди назар мехоњад.         Мушкилии дигар, ки њамин солњои ахир ба миён омадааст, ќабул накардани њисоботњои сифрии СЃД аз тарафи баъзе аз садоратњои нозироти андози ноњияњост. Қонунгузории мавҷуда иљозат медиҳад, ки СҒД дар сурати дастрас набудани маблаѓ барои пардохти маоши кормандон ба маќомоти марбута њисоботи сифрї пешнињод намоянд, аммо дар амал намояндагони нозироти андоз ин нишондодро иљро намекунанд. Мушкили дигар, ки имрeз мо ба он рe ба рe шудаем, норавшан будани мафҳумҳои “суроuаи ҳуrуrӣ” ва “суроuаи воrеъӣ” дар низоми rонунгузории мост. Ин ҳама боиси он гаштааст, ки миќдори муайяни СЃД фаъолияти худро расман ќатъ намоянд. Мо ба ин фикр њастем, ки барњам додани СЃД на фаќат ба миќдор, балки ба сифати раванди инкишофи устувори СЃД њамчун нињоди љомеаи шањрвандї таъсири манфї мерасонад. Ва бояд пеши чунин як падидаи носолим ва нораво аз тарафи маќомоти марбутаи салоњиятдор гирифта шавад.
         Имконоти ташкилии СҒД таи солҳои ахир ба мушкилињо мувољењ гашта бошад њам, онро метавон мусбат арзёбї намуд. Пеш аз ҳама, ҳадафҳо ва самтҳои фаъолияти онҳо амиқтару равшантар ва мушаххастар шуданд. Дараљаи мањорат ва донишњои касбии кормандони доимї  ба маротиб боло рафтааст. Беҳбуд дар банақшагирии корҳо низ ба назар мерасад, агарчанде таљрибаи тањияи стратегия инкишофи ташкилот барои чанд сол њанўз њам нокифоя боќї мондааст. Доираи гурӯҳҳои мақсаднок афзуда, иттињодияњои нав арзи вуљуд карданд. Дар ин маврид Барномањои рушди ноњияњо, ки аз тарафт Барномаи рушди СММ дар якҷоягӣ бо Вазорати рушди иқтисодӣ ва тиҷорати Тољикистон тањия ва амалї мешаванд, то андозае мусоидат намудаанд. Дар ин барномањо масъалаи љалби ташкилотњои љамъиятї дар рушди ноњия махсус ќайд гардида, мусоидат ба инкишофи онњо таъкид шудааст. Ҳоло мо ният дорем, ки дар доираи беҳтар амалӣ сохтани Барномаи стратегии Ҳукумати Тоҷикистон оид ба ҳадафҳои рушди устувор барои давраи то соли 2030 фаъолона ширкат намуда, иштироки тӯдаҳои васеътари аҳолии кишварро дар он таъмин намоем.
Аммо ҳолати ташкилии СҒД якранг нест. Бӯҳрони шадиди иқтисодӣ ва дараҷаи пасти сатҳи зиндагии мардум ҳанӯз ҳам имконият намедиҳад, ки СҒД дар инкишоф ва такомули касбии хеш аз манбаъҳои дохилӣ ва дастгирии васеи мардум баҳраманд шаванд. Мақомоти маҳаллӣ њамкорї ва дастгирии СЃД-ро маркази таваљљўњ ќарор надодаанд. Соҳибкорони алоҳида ба CҒД кумак мерасонанд, аммо ин падида ҳанӯз ба як низоми муайян (систематикї) надаромадааст. Мутаассифона, созмонҳои маблағгузор низ солҳои ахир барои инкишофи ташкилию техникӣ ва касбии СҒД (инкишофи институтсионалї) маблағ ҷудо намекунанд, масъалаи бозомӯзи  кормандони СҒД ва махсусан созмонҳои навтаъсис, такмили ихтисоси онҳо аз мадди назар дур мондааст. Лозим аст, ки созмонҳои маблағгузор барномаҳои пештараи худро дар мавриди камолоти касбии СҒД барқарор намоянд. Пешнињоди мо дар ин маврид ин аст, ки  бояд як барномаи умумимиллии дастгирии љомеаи шањрвандї њарчи тезтар рўи кор ояд.
Ба таври умум, имконоти молии СҒД боиси ташвиш ва нигаронии шадид аст. Мутаассифона, сарчашмаи асосии маблаѓгузории фаъолиятњои СЃД Тољикистон то њанўз ташкилот ва кишварњои хориљї мебошанд. Дастгирии молии сохторњои давлатї ва соњибкорони кишвар ахён-ањён сурат гирифта, њанўз ба њукми анъана надаромадааст, хусусияти муташаккилона ва бонизом (систематикї)-ро ба худ касб накардааст. Танњо корхонањои алоњидаи хусусї барономањои алоњидаи моњияти иљтимої доштаро рўи кор гирифтаанду халос. Аз тарафи дигар, лозим аст, ки аз тариќи такмили низоми андози кишвар соњибкоронро њавасманд бояд кард, то њамкорињои иљтимоиро бо СЃД вусъат бахшида, ба сарчашмаи боътимоди таъминоти моддию молї ва инкишофи устувори онњо мубаддал гарданд.
Ба назари мо, ин масъалаи аввалиндараља ва ањамияти давлатидошта аст. Дастгирии мунтазам ва бонизоми махсусан давлат имкони инкишофи устувори СЃД-ро таъмин намуда, аз як тараф, ба њамкорињои бештари иљтимоии байни давлату СЃД, њусни тафоњум, бовариву эътимод ва равнаќи равандњои бозсозї ва, аз дигар тараф, ба кам шудани тобеият ва вобастагии СЃД аз сохторњои маблаѓгузори хориљї мусоидат хоњад кард. Дар маљмўъ, чунин бархўрд боиси тањкими бештари низом ва равандњои давлатдории миллї мегардад. Нињоят, афзоиши сафњои СЃД, гуфтугўии њамешагии тарафњо ва њамкорињои иљтимої, тањкими љомеаи шањрвандї ва ошкорбаёнї ба паст шудани шиддат ва фазои муташанниљи сиёсию иљтимоии љомеа ва пешгирии њамагуна низоъњои номатлуб оварда мерасонад. Аз ин рў, давлат бояд њавасманди он бошад, ки фаъолияти СЃД-ро њамчун ќисми муњими таркибии сиёсати миллии хеш баррасї намуда, барои эљоди фазои комил ва солими њуќуќї аз тариќи ќабули Ќонун дар бораи СЃД, Барномаи (стратегияи) миллии инкишофи љомеаи шањрвандї дар Тољикистон,  Барномаи (стратегияи) миллии дастгирии СЃД дар Тољикистон, Барномаи (стратегияи ) миллии њамкорињои иљтимоии давлат бо СЃД иќдом намояд.
Дар њамин ќарина боз як мавзўи дигар лозим ба ёдоварист. Ин масъалаи пардохти андозњост. СЃД Тољикистон имрўз дар асл яке аз андозсупорандагони фаъол ва пурмањсули кишвар њастанд. Албатта, масъалаи андоз аз даромад љойи бањс надорад. Аммо пардохтњои иљтимої ба андозаи 25 % барои СЃД як бори гарон аст. Аввал ин ки ин маблаѓро мо надорем, чунки ташкилотњои маблаѓгузор розї намешаванд, ки мо ин маблаѓро ба дархостњое, ки барои грант пешнињод мекунем, дохил намоем. Агар дохил кунем, њаљми грант ба маротиб меафзояд, ки ин дар асл грант гирифтанро номумкин ва ѓайриимкон месозад.  Ба фикри мо, бо назардошти он, ки мо сохторњои ѓайритиљоратї њастем ва ин маблаѓњоро асосан барои њалли мушкилињои иљтимоии кишвар мавриди истифода ќарор медињем, лозим аст, ки Кумитаи андози љумњурї ин мавзўъро таљдиди назар намояд ва фоизи ин пардохтњоро то 15-17 % поён оварад. Чунин бархўрд ва њалли масъала ба табиат ва моњияти иљтимоии давлат низ бештар созгор хоњад буд.
         Масъалаи таъмини фазои солими њуќуќї ва њифзи манфиатњои доирањои васеи шањрвандони кишвар яке аз самтњои асосии фаъолияти СЃД-ро ташкил медињад. Дар кишвари мо низоми ќонунгузории мавҷуда барои пешбурди барномаҳое, ки ба ҳифзи ҳуқуқ тахассус дода шудаанд, мамониат намекунад. Гузашта аз он, кӯшишҳои СҒД дар ҳалли мушкилињои иқтисодию иҷтимоӣ аз тарафи давлат ҳам дар сатҳи миллӣ ва ҳам маҳаллӣ дастгирӣ карда мешавад, аммо масъалаҳои марбут ба манфиатҳои сиёсӣ, шаҳрвандӣ ва махсусан ҳуқуқи интихоботи шаҳрвандон аз доираи ин ҳамкориҳо берун мондааст. Бояд эътироф кард, ки масъалаи иштироки фаъолонаи СҒД дар ҳаёти сиёсии кишвар бо ҳарду пояш мелангад. Албатта, созмонҳои алоҳида ҳангоми таҳия ва қабули ҳуҷҷатҳои ҳаётан муҳим ҷалб карда мешаванд, аммо хеле кам. Дар ҳайати гурӯҳи кории Кумитаи кор оид ба занон ва Кумитаи кор бо љавонони назди Ҳукумати ҶТ як миќдор коршиносони СҒД оид ба гендер, ҳуқуқи зан ва љавонон шомил карда шудаанд. Дар њайати раёсати ваколатдор оид ба њуќуќи инсон // омбудсмени Тољикистон низ то андозае њамкорињо бо СЃД ба назар мерасад. СҒД ҳамасола дар таҳияи гузоришҳои алтернативӣ ширкат меварзанд ва саҳми худро мегузоранд. Аммо, такроран таъкид мекунам, ки ин њама кофї нест ва таљдиди назар мехоњад. Ба назар мо, вақти он расидааст, ки СҒД, имконот ва тавоноии зеҳнӣ, ақлу заковат, донишу маҳорат ва таҷрибаи бои онҳо дар ҷараёни таҳия ва қабули муҳимтарин санадҳои тақдирсози кишвар, низоми қонунгузорӣ ва ғайра мавриди истифодаи васеъ қарор гирад.
Хизматрасонї аз вазифањои аслии СЃД ба шумор меравад ва СЃД ба ин масъала бояд таваљљўњи махсус дошта бошанд. Бояд гуфт, ки таи солњо ахир доираи базаи моддию иҷтимоии СҒД барои хизматрасонӣ ва адои супоришҳои иҷтимоӣ васеътар шудааст, чун онҳо аз доираи фаъолиятҳои анъанавии худ берун рафтаанд. Акнун СҒД на фақат дар соҳаи маориф ва  тандурустӣ, кор бо ҷавонон, варзиш, ҳимояи ҳуқуқ, кӯдакону кӯҳансолон фаъолият мекунанд, балки ба дигар соҳаҳои ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ низ даст задаанд. Масалан, фаъолияти онҳо оид ба муҳоҷирати меҳнатӣ (дар ҳамкорӣ бо Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолӣ, Вазорати корҳои дохилӣ), кор бо хоҷагиҳои деҳқонӣ, анҷоми фармоишоти мухталифи иҷтимоӣ дар асоси литсензия ва ғайра ба таври қобили мулоҳиза ҷоннок шудааст.
Марказҳои ҷамъиятии машварати ҳуқуқӣ ба кор оғоз кардаанд, ки бо сифати беҳтар ва нархи арзони хизматҳояшон аз сохторҳои давлатӣ фарқ мекунанд. Созмонҳои алоҳида аллакай доираи муайяни миҷозони худро пайдо кардаанд. Махсусан, дар мавриди ҳамкориҳои иҷтимоӣ оид ба кам кардани сатҳи камбизоатӣ, таъсиси ҷойҳои нави кор, таълим ва бозомӯзи кормандони давлатӣ, таҳия ва пешбурди курсҳои махсус оид ба компютер, омӯзиши забонҳо, таълими калонсолон  (дар ҳамкорӣ бо вазоратҳои алоҳида) муваффақанд.  
Аммо хизматрасониҳо на ҳамеша дархӯри мардуманд. Яъне, корҳое ки мо анҷои медиҳем, хизматҳое ки мо ба мардум пешкаш мекунем, на ҳамеша ҷавобгӯи талабот ва ниёзҳои шаҳрвандонанд. Шояд ба ҳамин сабаб бошад, ки то ҳанӯз миёни мову соҳибкорон алоқаи мустаҳкам барқарор нашудааст ва, аз тарафи дигар, сатҳи хизматрасониҳои мо ва аз ҳамин тариқ ба даст овардани маблағҳои иловагӣ беҳтар нашудааст. Аз назари мо, барои тағйири чунин як вазъияти номуносиб ва ҳолати носолим бояд, пеш аз ҳама, бозори мавриди ниёзи мардум дар мавриди зарурати онҳо ба навъҳои мухталифи хизматрасонӣ омӯхта шавад, баррасӣ гардад, натиҷаҳои ба дастомада ба иттилои СҒД расонда шавад. Аз тарафи дигар, маълум, ки хизматрасониҳои пулакӣ ба сабаби камбизоатӣ ва сатҳи пасти зиндагии мардум чандон инкишоф наёфтааст, аммо бояд дар ин самт ҳам корҳои маърифатӣ ва фаҳмондадиҳӣ ба таври васеъ ба роҳ монда шавад, то СҒД дар баробари сохторҳои давлатӣ ва соҳибкорӣ ҳамчун сарчашмаи боэтимоди хизматрасонӣ дар миёни мардум шинохта ва эътироф гарданд.
Ва ниҳоят, мутаассифона, таи солҳои ахир дараҷаи шинохти СҒД аз тарафи ҷомеа чандон тағйир наёфт. Мақом ва нақши СҒД дар ҳаёти сиёсии кишвар боло нарафт, агарчи доираи барномаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва дараҷаи шинохт ва эътирофи онҳо аз тарафи ҳукумат ба тарзи қобили мулоҳиза афзуд. Иштироки СҒД дар барномаҳои давлатӣ фаъолтар шуд, аммо СҒД ҳанӯз ҳам натавонистаанд, ки соҳибкорони кишварро ҷиҳати дастгирии фаъолиятҳои худ ҳавасманд гардонанд. Ба узвияти Шўрои љамъиятии ЉТ ќабул шудани АМСЃДТ ва як миқдор ташкилотҳои ҷамъиятии дигар аз падидањои мусбат аст. Аммо њамкорињо бо њизбњои сиёсї ва ВАО бо њарду пояш мелангад. Лозим аст, ки шабакаи  миллии  иттилоотию тањлилї таъсис ва инкишоф дода шавад, дар телевизионњои миллї ва мањаллї таъсиси барномаи махсус тањти унвони «Гуфтугўњо//Сўњбатњо оид ба љомеаи шањрвандї», дар рўзномањои давлатї бошад, таъсиси гўшаи махсус тањти унвони «Аз њаёти иттињодияњои љамъиятї» аз тарафи маќомоти дахлдор мавриди баррасї ќарор гирад.
ПЕШНИҲОДҲО
Баргузор намудани мулоқоти намояндагони созмонҳои ғайридавлатии (СЃД) Тољикистон бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон дар соли 2018 ва минбаъд ба њукми анъана даровардани вохўрињои њамасола бо роњбарияти сиёсии кишвар;
Тањия ва ќабули консепсия ва стратегияи миллии рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз љумла «Консепсияи миллии инкишофи љомеаи шањрвандї дар Љумњурии Тољикистон», «Барномаи миллӣ  оид ба дастгирии давлатии созмонҳои ғайридавлатӣ»,  «Консепсияи рушди њамкорињои иљтимої байни давлат ва созмонњои ѓайридавлатї», Қонуни ҶТ «Дар бораи созмонҳои ғайридавлатӣ».
Ба таври мунтазам гузаронидани сўњбатњои мизи  мудаввар ва  форумњои шањрвандї њамчун майдони (минбари)  судманди  муколама ва гуфтугўи  умумимиллї  барои тањия ва муайян намудани роњњои  њалли   њамкорињои  иљтимоии  байни  давлат  ва  СЃД  ва муайян сохтани  самтњои афзалиятноки  чунин робитањои  мутаќобила  ва  њамкорињо;
Ба њукми анъана даровардани таљриба ва амалияи музокира ва муњокимањои љамъиятї оид ба масъалањои иљтимоан муњим ва ташаббусњои љомеаи шањрвандї (общественные инициативы) њам дар парламенти миллї ва њам дар сатњи маќомоти намояндагии мањаллї;
Баланд бардоштани наќши СЃД њамчун механизми пешгирї аз бањсу мунозирањои номатлуби иљтимої ва мусоидат ба њалли низоъњои моњияти иљтимоидошта аз тариќи такмили фазои њуќуќї ва амалї сохтани ташаббусњо ва муносибатњои  ањамияти иљтимоан муњим; љалби СЃД дар амалї сохтани ташаббусњои Њукумат доир ба муборизаи зидди коррупсия, бюрократизм; баланд бардоштани маърифати умумии шаҳрвандон ва  мониторинги лоињањои инвеститсионї;
Дар сохтор ва маќомоти асосии давлатї вусъат додани таљрибаи таъсис ва мавриди истифода ќарор додани шӯроҳои ҷамъиятӣ, мақомоти машваратию маслиҳатӣ, комиссияҳо, гурӯҳҳои кории љамъиятї барои қонунофарӣ, ширкат дар таҳияи  барномаҳои рушди давлатии умумимиллї, соҳавӣ ва маҳаллӣ;
Мусоидат ба такмили сарчашмањои маблаѓгузории СЃД љињати инкишофи устувори онњо ва ба роњ мондани низоми доимї ва систематики маблаѓгузории фаъолияти СЃД аз тариќи будљаи давлатї ва соњибкорон њам дар сатњи миллї ва њам мањаллї;
Танзими низоми андозбандии бахши ѓайритиљоратї ва ба андозаи то 15-17% поён овардани њаљми пардохтњои иљтимоии СЃД, ки аз њисоби  грантњои кишвар ва ташкилотњои маблаѓгузор пардохта мешаванд;
Такмили тартиби ба ќайди давлатї гирифтан ва барњам додани СЃД аз тариќи эљоди низоми «равзанаи ягона» дар Вазорати адлияи кишвар; дар Қонуни ҶТ «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» ворид намудани мафҳумҳои «суроғаи ҳуқуқӣ»ва «суроғаи воқеӣ».
Барои њамоњангсозии босамари фаъолияти ташкилотњои љамъиятии кишвар таъсиси Маркази миллии СЃД//«Хонаи СЃД» ва дар назди он мавриди истифода ќарор додани  хазинаи ташаббусњои созмонњои ѓайридавлатї ба хотири таъмини воќеии иштирок ва мусоидати СЃД дар њалли мушкилињои иљтимої дар сатњи миллї ва минтаќањо;
Љоннок сохтани њамоҳангӣ ва ҳамкории соњибкорон ва сохторҳои тиҷоратӣ бо созмонҳои ғайридавлатӣ баҳри беҳбуди вазъи иқтисодї ва њалли мушкилињои иљтимоии кишвар аз тариќи таҳия ва мавриди истифода қарор додани барномаҳои муштарак дар бобати навъҳои мухталифи хизматрасонӣ ба аҳолӣ;
Ҳангоми барномасозӣ ва амалӣ сохтани лоиҳаҳо ба эътибор гирифтани  махсусиятњои миллии Тоҷикистон аз тарафи созмонњои байналмилалї ва сармоягузорони хориљї ва мусоидат ба иштироки воқеии СЃД дар ин замина аз тариќи таъмини ҳуқуқҳои баробар ба сохторњои маҳаллӣ ва хориҷӣ;
Ҷалби васоити ахбори оммаи ҷумҳурӣ, бахусус шабакаҳои мухталифи телевизиони давлатӣ ва радио барои пурратар ва равшантар таъмин намудани ниҳодҳои давлатӣ аз ҷараёни фаъолиятҳои пурсамар ва созандаи ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар амалӣ сохтани барномаҳои стратегӣ ва иҷтимоан муҳимми Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон, даст кашидан аз тасвирҳои сунъиву сохтаи симои манфии ташкилотҳои ҷамъиятӣ;
Ҷудо намудани як воҳиди корӣ аз ҳисоби воҳидҳои мавҷудаи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои кор бо ташкилотҳои байналмилалӣ ва ҷамъиятии маҳаллӣ бо мақсади таъмини ҳамкориҳои бештари иҷтимоӣ, иттилои саривақтии ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ оид ба самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ дар марҳилаи кунунӣ ва дарозмуҳлат;
Дохил намудани намояндагони беҳтарини ҷомеаи шаҳрвандии кишвар ба ҳайатҳои расмӣ ҳангоми сафарҳои дохилию хориҷӣ; қадр намудани меҳнат ва дастовардҳои чашмраси онҳо бо мукофотҳои давлатӣ.
          ТАШАККУР БА ТАВАҶЉӮҲАТОН!шаблоны для dle 11.2
рейтинг: 
Шарҳи худро бинависед:
  • Пурбаҳстарин
  • Имрӯз
  • Серхонанда
Мо дар сомонаҳои
  • Вконтакте
  • Facebook
  • Twitter