• 12:29 – Барқияи Трамп: ИМА ҲНИ-ро ташкилоти террористӣ эътироф кард? 
  • 12:19 – Виктор Никитюк: Комёбиҳои Тоҷикистон моро мутаассир мекунад 
  • 11:34 – Давлаталӣ Самизода: “Хоҷа Обигарм” шуҳрат ва маҳбубияти худро барқарор кард 
  • 12:57 – Шӯрои уламо: садақаи фитрро ба имомхатибону саидзодаҳо надиҳед 
  • 13:40 – Бидуни “Диссернет”: олимони тоҷик дар як сол 125 кори илмӣ нашр карданд 
  • 07:30 – Сабаби тарки “Реал” кардани Зидан маълум шуд 
  • 10:37 – Дар сӯги Мӯъмин Қаноат... Сӯгномаи “Ба дида нақши рӯи ту...” нашр шуд 

Ваҳдат: Нописандӣ ба қонун


Мегӯянд, “ҳама ҷоро фурӯхтаанд”. Барои ҳар як масъули шаҳрдории Ваҳдат бояд хеле шармовар бошад, ки нисбаташон айнан ҳамин фикрро доранд...
Сарлавҳаи ин матлаб метавонист комилан дигар бошад, агар масъулони ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат, бо шумули раиси шаҳр ва масъулони бахши фарҳангу боғи фароғатии ба номи Исмоили Сомонии шаҳри Ваҳдат, ба қонунгузории Тоҷикистон оид ба соҳаи ВАО ва Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №622 эҳтиром қоил мебуданд.
Ҳанӯз 27 ноябри соли 2017 дар рӯзномаи “ИмрӯзNews” мақолаи таҳти унвони “Ваҳдат: Чаро боғи фароғатӣ нафратовар аст?” нашр шуда буд. Дар он матлаб, ки дар заминаи боздиду мушоҳидаҳои хабарнигори рӯзнома омода ва нашр гардид, гуфта мешуд, ки масъулони шаҳри Ваҳдат, шурӯъ аз Раиси шаҳр то оддитарин кормандони боғи фароғатии ба номи Исмоили Сомонӣ дастуру супоришҳои роҳбарияти Давлату Ҳукумати Тоҷикистонро сарфи назар карда, аз ҷумла, дар масъалаи ободонии боғи фароғатии марказӣ чораандешӣ намекунанд. Ин дар ҳолест, ки ҳанӯз се сол қабл роҳбарияти шаҳр уҳдадор шуда буданд, ки яке аз ободтарин боғҳоро дар ин шаҳр бунёд гузоранд. Ҳоло, ки на ин шудаву на он, бармегардем, ба асли мавзӯъ, ки боиси таҳияи ин силсиламатлаб шудааст.
Мухтасар ин аст, ки дар матлаби “Ваҳдат: Чаро боғи фароғатӣ нафратовар аст?” гуфта мешуд, чаро бо вуҷуди таъкидҳои пайдарпайи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ободонии боғҳои фарҳангу фароғатӣ, масъулони шаҳри Ваҳдат ҳич иқдоме барои ободу зебогардонии боғи марказии шаҳр намегиранд? Ҳамчунин, барои муқоиса аз корҳои созандагиву ободонии Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ мисол оварда мешуд, ки дар муддати камтар аз як соли роҳбарӣ чӣ зебоиҳоеро барои пойтахт овард. Ва ин ҳам таъкид мегардид, ки таҷлили 20-солагии ҷашни Ваҳдат дар шаҳри Ваҳдат як баҳонаи хеле хуб ҷиҳати ободонии ин шаҳр мебуд, агар ҳоло ин ба ном ободкориҳо мисли як таъмири косметикӣ ба назар намехӯрданд.
Гап сари он меравад, ки мешавад гуфт, ҳоло маркази шаҳри Ваҳдат, бахусус атрофи боғи фарҳангӣ фароғатии ба номи Исмоили Сомонӣ ва ё тавре мардуми маҳаллӣ мегӯянд - “бозори боло”, комилан ба як вайрона монанд аст. Ҳич тасаввур карда намешавад, ки бузургтарин ҷашни миллии мардуми тоҷик – 20-солагии сулҳу субот, имзои Созишномаи сулҳ ва ваҳдати миллӣ, маҳз дар ҳамин шаҳр таҷлил шуда бошад.
Поинтар ба ифлосиҳои атрофи ин бозор ишора мекунем, аммо ҳоло масъалаи дигар. Бо дастрасӣ ба маълумоти мавҷуда, дар ҳоли ҳозир дар ҳудуди Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Исмоили Сомонии шаҳри Ваҳдат сохтмони бинои баландошёнаи Маркази савдо идома дорад. Боздиди хабарнигори рӯзнома аз ҷойи ҳодиса маълум кард, ки истифодаи ғайриқонунии замини марбут ба ин боғ бори аввал нест. Зеро то ин замон дар ҳудуди замини боғ аллакай тарабхонаи “Сада” сохта шудаву фаъолият мекунад. Бе ягон гуфтугӯ, ин тарабхона дар даромадгоҳи боғи мазкур сохта шудааст. Маркази савдое ҳам, ки гуфта мешавад, марбут ба Ҷамъияте бо номи “Аваз – 500” аст, дар ҳудуде сохта шуда истодааст, ки қаламрави боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Ваҳдат ба ҳисоб меравад.
Дар бораи ин ки чӣ гуна барои сохтмони ин тарабхона ва маркази савдо иҷозат дода шудааст, гуфтугуҳо зиёданд ва аслан, маълумоти ягонаи тасдиқкунанда мавҷуд нест. Аммо дар миёни мардуми маҳаллӣ ва бахусус онҳое, ки бо умед фарзандони худро ба боғи истироҳатӣ меоранд, ошкоро дар бораи заминфурӯшӣ суҳбатҳо ҳастанд. Рӯирост мегӯянд, ки роҳбарияти шаҳр заминҳои боғро ба соҳибкорон... фурӯхтаанд.
Рӯзномаи “ИмрӯзNews” давоми як ҳафтаи омӯзиш натавонист маълумоти заминфурӯширо аз ягон манбаъи расмӣ тасдиқ кунад, чун дар асл, дар мақомоти шаҳри Ваҳдат касе ҳам омода нест, ки ин маълумотро тасдиқ ё рад кунад. Аммо пурсида мешавад, ки оё касе ҳақ дорад, дар ҳудуди боғи фарҳангу фароғатӣ сохтмон кунад? Оё раиси шаҳри Ваҳдат ҳуқуқ дорад бо Қарори худ (агар ин гуна қарор мавҷуд бошад) замини ин боғро барои сохтмони тарабхона ё маркази савдои ким-кадом як соҳибкор ё соҳибнуфуз ҷудо намояд?
Дар бораи ҷараёни корҳои сохтмонӣ алоҳида мегӯем, аммо ҳоло масъалаи дигар. Ҳанӯз моҳи августи соли 2014 Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар маросими оғози корҳои сохтмонии шаҳраки муосир дар шаҳри Ваҳдат гуфтанд, ин шаҳр пас аз чанд соли дигар ба яке аз зеботарин шаҳрҳои Тоҷикистон табдил меёбад. Ба назарам, он замон Сарвари давлат хеле эътимод доштанд, ки роҳбарияти шаҳр барои иҷроиши ин дастуру супоришҳо камари ҳиммат баставу дарвоқеъ, пайи ободиву озодагӣ мешаванд.
Аммо, биёед, дур намеравем, ҳамагӣ сад метр дуртар аз канори чапи бинои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдатро мушоҳида мекунем. Лаби роҳ ифлосиҳое, ки аз ҷӯйи об ва бинои сохташудаистодаи маркази савдо рӯ мезананд, на танҳо ҳусн шаҳру шаҳрдориро коҳонидаанд, балки мухолиф ба тамоми меъёрҳои санитариву эпидемиологӣ ҳастанд. Ин ҷо як тараф сохтмон идома дорад, рӯи роҳ, болои лойоба савдои сарироҳӣ дар авҷ аст... Ягон чораи бехатарӣ ё ҳифзи саломатӣ андешида нашудааст. Мардум ҳамин тавр, аз сари роҳ харидаву мехӯранд. Ин ҷо ба навъе манбаъи даромади буҷети шаҳр ҳам будааст, чун пулчинакҳои махсусеро дидем, ки гоҳе ҳаққи патент, гоҳе “ҳаққи бозор”-гӯён аз савдогарон пул мегирифтанд.
Сохтмони бинои нави маркази савдо дар ҳудуди боғи фароғатии шаҳри Ваҳдат ба номи Исмоили Сомонӣ дар ҳоле идома дорад, ки ин ҷо ҳеч навъи қоидаи бехатарӣ зимни корҳои сохтмонӣ риоя намешавад. Ягона коре, ки сохтмончиён кардаанд, насби девораи тунукагини каме баландтар аз қади одамон дар атрофи сохтмон аст. Ва аллакай сохтмон аз сатҳи ин девора баланд шудаву ҳар лаҳза имкон дорад, ки хиште ба берун - болои сари роҳгузарон афтад. Роҳҳои даромаду баромади боғ аз ду тарафи ин сохтмон ба ҳамон сатҳе хатарноканд, ки касе кафолати эмин монданро надорад.
Аз тарафи дигар, замоне ки мошини бетонбарор ё ба қавле “помпа”, ба кашидани бетони сохтмон шурӯъ мекунад, ягон чораҳои бехатарӣ истифода намешавад. Масалан, замоне ки хабарнигори рӯзнома он ҷо ҳузур дошту ин гуна мошин ба бетонбарорӣ машғул буд, мардум ба таври маъмулӣ гоҳе аз паҳлӯи мошин, гоҳе аз зери пояҳои он мегузаштанд. Чун ин ҷо барои исти мошини бетонбарор ё ҳамон “помпа” ҷойи мувофиқ мавҷуд нест, пояҳои мошин ба роҳҳои одамгузар, ҷойи нишасти савдогарон насб карда мешавад. Ҳеч кас кафолати дар амн будани савдогарону роҳгузаронро намедиҳад.
Яъне, ба назар чунин мерасад, ки ин ҷо як сохтмони комилан худсарона аст, сарфи назар аз он ки сохтмончиён кадом як ҳуҷҷати тасдиқкунандаеро доранд ё не.
Аз сӯйи дигар, ҳамон тавре болотар зикр шуд, сохтмони тарабхона ва маркази савдои ҳанӯз номаш номаълум боиси нороҳатии ҷиддии шаҳрвандон шудааст. Дар суҳбате, ки бо бархе сокинони шаҳр доштем, рӯирост ба ин масъала ишора мекунанд, ки “ҳама ҷоро фурӯхтаанд” ва барои истироҳату фароғати шаҳрвандон ҷойи мувофиқе боқӣ намондааст.
Фикр мекунам, барои ҳар як масъули шаҳрдории Ваҳдат бояд хеле шармовар бошад, ки нисбаташон айнан ҳамин фикрро доранд.
Аммо суоли хеле муҳим ин аст, ки пушти ин ҳама бесарусавдоӣ кӣ меистад? Кӣ ба он иҷозат медиҳад? Ва оё дарвоқеъ, роҳбарияти шаҳри Ваҳдат хеле серкоранд, ки ҳамагӣ 100 метр дуртар аз худро намебинанд?
Посух нагуфтани масъулини шаҳрдории Ваҳдат ба ин ва дигар суолҳо шубҳаҳои зиёдро ба вуҷуд меоранд.
Дарвоқеъ, ин матлаб дар ҳоле омода мешавад, ки аз нашри мақолаи “Ваҳдат: Чаро боғи фароғатӣ нафратовар аст? Чаро роҳбарияти шаҳри Ваҳдат аз Президент пайравӣ намекунанд?” тақрибан даҳ рӯз сипарӣ мешавад. То ин муддат ба ҷуз тамоси нафаре ба идораи рӯзнома, ки худро кадом як масъули ин шаҳр муаррифӣ кард ва “фикрашро гуфт”, ҳеч вокунише аз роҳбарияти ин шаҳр дастрас нест. Ин ба маънои нописандии ошкор ба қонунгузории Тоҷикистон дар соҳаи ВАО ва Фармони №622-и Президент аст, ки мансабдоронро вазифадор кардааст, ба маводи таҳлиливу танқидии ВАО саривақт вокуниш нишон диҳанд.
P.S. Айни замон идораи рӯзнома ҷиҳати дарёфти шарҳ ва мавқеъи расмии мақомоти шаҳри Ваҳдат расман ба роҳбарияти шаҳр муроҷиат кардааст. Бо дастрас шудани посухҳои онҳо ба ин мавзӯъ бармегардем.
шаблоны для dle 11.2
рейтинг: 
Шарҳи худро бинависед:
  • Пурбаҳстарин
  • Имрӯз
  • Серхонанда
Мо дар сомонаҳои
  • Вконтакте
  • Facebook
  • Twitter