• 12:29 – Барқияи Трамп: ИМА ҲНИ-ро ташкилоти террористӣ эътироф кард? 
  • 14:09 – Амонова: Зери тарсу таҳдид ба судя Сафарализода туҳмат кардам 
  • 20:28 – Мирасрор АҲРОРОВ: Воқеияти ТАЛКО-ро дидам. Ӯзбекистон аз харидорони асосии алюмини тоҷик мешавад 
  • 12:57 – Шӯрои уламо: садақаи фитрро ба имомхатибону саидзодаҳо надиҳед 
  • 12:56 – Туркия ва мактабҳои машкуки “Маориф” 
  • 07:30 – Сабаби тарки “Реал” кардани Зидан маълум шуд 
  • 12:49 – Аз Душанбе то Помир бо “Тселл” (36 акс) 

”МегаФон Тоҷикистон” ба хонандагони тоҷик “Дастагули шоирона” ҳадя намуд


Зиёда аз сад меҳмонон зимни муаррифии китоби “Поэтический букет” (“Дастагули шоирона”), ки шанбеи гузашта дар Маркази илм ва фарҳанги Россия дар Душанбе баргузор гардид, ширкат варзиданд. Маҷмӯи шеърҳои ба забони тоҷикӣ тарҷумашудаи Сергей Есенин аз ҷониби фонди адабии Айнӣ бо дастгирии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” ва сафорати ФР дар Тоҷикистон интишор карда шуд.  
Муаррифии китоб намояндагони Академияи илмҳо, Вазорати фарҳанг ва Иттифоқи нависандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон, зиёиёни эҷодӣ ва ВАО-и пойтахтро ба ҳам овард. Меҳмонон пурра ба фазои шеъру шоирӣ фурӯ рафта, ҳатто худро дар нақши ҳамзамони Сергей Есенин тасаввур намуданд ва дар гӯшаи аксгирӣ, ки бо сабки кӯҳна аз ҷониби “МегаФон” ташкил шуда буд, барои хотира аксҳо гирифтанд. Аммо “меҳмонони асосӣ”-и чорабинӣ, албатта, шеърҳо буданд.
Бо ёддошти он, ки Есенин чун “шоири шӯрапушт” ном баровардааст, ташкилкунандагони чорабинӣ намоиши ҷолибро омода намуданд: якчанд шеърҳои шоир таҳти композитсияи рок аз гурӯҳи BAD садо дода шуданд. Дар баробари ин, биниши дигар ҳам муаррифӣ карда шуд, шеърҳои дӯстдоштаи худро аз ашъори Есенин шоир, насрнавис ва драматурги машҳур Тимур ЗУЛФИҚОРОВ қироат намудаинчунин Сафири мухтор ва фавқуллодаи Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Игор ЛЯКИН-ФРОЛОВ бо қироати шеърҳои С.Есенин бо сухани муборакбодӣ баромад намуд.
“Ашъори Есенин хушоҳанг ва таъсирбахш аст, он то ҳол ба шоирону мусиқичиён илҳом мебахшад, ва ман хеле хушҳол аз онам, ки ба шарофати дастгирии мо шеърҳои Есенин бо забони тоҷикӣ ҳам садо дода шуда, дар шакли нав ва хеле ғайриоддӣ идомаи худро аз сар мегиранд. Маҳз аз муколамаи фарҳангҳо дӯстии асили байни халқҳо оғоз меёбад”, - мегӯяд директори иҷроияи ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Анатолий ИЗЮМНИКОВ.  шаблоны для dle 11.2
рейтинг: 
Шарҳи худро бинависед:
  • Пурбаҳстарин
  • Имрӯз
  • Серхонанда
Мо дар сомонаҳои
  • Вконтакте
  • Facebook
  • Twitter