• 12:29 – Барқияи Трамп: ИМА ҲНИ-ро ташкилоти террористӣ эътироф кард? 
  • 12:19 – Виктор Никитюк: Комёбиҳои Тоҷикистон моро мутаассир мекунад 
  • 11:34 – Давлаталӣ Самизода: “Хоҷа Обигарм” шуҳрат ва маҳбубияти худро барқарор кард 
  • 12:57 – Шӯрои уламо: садақаи фитрро ба имомхатибону саидзодаҳо надиҳед 
  • 13:40 – Бидуни “Диссернет”: олимони тоҷик дар як сол 125 кори илмӣ нашр карданд 
  • 07:30 – Сабаби тарки “Реал” кардани Зидан маълум шуд 
  • 10:37 – Дар сӯги Мӯъмин Қаноат... Сӯгномаи “Ба дида нақши рӯи ту...” нашр шуд 

Рустами Эмомалӣ ба китоби "Рекордҳои Гиннес" ворид мешавад

Фикр мекунам, барои шинохти як роҳбари ҷавони воқеан кордону масъулиятшинос ва ояндадор зикри ҳамин чанд муваффақият кофист. Умед ҳаст, бо ҳамин сатҳе, ки дар шаҳри Душанбе ободонӣ пеш меравад, имкон пайдо шудаву номашро ба феҳристҳои байналмилалии бунёдкорӣ ва китоби “Рекордҳои Гиннес” ворид мекунанд.
Ривоят мекунанд, ки Ҳазрати Алӣ барои хотима гузоштан ба бенизомиҳои шаҳр дар Миср навраси 11- соларо шаҳрдор таъин намуд. Ба ин хотир ба мири наврас дастурнома навишт. Дар осори Ҳазрати Алӣ чунин дастурнома бо номи “Фармон ба Молики Аштар” мавҷуд аст. Вале амалан дар ин вазифа мири наврас фақат 5 моҳ ифои вазифа намуд.
Дар дунё, бахусус дар Аврупо мири шаҳр дар баробари президент масъулияти ҷиддӣ дорад. Дар таърих 28 президенти маъруфи кишварҳои дунё фаъолияти сиёсии худро аз мансаби мири шаҳр оғоз намудаанд ва муваффақ ҳам будаанд.
Воқеан, ҷавонтарин мири шаҳр соли 2005 сокини шаҳри Хислсдейли Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Майкл Сесшинси ҳаждаҳсола интихоб шуд. Ӯ шаҳрчаи бо нуфуси даҳҳазорро идора мекард. Мири ҷавон баъди 9 моҳи фаъолият истеъфо дод.
Соли 2012 мири шаҳри Аллари Фаластин духтараки сездаҳсола Башаир Отман интихоб шуд. Вале Отман танҳо ду моҳ дар ин вазифа тоқат карда тавонист. Худи ҳамон сол сокинони шаҳри сиҳазорнафараи Иттакаи ИМА ҷавони 24-сола Сванте Майрикро мири шаҳр интихоб карданд. Мири ҷавон дар 6 моҳ ба комёбиҳои бузург ноил гашт, аммо баъди 11 моҳ аз вазифа истеъфо дод.
Соли 2013 дар фестивали рекламаи шаҳри Дорсет кӯдаки 4- сола Роберт Бобби Таффс мири шаҳр интихоб шуд. Аммо ин бозии шухиомез танҳо ба мақсади ҷамъ овардани маблағ буд. Зеро барои овоз додан 1 доллар маблағ ситонда мешуд.
Соли 2005 ҷавони 23 -солаи сокини шаҳраки Орҷоникидзеи вилояти Қрим Максим Дубинин мири шаҳр интихоб шуд. Максим дар 5 моҳ дар ободонӣ ва сохтмон шуҳрат пайдо кард. Албатта, на шаҳр, балки қасру хонаи худашро обод намуд. Ва пас аз 9 моҳ барои ришваситонӣ паси панҷара рафт.
Собиқ бастакор ва корманди полиси шаҳри Балтимор Маритин О,Мейли бо 90 фоизи раъй мири шаҳр интихоб шуд. Аз соли 1997 то 2007 Мартин шаҳрро ба яке аз беҳтарин ва ободтарин шаҳри Амрико табдил дод. Басо аҷиб аст, ки Мартин низ мисли мири шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз оғози кор 12 майдончаи варзишӣ сохт.
Сиёсатмадори эронӣ, собиқ Президенти Ҷумҳурии исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод дар 37- солагӣ мири шаҳри Ардабил интихоб шуд. Дар муддати 1 сол шаҳри вайронаро, ки харобаҳои Мадоинро ба ёд меовард, ба зеботарин шаҳри Эрон табдил дод.
Соли 1971 сокинони шаҳри Куритибаи Бразилия бо эътироз мири шаҳрро аз мансаб вожгун намуда, ҷавони 34- сола Жайме Ларнерро мири шаҳр интихоб карданд. Жаймер низ аз бунёди инфрасохторҳои иҷтимоӣ-варзишӣ оғоз кард. Соли 1971 ба ҳамин хотир дар Бразилия соли “Шуҷоати ҷавонон” эълон шуд. Дар ҳамаи рекламаҳо ва лавҳа-тасвирҳои тиҷоратӣ сурати Жаймер сабт шуд. Жаймер бархилофи қонуни шаҳрдории Бразилия се дафъа мири шаҳр интихоб шуда буд. Ва 23 сол ҷавонтарин мири шаҳри дунё эътироф гардид.
Сокинони шаҳрчаи Зборовеи вилояти Тернополи Украина соли 2009 ҷавони 28 сола Василий Мартюкро мири шаҳр интихоб карданд. Шаҳрчаи 6 ҳазорнафара дар 8 моҳи шаҳрдорӣ хеле пеш рафт. Ҷавонтарин мири Россия Юрий Бойко низ дар синни 30 -солаги интихоб шуд, аммо пас аз 11 моҳ ба вазифаи дигар пешниҳод шуд.
Соли 2004 Михаил Булгаков мири шаҳри Красноармейск (вилояти Москва) дар синни 31 -солагӣ интихоб гардид, вале баъди 10 моҳ барои ришваситонӣ маҳкум шуд. 23 июня соли 2017 Алексей Стасёноки 28- сола мири шаҳри Нижная Тураи вилояти Свердловск (аҳолиаш 22 ҳазор нафар) савганд ёд кард, лекин дар 10 моҳ аз нордбони мансаб афтод.
Ҳамзамон баъдтар Иван Савинтсеви 34- сола (шаҳри Пушкино, аҳолиаш 34 ҳазор нафар) Галина Ширшинаи 33- сола (шаҳри Петрозаводск) таъин гардиданд.
Чунин мисолҳо аз таърихи зиёданд, вале ҳоло дар дунё ҷавонтарин мири пойтахти давлати соҳибистиқлол, ки наздик ба 1 сол инҷониб сари вазифа асту фаъолияти муваффақ дорад, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ мебошад.
Дарвоқеъ, оид ба фаъолиятҳои созандагияш зиёд мегӯянду ҳамчун роҳбари ҷавону кордон муаррифияш мекунанд. Ҷойи муболиға нест, инро ҳамарӯза мебинему мешунавем.
Ҳамзамон, Раиси шаҳри Душанбе дар бунёди иншоотҳои иҷтимоӣ - истеҳсолӣ ва фарҳангиву фароғатӣ низ дар феҳристи роҳбарони ҷавон садрнишин аст. Ба омор назар кунед. Шаҳрдорони маъруфи дунё дар 1 сол чиро ва чӣ қадар бунёд карданд:
Маҳмуди Аҳмадинажод дар 1 сол дар Теҳрон 18 иншоот сохт.
Юрий Лужков дар шаҳри Москва дар 12 моҳ 11 иншоот бунёд кард.
Содиқ Хон, мири шаҳри Лондон, дар 1 сол 8 иншоот сохт.
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар зарфи камтар аз як сол тавонист таваҷҷуҳи ҳамаи мансабдорони сатҳи ҷумҳуриявӣ, ки аксаран сокини шаҳри Душанбе мебошанд, ба ислоҳоти ҷиддии шаҳр ҷалб намуд. Бо суръати кайҳонӣ ба хонаҳо гармӣ омад. Беш аз 340 ҳазор сокини шаҳр соҳиби майдончаҳои варзишӣ гардиданд. Бозори тозаву озодаи шарқиёнаи “Меҳргон” партовхонаи бозори Шоҳмансурро нест кард. Дар истгоҳҳои шаҳр мардум дар баробари интизории нақлиёт ҳамзамон роҳат низ мекунанд. Аз ҳама муҳимаш, эҳтироми сокинони аз 50-сола болоро ба ҷо овард. Арчаи бошукуҳи солинавӣ қомат афрохт. Мардум ба соли нави милодӣ, ки руҳияи созандагӣ дорад, омодагӣ мебинанд. Телефони боварии мири шаҳр фаъол буда, бо як эҳтиром ба занги сокинони шаҳр ҷавоб медиҳанд.
Ин феҳристро метавон идома дод, аммо фикр мекунам, барои шинохти як роҳбари ҷавони воқеан кордону масъулиятшинос ва ояндадор зикри ҳамин чанд муваффақият кофист. Умед ҳаст, бо ҳамин сатҳе, ки дар шаҳри Душанбе ободонӣ пеш меравад, имкон пайдо шудаву номашро ба феҳристҳои байналмилалии бунёдкорӣ ва китоби “Рекордҳои Гиннес” ворид мекунанд.

Наҷмидин Шоҳинбод
шаблоны для dle 11.2
рейтинг: 
Шарҳи худро бинависед:
Наклиёти ҷамъиятиро ба рох мемонд, олиҷаноб мешуд!
 Далелҳо ва фактҳои аҷиб.Бори аввал маколаи  бе тавсифи дуруғ мехонам.Бояд дар газетаҳо ҳам чоп шавад.

Бояд байни мардум низ бештар равад.Ягона умеди Душанбеи  вфсонавии солҳи 80 ро баргардондан таманом мо душанбегиҳо аст

Рустам низ бо панду дастури Падар кор мекунад.муҳим гургҳои борондида сиёсат уро вайрон накунанд.
лайт хаус москва ----- Согласен с вами ----- бц capital house ----- Написано то как! ----- аренда нордстар тауэр ----- Ха ха ха как круто ----- бизнес центр w plaza ----- рад за вас ----- белая площадь бц ----- Слишком много людей знают эту инфу ----- продажа офиса ----- Уберите слова поразиты из своего лексикона ----- святогор бц ----- госуслуги личный кабинет ----- Вот тебе ссылочка на новый проект ----- активация windows 10 ----- Далее мы начнем с этого ----- активация windows 7 ----- Счастья и добра вам ----- http://tricolortv-cabinet.ru/
  • Пурбаҳстарин
  • Имрӯз
  • Серхонанда
Мо дар сомонаҳои
  • Вконтакте
  • Facebook
  • Twitter