• 12:29 – Барқияи Трамп: ИМА ҲНИ-ро ташкилоти террористӣ эътироф кард? 
  • 12:19 – Виктор Никитюк: Комёбиҳои Тоҷикистон моро мутаассир мекунад 
  • 11:34 – Давлаталӣ Самизода: “Хоҷа Обигарм” шуҳрат ва маҳбубияти худро барқарор кард 
  • 12:57 – Шӯрои уламо: садақаи фитрро ба имомхатибону саидзодаҳо надиҳед 
  • 13:40 – Бидуни “Диссернет”: олимони тоҷик дар як сол 125 кори илмӣ нашр карданд 
  • 07:30 – Сабаби тарки “Реал” кардани Зидан маълум шуд 
  • 10:37 – Дар сӯги Мӯъмин Қаноат... Сӯгномаи “Ба дида нақши рӯи ту...” нашр шуд 

23 ноябри соли 2017 Сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон Нурлан Сейтимов бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов мулоқот намуд.


23 ноябри соли 2017 Сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон Нурлан Сейтимов бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов мулоқот намуд.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Қазоқистон, инчунин ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Сафир ҳамсуҳбати худро бо афзалиятҳои раёсати ояндаи Қазоқистон дар Шӯрои Амнияти СММ дар моҳи январи соли 2018 ошно намуда, даъватномаи Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон К.Абдраҳмоновро барои иштирок дар Мубоҳисаи сатҳи вазирони Осиёи Марказӣ ва Афғонистон супорид, ки он дар ин давра дар шаҳри Ню-Йорк баргузор мегардад. Ӯ ҳамчунин қайд кард, ки дар доираи Паёми Сарвари давлат "Навсозии сеюми Қазоқистон", айни замон аз ҷониби Ҳукумати Қазоқистон оид ба таъсиси модели нави рушди иқтисодӣ маҷмӯи тадбирҳо андешида шудаанд, ки рақобатпазирии ҷаҳонии кишварро таъмин хоҳанд кард.
Дар анҷоми суҳбат дипломати қазоқистонӣ ба Сироҷиддин Аслов барои мулоқот сипосгузорӣ карда, барои ҳамкории самарабахш дар таҳкими муносибатҳои Қазоқистону Тоҷикистон дар руҳияи шарикии стратегӣ изҳори омодагӣ намуд.шаблоны для dle 11.2
рейтинг: 
Шарҳи худро бинависед:
  • Пурбаҳстарин
  • Имрӯз
  • Серхонанда
Мо дар сомонаҳои
  • Вконтакте
  • Facebook
  • Twitter