• 12:29 – Барқияи Трамп: ИМА ҲНИ-ро ташкилоти террористӣ эътироф кард? 
  • 12:19 – Виктор Никитюк: Комёбиҳои Тоҷикистон моро мутаассир мекунад 
  • 11:34 – Давлаталӣ Самизода: “Хоҷа Обигарм” шуҳрат ва маҳбубияти худро барқарор кард 
  • 12:57 – Шӯрои уламо: садақаи фитрро ба имомхатибону саидзодаҳо надиҳед 
  • 13:40 – Бидуни “Диссернет”: олимони тоҷик дар як сол 125 кори илмӣ нашр карданд 
  • 07:30 – Сабаби тарки “Реал” кардани Зидан маълум шуд 
  • 10:37 – Дар сӯги Мӯъмин Қаноат... Сӯгномаи “Ба дида нақши рӯи ту...” нашр шуд 

Мулоқоти Йоким Мартелл, бо вакилони Парлумони Тоҷикистон


    Имрӯз раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амнияти Маҷлиси намояндагон Ҷӯрахон Маҷидзода бо Йоким Мартелл, мутахассиси байналмилалии Дафтари барномаҳои Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон мулоқот намуд..
Дар мулоқот масъалаҳои тақвияти ҳамкории байни Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ва САҲА дар Тоҷикистон матраҳ гардиданд. Ҷӯрахон Маҷидзода зикр кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешбурди сиёсати хориҷии сулҳҷӯёна ҳадафи ба даст овардани муносибатҳои дӯстонаи сулҳовари байналмилалӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, пастшавии мутақобилаи низомӣ, пешгирии ҳамлаи ногаҳонӣ ё низои ғайримуҷозотиро ба танзим медарорад ва назорати давлатии фаъолияти сулҳоварона аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомали Раҳмон амалӣ карда мешавад.
    Таъкид шуд, ки дар қисми 1 моддаи 11 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Тоҷикистон сиёсати сулҳҷӯёнаро дар амал татбиқ намуда, соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти дигар давлатҳои ҷаҳонро эҳтиром менамояд ва муносибатҳои хориҷиро дар асоси меъёрҳои байналмилалӣ муайян мекунад». Муқаррароти моддаи Конститутсия эҳтироми соҳибихтиёрӣ ва соҳибистиқлолии Тоҷикистонро бо дигар давлатҳои дӯсту бародар, тасдиқи саъю кӯшишҳои Тоҷикистонро дар амалисозии сиёсати хориҷии худ бар асоси принсипҳои баробарии соҳибистиқлолии давлатҳо дар назар дорад. Принсипи баробарии соҳибистиқлолии давлатҳо ва барпо намудани робитаҳои сулҳҷӯёна дар қисми 1 моддаи 2 Оинномаи СММ, Эъломияи принсипҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, Санади ниҳоии машварат оид ба бехатарӣ ва ҳамкорӣ дар Аврупо ба тасвиб расидааст.
Зикр гардид, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол дар пешбурди сиёсати хориҷии худ маҳз принсипҳои асосии ҳуқуқии байналхалқиро асоси фаъолияти хеш медонад, яъне Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дахолат кардан ба корҳои дохилии дигар давлатҳо, истифода бурдани қувва ва таҳдиди истифодаи қувва дар мавриди ҳалли масоили байналхалқӣ дар муносибатҳои берунаи хеш худдорӣ менамояд, ҳамкории байналхалқии худро дар асоси эътирофи соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти давлатҳо дар шаклҳои дутарафа ва бисёртарафа ба роҳ мемонад.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон сиёсати сулҳоваронаи худро ба назар гирифта, 6 октябри соли 2007 Созишнома дар бораи фаъолияти сулҳоварии САҲА-ро ба имзо расонид.
    Дар мулоқот зикр гардид, ки Тоҷикистон ба рушду густариши бештари муносибатҳо бо САҲА, аз ҷумла, таҳкиму тавсеаи робитаҳои байнипарлумонӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд.
шаблоны для dle 11.2
рейтинг: 
Шарҳи худро бинависед:
  • Пурбаҳстарин
  • Имрӯз
  • Серхонанда
Мо дар сомонаҳои
  • Вконтакте
  • Facebook
  • Twitter