• 12:29 – Барқияи Трамп: ИМА ҲНИ-ро ташкилоти террористӣ эътироф кард? 
  • 12:19 – Виктор Никитюк: Комёбиҳои Тоҷикистон моро мутаассир мекунад 
  • 11:34 – Давлаталӣ Самизода: “Хоҷа Обигарм” шуҳрат ва маҳбубияти худро барқарор кард 
  • 12:57 – Шӯрои уламо: садақаи фитрро ба имомхатибону саидзодаҳо надиҳед 
  • 13:40 – Бидуни “Диссернет”: олимони тоҷик дар як сол 125 кори илмӣ нашр карданд 
  • 07:30 – Сабаби тарки “Реал” кардани Зидан маълум шуд 
  • 10:37 – Дар сӯги Мӯъмин Қаноат... Сӯгномаи “Ба дида нақши рӯи ту...” нашр шуд 

Сафоратии Ҳиндустон муаррифӣ мекунад



Ба муносибати ҷашни 25-солагии муносибатҳои дипломатии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон ва инчунин таҷлили 70-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Ҳиндустон, Сафорати Ҳиндустон дар ш.Душанбе рӯзи 5-уми декабри соли ҷорӣ семинарро дар мавзӯи “Бедили Деҳлавӣ дар сарзамини тоҷикон” дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор намуд. Дар семинар олимону коршиносони тоҷик ва Бедилшиносон, аз ҷумла Насиба Содиқова, аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муҳаммад Абдураҳмон, Ноиби Президенти Академияи илмҳо, доктор Сатторзода аз Академияи илмҳо, профессор Раҷабов, роҳбари Ҷамъияти дӯстии байни Ҷумҳурии Ҳиндустон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар олимоне, ки ҳаёт ва фаъолияти Бедилро мавриди таҳқиқ қарор додаанд, ширкат варзиданд. Дар ҷараёни чорабинӣ, китоби “Зиндагиномаи Бедил”, ки муаллифаш профессор Бобобек Раҳимӣ мебошад ва аз ҷониби Ҷамъияти дӯстии байни Тоҷикистону Ҳиндустон ва Сафорати Ҷумҳурии Ҳиндустон нашр шуд, муаррифӣ гардид.
         Сафири Ҳиндустон, Ҷаноби Сомнатҳ Гҳош дар маросими ифтитоҳӣ баромад карда аз ҷумла қайд кард, ки Бедили Деҳлавӣ намояндаи беҳтарини сабки Ҳиндӣ дар адабиёти форсӣ ба ҳисоб меравад. Бедил мутафаккири бузург ва рамзи ҳақиқии фарҳанги гуногунранги Ҳиндустон мебошад. Ӯ нисбати ҳамаи динну имонҳо таҳаммулпазириро пеша мекард. Ӯ ба ягонагӣ ва ваҳдати мавҷудият дар ҷараёни фалсафаи Ҳиндустонии Васудҳава Кутумбакам боварӣ дошт, ки аз ақидаи як оила будани тамоми ҷаҳон иборат мебошад. Ғазалҳои тасаввуфӣ ва пурҷӯшу хурӯши Бедил яке аз анъанаҳои беҳтарини Ҳиндустон ва форсизабонон мебошанд. Азбаски шеъру ғазалҳо ва фалсафаи Бедилро пурра тафсир кардан душвор аст, семинари мазкур ба фаҳмиши амиқи осори ӯ моро ҳидоят намуда, дарҳои навро ба сӯи таҳқиқу таҳлили корҳои Бедил кушод.
         Дар қисмати дуюми чорабинӣ, ҳафт нафар коршиносону олимони тоҷик маърӯзаҳои худро дар бораи осори Бедил ва таъсири ӯ ба густариши муносибатҳои фарҳангии байни Ҳиндустону Тоҷикистон, пешкаш намуданд. Чорабинӣ инчунин барномаи фарҳангиро дар бар дошт, ки таҳти он, якчанд сурудҳо бо шеърҳои Бедил аз ҷониби шогирдони Маркази фарҳангии Сафорати Ҳиндустон дар ш.Душанбе иҷро гардиданд.
                                                                          М.Ҳамроевашаблоны для dle 11.2
рейтинг: 
Шарҳи худро бинависед:
  • Пурбаҳстарин
  • Имрӯз
  • Серхонанда
Мо дар сомонаҳои
  • Вконтакте
  • Facebook
  • Twitter