• 05:59 – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд 
  • 23:50 – МегаФон Тоҷикистон барои дӯстдорони мусиқӣ портал таҳия намуд 
  • 01:12 – Замони пешқадамон: МегаФон Тоҷикистон алоқаи 5G-ро роҳандозӣ намуд 
  • 12:57 – Шӯрои уламо: садақаи фитрро ба имомхатибону саидзодаҳо надиҳед 
  • 01:12 – Замони пешқадамон: МегаФон Тоҷикистон алоқаи 5G-ро роҳандозӣ намуд 
  • 15:08 – «ҶОМИ ПОЙТАХТ». Барои дарёфти он дар Душанбе Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба футболи хурд баргузор мегардад 
  • 15:50 – Таҷлили Рӯзи матбуоти тоҷик 

ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Брифинг дар робита ба шарҳи талаботи ҷорӣ ҷиҳати пешгирии коронавируси нав

13 марти 2020 дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки масъулони Вазорати корҳои хориҷӣ,  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Беморхонаи Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ва Намояндагии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои намояндагиҳои дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалии муқими Душанбе дар робита ба шарҳи талаботи ҷорӣ ҷиҳати пешгирии коронавируси нав (COVID-19) брифинг баргузор гардид.
Дар суханронии худ Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон М. Камолзода дар бораи чораҳои андешидашуда ҷиҳати пешгирии интишори коронавирус дар хоки кишвар ва талаботи беҳдоштию эпидемиологӣ дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ маълумот дод.
Ҳамчунин Роҳбари Намояндагии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон Г. Перфилева дар бораи шуюи вируси мазкур дар ҷаҳон ва риояи талаботи беҳдоштӣ ва тавсияҳои Созмони мазкур иттилоъ пешниҳод кард.
Зикр гардид, ки шаҳрвандоне, ки  дар давоми 13 рӯзи ахир дар Чин,  Ҷумҳурии Корея, Италия, Эрон, Афғонистон ва Япония қарор доштанд ва ба Тоҷикистон ворид мешаванд, ба муддати 14 рӯз ба карантин фаро гирифта хоҳанд шуд.
Дар поёни брифинг намояндагони корпуси дипломатӣ аз масъулони ниҳодҳои кишвар ба пурсишҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.
https://mfa.tj
шаблоны для dle 11.2
рейтинг: 
Шарҳи худро бинависед:
  • Пурбаҳстарин
  • Имрӯз
  • Серхонанда
Мо дар сомонаҳои
  • Вконтакте
  • Facebook
  • Twitter