• 05:59 – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд 
  • 23:50 – МегаФон Тоҷикистон барои дӯстдорони мусиқӣ портал таҳия намуд 
  • 01:12 – Замони пешқадамон: МегаФон Тоҷикистон алоқаи 5G-ро роҳандозӣ намуд 
  • 12:57 – Шӯрои уламо: садақаи фитрро ба имомхатибону саидзодаҳо надиҳед 
  • 01:12 – Замони пешқадамон: МегаФон Тоҷикистон алоқаи 5G-ро роҳандозӣ намуд 
  • 15:08 – «ҶОМИ ПОЙТАХТ». Барои дарёфти он дар Душанбе Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба футболи хурд баргузор мегардад 
  • 15:50 – Таҷлили Рӯзи матбуоти тоҷик 

ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Муроҷиат ба шаҳрвандони Тоҷикистон дар робита ба ҷорӣ гардидани маҳдудияти вуруд ба Русия

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки ба иллати ҳамагирии коронавируси нав (COVID-19) Ҳукумати Русия қарор қабул кардааст, ки ибтидоан аз 18 марти 2020 маҳдудияти вуруд ба хоки кишварро ҷорӣ намояд.
Дар робита ба ин, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон тавсия медиҳад, ки шаҳрвандони кишвар аз сафар ба Русия дар ҳоли ҳозир худдорӣ намоянд.
Бояд таъкид кард, ки маҳдудияти мазкур нисбати ронандагони автомобилҳои боркаш, сарнишинони ҳавопаймову қатораҳо, шахсоне, ки бо роҳи транзитӣ аз гузаргоҳҳои фурудгоҳҳо мегузаранд ва ба Русия ба муносибати вафоти хеши наздик меоянд, татбиқ намегардад.
Хотиррасон мекунем, ки шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Русия қарор доранд, дар ҳолати зарурат метавонанд ба намояндагии дипломатӣ ва муассисаҳои консулии мо муроҷиат кунанд:
Сафорати Тоҷикистон дар Москва:
тел:+7 (495) 690-41-86
tajembmoscow@mfa.tj
Консулгарии генералӣ дар Санкт-Петербург:
тел: +7(812) 490-47-46
tajgencons.piter@mfa.tj
Консулгарии генералӣ дар Уфа:
тел: +7 (347) 276-52-96

tajconsufa@mfa.tj
Консулгарии генералӣ дар Екатеринбург:
тел: (+343) 370-23-60
tajconsek@mfa.tj
Консулгарии генералӣ дар Новосибирск:
тел: +7 3833495970
tajgencons.nsk@mfa.tj


https://mfa.tjшаблоны для dle 11.2
рейтинг: 
Шарҳи худро бинависед:
  • Пурбаҳстарин
  • Имрӯз
  • Серхонанда
Мо дар сомонаҳои
  • Вконтакте
  • Facebook
  • Twitter